5 футболбози сердаромади сайёра

0

1.Криштиану Роналду
Криштиану Роналду ҳамлагари дастаи Ювентуси Италия бо доштани 280 млн  доллар бойтарин футболбози сайёра дониста шудааст. Роналду дар таърихи футбол аз худ бисёр хотиротеро боқӣ мондааст. Пеш аз ин ӯ дар дастаҳои Насйонал, Спортинги Португалия, Манчестер Юнайтед ва Реал Мадрид бозӣ кардааст. Айни ҳол даромади солонааш аз дастаи Ювентус 82 млн евроро ташкил медиҳад.



2. Лионел Месси.
Мавқеи дуюм дар ин руйхат насиби бозингари дастаи овозадори Барселонаи Испания Лионел  Месси гардидааст.  Ин бозингари аргентинӣ дар ҳисоби худ 218 млн долларро дорост.  Даромади солонаи бозингар аз дастаи Барселона 77 млн. евроро ташкил медиҳад. Мессиро дар таърихи футбол ва умуман дар сайёра касе нест, ки нашиносад. Дар дастаи Барселона ӯ яке аз бозингарони калидии даста ба шумор меравад.

Давоми матнро баъди реклама хонед

 



3. Неймар
Ин бозингари бразилитабори дастаи ПСЖ-и Фаронса 3-юмин футболбози дорои даромади зиёд ба ҳисоб меравад. Боигарии ӯ 148 млн. долларро ташкил медиҳад.  Дар баробари ин  дар руйхати хариду фурӯши футболбозон Неймар дар мавқеи якуми ҷадвал қарор дорад. Ӯ бо маблағи 222 млн. евро аз дастаи Барселона ба дастаи Пари Сен Жермени Фаронса гузариш намуда буд.  Айни ҳол қимматтарин футболбоз дар ҷаҳон ва сеюмин бозингари пулдори сайёра ба шумор меравад.



4.Златан Ибрагимович
Дар ин зина ҳамлавари дастаи Лос-Анджелес Гэлаксии Амрико Златан Ибрагимович қарор дорад. Ибрагимович дар дастаҳои номдори ҷаҳон ҳунарнамоӣ  кардааст. Аз ҷумла дар дастаҳои Аякс, Ювентус, Барселона, Милан, Пари Сен Жермен, Манчестер Юнайтед ва дигарҳо аз ҷумлаи бозингари асосии даста ба ҳисоб мерафт.  Боигарии ӯ 114 млн. доларро ташкил медиҳад. 



5.Уейн Руни
Дар мавқеи охирини рӯйхати мо ҳамлавари тими Англия Уейн Руни қарор дорад. Руни айни ҳол бозингари дастаи Эвертони Англия ба ҳисоб меравад. Пеш ӯ дар дастаи Манчестер Юнайтед бозӣ мекард ва аз ҷумлаи бозингари беҳтарини даста ба ҳисоб мерафт. Руни дар ҳисоби хуб 112 млн. долларро дорост ва аз ин ҷиҳат ҳамчун 5-умин бозингари пулдортарини ҷаҳон шинохта мешавад.

Мақолаи қаблӣ174 калима дар 4 мисраъ
Мақолаи баъдӣФактҳои аҷиб аз ҳаёти Путин

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед