Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе (шеър)

6

Шеъри “Ачаб шахри Дилорои Душанбе” ки аз Боки Рахимзода аст, дар ин саҳифа оварда шудааст.

душанбе, точикистон, шахри душанбе, ачаб шахри дилорои душанбе

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.
Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат,
Чу дил дар синаам ҷойӣ, Душанбе.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Ба гирдат ҳалқа баста кӯҳсорон,
Туро гардида ҳомию нигаҳбон.
Ҳамеша то ки бошӣ сабзу хуррам,
Зи дил ҷорӣ намуда чашмасорон.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Бароҳат дар канорат менишинам,
Зи чойи «Роҳат»-ат роҳат бубинам,
Зи рангу рӯйи дилбарҳои шӯхат
Гаҳе садбаргу гоҳе лола чинам.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Саҳаргоҳон, ки хуршеди мунаввар
Зи рӯйи Боми дунё мекашад сар.
Чунон, ки бар сари зебо арӯсе,
Бипошад бар сари ту зевару зар.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Ба шаб рӯйи фазоят мисли шир аст,
Ба рӯят қурси маҳ гӯё фатир аст.
Ғазалхон Боқии дилдода гӯяд:
Шабу рӯзат мусаффо, беназир аст.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Боқӣ Раҳимзода

Тоҷикистон


Аҷаб шахри дилорои, Душанбе (шеър), шеъри Боки Рахимзода, ачаб шахри дилорои Душанбе.

Мақолаи қаблӣКули Сарез
Мақолаи баъдӣВитаминҳо

6 ШАРҲ

    • Салом, мо ҳамин қадарашро дастрас намудем, агар шеъри пуррааш дар шумо бошад метавонед ба ин васила ба мо равон кунед. Миннатдор хоҳем шуд.

    • Дар шакли пурра шеърро дарёфт карда, дар ҳамин нигошта гузоштем. Метавонед хонед.

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед