Қадри модар (Иншо дар бораи модар)

0

Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳон нататавон баркашид.
«Дар ду ҷаҳон он надид рўи хуш»,
Теғаи нигаҳ ҳар ки ба рўяш кашид.

Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳабатти бека-нор,чашма мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбиаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзӣ,бедорхобӣ пурбардории ў танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватан дўстиро меомўзем. Канори модар худ биҳишти ав-валини ҳаёти мост. Ба зери болини кўдак гузоштани китоб ё муқадасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад:

Давоми матнро баъди реклама хонед

Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост. Ба маъни Лоиқ гуфтааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғўши гарми модар қимати ўро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо маони дигаре нест. Барҳақ шоир фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст.Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, модар…
Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида мета-
вонем. Гоҳ дар дарёи пуршўри ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ мерогему модарро фаромўш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушацмон гашта,ўро намеёбем. Аз даст рафтани модар барои фарзан фоҷиаи хеле гарон аст:

Модар модар каси бе ҳимат бошад,
Дидори шарафи ў ғанимат бошад.
Аз махзани панди он бигирад арзонӣ,
Фардо чи кунӣ, ки ганҷи қимит бошад.

Бешубҳа,такя дар паҳлўи модар,хоб дар зонуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист:

Такя дар паҳлўи модарҷон, ғанимат будааст,
Хоб дар зонуи модарҷон, ғанимат будааст.

Оре, давлати фазанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ўро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст.Зиндагӣ худ шеър аст, ки ба аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Анна ҳамин бузургию шаҳомати ўро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шўҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост:

Сад ҷону дил фидои як мудаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рў, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Байти зебои Лоиқ чароғи равшани олами гуфтори мост:

Аз савту зи шӯрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садо-қати беканор,ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд.

Модарнома (Иншо дар бораи модар)


Кадри модар, инсон кадри модар, кадри падару модар, кадри модар бидон, дар бораи кадри модар, кадри модар эссе, инҳо дар бораи модар, иншо дар бораи кадри модар

Мақолаи қаблӣШеърҳо дар васфи МОДАР
Мақолаи баъдӣГуфтахои бузургон дар бораи Модар – Зан

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед