8 март рузи Модарон – табрикот

1

Рузи 8 март рузи Модарон, Занон, Бонувон, каме матн дар инҷо аз сомонаи www.DONISH.su >>

Идатон муборак Модар!

Модар чӣ тавр каломи зебо! Вақте модар мегӯем рӯҳамонро эҳсосоти наҷибе фаро мегирад. Модар мисли замин якто, мисли офтоб дурахшон ва мисли моҳтоб зебо мебоши. Ту офтобе ҳасти, ки ба ҷаҳон гарми мебахши ба ҳама хонадон нуру сафо медиҳи.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Модар бузургтарин ганҷинаи рӯи замин, гавҳари ноёб, маро ба дунё ба ҷаҳони ҳасти оварди, шабҳо нахуфти то ман роҳат бихобам, нахуфтию маро калон карди. Агар садҳо сол хизмати туро ба ҷо оварам ҳам, ба якшаба ранҷе барои ман кашидию нахуфти баробар шуда наметавонад, чунон,ки шоир гуфтааст:

Якшаба он ранҷ,ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонат натавон баркашид.

Модар ба мисли гул ҳастӣ, ки аз бӯи хушат ҷаҳон муаттар аст. Чун мо бузург мегардем, ба мисли парандаҳо ба ҳар сӯ парвоз менамоем, чи қадар бори гарон аст. Вале ҳамеша дар фикру дар ёди мо ҳасти , туро ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард.

Зан, Модар! Эй муъҷизаи беҳамтои олам! Эй офарандаи инсонҳо! Чун дар васфи ту тамоми варақҳои оламро нависта пур кунем онҳо кифояги намекунанд. Модар, эй азизтарин, наздиктарин ва маҳбубтарин шахс дар ҳаёти ман. Ин шеърро мехоҳам барои ту бибахшам:

Ман барои ту бубахшам, ҳамаи таронаҳоро,
Эй, ки ҳасти дар ҳаётам, ман ҳастам хӯшу гӯворо.
Гар набоши дар бари ман, хира аст рӯзгорам,
Модари базебрӯям, модари сафедмӯям.

Дар охир ман ба кули модарони Тоҷикистон ва ҷаҳон рузгорӣ хушу осуда, тани сиҳат ва умри бардавомро тамано менамоям. ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОНИ МЕҲРУБОН!.


Доиншҷуи курси 4-юми Донишгоҳи давлатии Данғара
Боронзода Комрон Асадулло


ИНЧУНИН ХОНЕД >>

Шеърҳо дар васфи Модар (8-уми март, иди Модарон)

Шеър ва Табрикнома барои 8 март — иди Модарон

Шеър ва Табрикнома барои 8 март – иди Модарон

Мақолаи қаблӣИншо дар бораи Модар
Мақолаи баъдӣШеър ва Табрикнома барои 8 март – иди Модарон

1 ШАРҲ

  1. Оре, дар хакикат модар фариштаи руи замин аст. Бузургтарин Ганчи руи олам аст. Хатто арзиши модар аз Ганги тамоми дунё болотару киматтар аст.аммо Кам аст нафароне Ки кадри ин ганчи киматро медонад.

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед