10 сухани илҳомбахш аз китоби “Ғамгин машав”-и Оизи Қарнӣ

0

Агар дар зиндагӣ ҳамеша дилхастаед, тавсия медиҳем, ки китоби “Ғамгин машав”-и Оизи Қарниро мутолиа намоед. Барои Шумо гулчинеро аз ин китоб омода сохтем ва умедворем, ки он хастагиатонро рафъ хоҳад кард.


Ғамгин машав! Оё намебинӣ, ки абри сиёҳ чӣ гуна зебо кушода мешавад. Ва шаби торики сиёҳ чӣ хел рӯзи равшан мегардад ва шамоли сахту муҳлик ором мешавад. Пас агар оқибати кор чунин аст, машаққатҳо ба роҳат, зиндагиат ба хурсандӣ ва ояндаат ба шодиву масаррат табдил меёбанд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Ғамгин машав, ки кулли бемориҳо шифо меёбад, мусибатҳо бартараф, ҷамъи гуноҳҳо бахшида мешавад, қарзҳои қарздорон адо мегардад, маҳбусон аз банду завлонаи зиндон раҳо меёбанд, ғоибон ҳозир мешаванд, гуноҳкорон тавба мекунанд, бенавоёну қашшоқон низ рӯз ба рӯз ба мартабаи бойигарӣ мерасанд.


Ғамгин машав, ки гармии тамузи тансӯзи офтобро соя дур мекунад, ташнагиро об мешиканад, гуруснагиро нони мулоим дафъ месозад ва алами беморро лаззати шифо марҳам мешавад. Фақат барои ту сабр зарур аст, андак интизор шав.


Ғамгин мабош: ту ки дар хубиҳо ҳастӣ, чун мусибате ба сарат омад, сабр мекунӣ. Чун неъмате дарёфтӣ, шукри Худойро мекунӣ. Ту дар ҳама ҳолат хуб астӣ, дар бемориву сиҳатӣ, камбағаливу фарохдастӣ, дар мушкиливу осонӣ.


Ғамгин машав: Зеро ғам инсонро аз барои ибодат заиф мекунад ва аз кӯшишу ғайрат боз медорад, туро ба гумони бад ва бад дидани дигарон даъват мекунад.


Ғамгин машав: Зеро ғам асоси бемориҳои нафсист ва қароргоҳи дардҳои асабист ва моддаест, ки васвос ва изтиробро зиёд мекунад.


Ғамгин машав, зеро ғам ба ёдат рӯзҳои гузаштаи пураламро меорад ва аз оянда туро метарсонад ва ҳамон рӯзатро барҳадар медиҳад.


Ғамгин машав! Зеро ғам дилро танг, рӯйро пажмурда ва рӯҳро маҷрӯҳ месозад.


Ғамгин машав! Зеро ғами ту душманатро шод мегардонад ва дӯстатро ғамгин месозад. Билҳақ, ки амалҳоятро ба сӯйи нокомӣ тағйир медиҳад.


Ғамгин машав! Зеро ғам гумшудае ё рафтаеро бознамегардонад, мурдаеро зинда намесозад ва тақдиротро дигаргун намекунад ва ҳеҷ фоидае аз ғам ба даст намеояд.

ҒАМГИН МАШАВ!

Мақолаи қаблӣЧаро себи логотипи Apple “газида” шудааст?
Мақолаи баъдӣРӯзи мардон дар куҷо кай таҷлил мешавад?

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед