Шеър ва Табрикнома барои 8 март – иди Модарон

0

Дар ин мақола шеър ва табрикнома барои 8 март – иди Модарон, занон, иди бонувон оварда мешавад. Шеърхо барои 8 марта, табрикот барои модар дар ин саҳифа >>


Муҳтарам занону гулдухтарони азизу дилороӣ мо!

Ба Шумо Иди байналхалқии занон ки ҳамасола санаи 8-уми март ҷашн гирифта мешавад, муборак гуфта бароятон саодатмандӣ, саломатии бардавом, умри дарози пурбаракатро аз парвардигори олам хоҳонем.

Давоми матнро баъди реклама хонед

8 март картинка иди модар

Бигузор то идҳои дигар хушҳолу хушбахт бошед ва бо ҷигарбандони худ дар ободии оилаву ватани худ фаъол бимонед.


Модар! Шахсест меҳрубон, мӯътабар, ғамхор ва ғамгусор. Танҳо модар аст, ки барои фарзанд ва осоиштагии оила ба ҳама гуна дард, ғам, озор, дуруштӣ ва сахтиҳои рӯзгор таҳаммул мекунад ва дар иваз чизе умедвор намешавад.

Меҳри модар бузургтар аз бузургтаринҳои рӯйи олам аст.

Модарҷони азизамро ва дар шахсияти модарам, тамоми модарони рӯйи дунё, хоҳарони арҷмандро бо Иди байналмилалии зан ва духтарон табрик мекунам.

Бигзор доим хушбахту хушрӯзгору хушгуфтору хушдилу хушком бошед.

Иди саидат, МОДАР, оғози навбаҳорон,
Оғози хандаи гул бо гиряҳои борон.
Табрику орзуям дар ҷашни ту ҳамин аст:
Поянда боши чун кӯҳ, ҷорӣ чу обшорон!


Шеърҳо дар васфи модар

Бувад зебо ҳати ман ба модар
Баробар кист? дар дунё ба модар!
Азизон, қадри модарро бидонед,
Набошад ҳеҷ кас ҳамто ба модар.

Аё модар, туро ман ёд кардам,
Ба ёд нолаву фарёд кардам.
Ба дида сурататрову бароят
Ду байте аз дилам эҷод кардам.

Аё модар, туӣ пайғамбари ман,
Ту ҳастӣ офтобе бар сари манн.
Надонам, баъди рафтан аз ҷаҳонат
Ки бошад такягоҳу ёвариман?

Туӣ, модар, беҳ аз дунё бароям,
Ту ҳастӣ беҳтарину бебаҳоям.
Худоям қудрате гар ҳадя созат,
Бароят достоне месароям.


Муҳтарам, Модарон, апаҳо, хоҳарон ва ҷумла бонувони мардуми Тоҷикистон!

Шуморо аз самими қалб бо ин рӯзи шараф ки иди модарон дар ҷаҳон машҳур аст табрик гуфта ба шумо пеш аз ҳама тани сиҳат, хонаи обод, баракати кор, сарвати беандоза ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.


Шеър дар васфи иди занон – духтарон аз Гулрухсор

Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак,
Рақси фари парасту дар осмон муборак.

Рав, дарду ғам, ки шодем хони фараҳ гушодем,
Паймони фараҳзо бар ғамкашон муборак.

Дунё пур аз фасона, дилҳо пур аз тарона,
Фасли фасонаи ишқ эй модарон муборак,

Дар ҷодаи халосӣ, аз бодаи халосӣ,
Риндона нӯш кардем, ҷоно ҷаҳон муборак,

Як дастро садо нест, як тор хушнаво нест,
Пайванди худшикаста, то ҷовидон муборак,

Мо як танему ҷон, мо як танему як руҳ,
Эй ҷисми хастаармон, як рӯҳи ҷон муборак.


Шеър дар васфи зани точик

Хубу дилрабо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик,
Чашмаи сафо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.
Аз таҷаллии рӯят нур дар дилам ҷорист,
Шамси Пурзиё ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.
Хуштаронаву хушгил, ҳар куҷо ба ҳар маҳфил,
Ту тарабфизо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.
Гоҳ маҳзани розӣ, дар карашма устозӣ,
Гоҳ пурҳаё ҳастӣ эй зан, эй зани Тоҷик.
Дар садоқату дар меҳр устувору пойдорӣ,
Сар ба по вафо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.

Неъмати Оташ.


Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст!
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст!

Бонувон ва модарони азизу муътабар! Шуморо бо иди РӮЗИ МОДАР таҳният гуфта, бароятон аз Яздони пок дарозумрӣ, тансиҳатӣ ва саодати рӯзгорро хоҳонам!

Ва дар тимсоли Шумои азиз кулли бонувон ва модарони азизро бо ин рӯзи фараҳбахш муборакбод мегӯем. Идатон хуҷаста бод, фариштагони сайёраи замин!

Эй зан, эй олиҳаи ҳусну малоҳат, эй азиз!
Дар нигоҳат хандаҳои модарам гул мекунад.

 Инчунин хонед:


бехтарин табрикот ба иди 8 март, 8 март рузи модарон табрикот, модар шеърхо, шери модар, шеър дар бораи модар, иди модарон, 8 март иди модар, иди занон, 8 март рузи иди модарон.

Мақолаи қаблӣ8 март рузи Модарон – табрикот
Мақолаи баъдӣШеър дар бораи МОДАР