10 равиш ва нуктаи муҳим барои падарон

0

  1. Ба ҳамсаронатон ишқ варзед

Писаронатон бо ҳамсарони ояндаи худ ҳамон гуна рафтор мекунанд, ки шумо бо ҳамсарони худ рафтор мекунед. Пас иҷозат диҳед фарзандонатон бубинанд, ки шумо ба модарашон ишқу муҳаббат доред. Вақте ки шумо ва ҳамсаратон ихтилоф доред, ба фарзандонатон нишон диҳед, ки чигуна ду одам метавонанд онро ба шеваи дуруст ҳаллу фасл кунанд. Муҳимтарин бахши зиндагӣ, ки шумо барои фарзандонатон тадорук мебинед, издивоҷ ва хонавода аст ва беҳтарин омомдасозии фарзандон ин аст, ки кӯдак бо падаре зиндагӣ кунад, ки модарашро бисёр дӯст медорад.

  1. Марди комил бошед

Агар шумо ба кӯдаки худ муҳаббат кунед, вале дар тӯли ҳафта бо ҳамсаратон доду бедод намоед, ҳар он чи дар бораи меҳрубонӣ ва алоқамандӣ бигӯед, дар назари фарзандонатон ба ҳисоб намеоед. Оё шумо ба ваъдаҳоятон пойбанд ҳастед? Вақте ки барои фарзандонатон ба коре ваъда додед, оё вафодор ҳастед?!

Давоми матнро баъди реклама хонед
  1. Чӣ замонеро барои кӯдаконатон сарф мекунед?

Тақвимҳо дурӯғ намегӯянд. Муҳим нест мо чи мегӯем, кӯдакон медонанд, ки мо вақти худро барои корҳо ва бо дигарон сарф мекунем, ки бароямон бисёр муҳим ҳастанд. Ба гунае зиндагии рӯзмарраи худро ҷадвалбандӣ кунед, ки замонеро бо фарзандонатон гузаронед. Муҳим нест, ки барномаи кориятон чигуна аст, ин вазифаи падар аст, то замонашро тавре танзим намояд, ки бо фарзандонаш низ бошад. Бубинед фарзандонатон ба чи чизҳое алоқа доранд. Ин алоқамандии онон, барои ҳар кӯдаке фарқ дорад, писарон ба чи алоқа доранд ва духтарон !

  1. Ба фарзандонатон ёд диҳед барои худ арзиш қоил шаванд

Агар фарзандон арзиши худро дар зиндагӣ аз чашми падар бубинанд, дар тамоми зиндагиашон таъсири чашмгире дорад. Модарам дар зиндагиам таъсироти хуб дошт, вале вақте падарам мегуфт, ки писарам! Ин коре, ки кардӣ, бисёр кори хуб буд, барои ман маънои бисёр зиёде дошт. Вақте, ки як падар фарзандашро дар муносибатҳои хуб ташвиқ мекунад, таъсироти мондагор дар зиндагии ӯ мегузорад ва барои рушди кӯдак ва расидани фарзанд ба марҳалаҳои болотар муассир аст.

Аммо акси он ҳам бояд диққат шавад. Яъне, ҳаргиз фарзандонатонро бо калимаҳо ва лақабҳои пасту номуносиб фарёд назанед ва калимаҳои нописандро дар бораашон ба кор набаред, зеро ин калимот монанди тирҳое ҳастанд, ки захми амиқашон ҳамвора дар тӯли зиндагӣ бар ҷой мемонад.

  1. Монанди як хонавода гуфтугӯ кунед

Як хонаводаи мӯҳтарам ба фарзандонаш эҳсоси амният медиҳад. Агар корманд ва касе бошед, ки бештар дар берун ҳастед, ҳадди ақал дар хӯрдани як ваъда хӯроки худ бо хонавода бошед ва дар ҳамон ҳол дар бораи ҳодисаҳои он рӯз бо ҳам сӯҳбат кунед ва маълумот ва таҷрубаи онҳоро дар зиндагӣ боло баред. Миқдоре аз шабро ба унвони як хонавода гузаронед, на ин ки ба тамошои телевизион бинишинед. Бовар кунед, ки ин кор аслан ҳазина надорад ва аз кисаи шумо чизе кам намешавад, балки дар зиндагии ояндаи хонаводагиатон судҳои фаровон ба даст меоред. Фарзандонатонро насиҳат кунед ва бидонед, ки ниёзҳои қалбии онон чист.

Аз сомонаи Хонаводаи намуна

Мақолаи қаблӣФарзандони Паёмбар Ҳазрати Муҳаммад (ﷺ)
Мақолаи баъдӣОдоби муоширати зан бо мард – занҳо бояд хонед!