10 насиҳати муҳим барои занҳо (хаки шавхар)

0

10 – насиҳате, ки Умми Аёс ба духтари худ гуфт:

Духтарам:

  1. Дар зиндагӣ қаноъатро пеша кун. Дар хонаи шавҳар ҳавасҳои беҷо макун, агар чанде дар бадани дугонаҳои худ, ҳамсояҳои худ аз зебогиҳо мебинӣ, дар хонаҳояшон аз зебогиҳо мебинӣ, вале ба он чизе, ки ту дар хона дорӣ, ба ӯ қаноъат кун. Шояд ҳавасҳои беҷои ту, талабҳои бе маҳали ту, мушкилоте барои шавҳари ту эҷод кунад ва он зиндагии ширини ту ба талхӣ кашида шавад.
  2. Бо шавҳар якдил ва якзабон бош. Гоҳо ҳолатҳое мешавад, ки ту дар ҳамон хона гуноҳе надорӣ, вале туро гунаҳгор мекунанд. Дар ҳолате, ки туро гунаҳгор карданд, кӯшиш накун, ки шавҳарро гунаҳгор кунӣ. Балки таҳаммул кун, хотимааш барои ту ба хайр меояд.
  3. Чашм барои дидан аст. Кӯшиш кун, ки бо ин чашм фақат шавҳари ту хубиҳо бинад, покизагиҳо бинад ва манзараҳои нек бинад. Зеро чашм аз дидани манзараҳои хуб роҳат мекунад ва аз дидани манзараҳои бад, чашм нороҳат мешавад.духтари точик, зани точик, духтари зебои точикистон, таджикская девушка
  4. Бинӣ барои бӯидан аст. Вақте, ки дар бинӣ, буи атр ё ягон навъи хушбӯие, ки ба машом мерасад роҳат мекунад. Вақте бӯи бад ба машом мерасад, бини нафрат пайдо мекунад. Мурод аз ин сухан ин буд: Доим хонаро покиза нигаҳ дор, хонаро хушбӯй кун ва ҳамеша дар тозагии хона ва тозагии худат, бисёр бо аҳмият бош. Зеро шавҳар вақте, тозагии занро мебинад, бӯи хуши дохили хонаро мебинад, табиати ӯ дигаргун мешавад. Хоҳишоти мард, ба худи зан, дар хона ва дар зиндагӣ боз бештар мешавад.
  5. Вақти ғизои шавҳар. Вақти ғизои шавҳарро хатман риоя кун. Кӯшиш кун, ки вақти ғизои ӯро таъхир макунӣ. Зеро агар дар вақташ таъомро омода накунӣ, шавҳар аз ту ғазабнок мешавад, ҳамон сулҳу сафое, ки қаблан доштед, аз хонаи шумо хориҷ мешавад.
  6. Вақти хоби шавҳар. Вақти хоби шавҳарро низ риоя кун. Вақте, ки соати хоби шавҳар омад, барои ӯ ҷойгаҳи хобашро омода кун. Инҳо бисёр масъалаҳои нозукест дар ҳаёти ту.
  7. Кадбону бош. Кадбонугӣ ҳам дар зиндагӣ хеле нақш мебозад. Дар ҳар як маҳсулоте, ки шавҳар мехарад, ба харҷи беҳуда роҳ мадеҳ. Зеро пайдо кардани маҳсулот, ин ба осонӣ ба даст намеояд.
  8. Ҳаққи дигар нонхурҳои шавҳарро фаромӯш макун. (Падар, модар, бародар, хоҳар, хешу табори ӯ) . Онҳо ҳам нонхурҳои хонаи шавҳари ту ҳастанд.
  9. Ҳар чӣ сире, ки дар хонаи шавҳар бошад, фош макун.
  10. Агар шавҳарро дар ҳолати ғамнок дидӣ, хурсанд машав. Агар дар ҳолати шодӣ дидӣ, шод бош!

Вақте ин духтар ин насиҳатро аз модар гӯш кард, сарашро бардошту ба сӯи модараш нигоҳ кард, ки чашмони духтараш пур аз ашк буду гуфт: Модарҷон, ҳарчӣ гуфтед, қабул мекунам! Ман ин насиҳатҳои қиммат ва зебои шуморо дар ҳаёти худ амалӣ мегардонам. Баъдан, ин духтар соҳиби ҳафт писар шуд, ва ҳафт писари ӯ, дар ҳар як ноҳияҳои шаҳр, салтанат ва ҳукумат доштанд. Аз Худои меҳрубон, ки авфкунанда аст, хоҳони он ҳастем, ки Худованд болои ин хоҳарҳои мо, модарони мо шароитеро барпо кунад, ки ҳамагӣ, руҷӯъ ба Қуръон ва ҳадисҳои Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) дошта бошанд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

10 сухани илҳомбахш аз китоби “Ғамгин машав”-и Оизи Қарнӣ


Насихат барои занхо, панду андарз барои зан, барои духтар, 10 насихат пеш аз шавхар кардан, шавхар, зану шавхар, хочи мирзо шавхар, барой шавхар, барои шавхар, дар бораи шавхар, дар бораи зану шавхар, хочи мирзо зану шавхар, скачать хочи мирзо шавхар, хурмати шавхар, хаки шавхар, хочи дар бораи шавхар, эхтироми шавхар, алокаи зану шавхар, хочи мирзо дар бораи зану шавхар, зан ва шавхар.

Мақолаи қаблӣСураи Мутаффифин Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣВахдати милли – шукуфоии ватан

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед