4 соҳили зеботарини сайёра

0

1. Pink Sands – яке аз соҳилҳои зеботарину маъруфтарин натанҳо дар Багами Исландия инчунин бо зебогиии худ дар тамоми ҷаҳон машҳуру номдор гардидааст. Ин соҳил табиати бисёр ҳам мувофиқ барои истироҳат дорад ва ҳама фасл аз тамоми минтақаҳои сайёра ҳазорон сайёҳон ба ин ҷо ташриф меоранд. Аҷибии ин соҳил дар он аст, ки хокаш гулобӣ обаш кабуду осмони софу беғубор дорад, ва бо ин ҳамчун зеботарин соҳили ҷаҳон муаррифӣ шудааст.


2. Сейшал– яке аз соҳили зеботарин мебошад, ки дар қисмати Африқои Ҷанубӣ ҷойгир аст. Ин макон аз ҷиҳати зебоӣ ҳамчун дуюмин соҳили  зеботарини сайёра номдор шудааст.  Табиати ин ҷо барои истироҳати ҳамагон мувофиқ аст ва бисёр ҳам маконҳои аксбардории мувофиқ дорад ва  аксарияти сайёҳон барои аксбардорӣ кардани мавзеъҳои ҷолиби ин соҳил ба он ҷо мераванд.


3. Малдиви — Cocoa Island- низ дар қатори дигар соҳилҳо ҳамчун сеюмин соҳили зеботарин дар ҷаҳон шинохта мешавад. Масоҳати ин ҷо гарчанде хурд ҳам бошад, вале бисёр ҳамаҷоибу тамошобоб мебошад ва аҷибиаш дар ин аст, ки тамоми атрофи  соҳилро баҳр иҳота кардааст. Ба ин ҷо низ аз тамоми кишварҳои ҷаҳон сайёҳон барои тамошо мераванд ва ҳамагон орзӯи боре аз ин ҷо дидан намуданро дар дил мепарваранд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

4. Маврикий — Paradis- яке аз минтақаҳои зеботарини Уқёнуси Ҳинд ва сайёра ба шумор рафта, дар қисмати Ҷанубии Маврикия ҷойгир аст. Дар тамоми фасл оби ин ҷо ором ва барои истироҳату оббозӣ мувофиқ мебошад. Ба ин ҷо бисёртар дар фасли гармо мардум барои оббозӣ ташриф меоранд ва ин минтақа низ бо ин аҷибиҳои худ диққати тамоми сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст ва ҳамагон орзу мекунанд, ки ҳади ақал як маротиба аз мавзеъҳои ин макони тамошобоб дидан намоянд.


Сохилхои зеботарин.

Мақолаи қаблӣТабрикот барои рузи Конститутсияи Чумхурии Точикистон
Мақолаи баъдӣКонститутсия – гуфтаниҳои ногуфта (далелҳои ҷолиб)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед