Амалҳои мамнуъ барои рузадор (шархи Чоркитоб)

0

Баъзе амалҳои зишту норавоест, ки содир кардани онҳо макруҳ ё ҳаром буда, аҷру савоби рӯзаи рӯзадорро кам мекунанд:

1- Суханони зишту дашном додан ва низоъу чидол кардан. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“الصِّيَامُ جُنَّةٌ فَلاَ يَرْفُثْ وَلاَ يَجْهَلْ، وَإِنِ امْرُؤٌ قَاتَلَهُ أَوْ شَاتَمَهُ فَلْيَقُلْ: إِنِّي صَائِمٌ مَرَّتَيْنِ”. (كذا في صحيح البخاري -3/ 24/ 1894 – عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ)،

Давоми матнро баъди реклама хонед

“Рӯза барои рӯзадор сипарест, ки вайро аз оташи дӯзаҳ муҳофизат мекунад. Пас шахси рӯзадор набояд суханони зишт бигӯяд ва худашро ба ҷоҳилӣ бияндозад. Пас агар касе вайро даъват ба қитол бикунад ё дашном бидиҳад, ду маротиб чунин бигӯяд:Ман рӯзадорам”.

2- Дурӯғ гуфтан ва амалеро ба муқтазои дурӯғи гуфтааш анҷом додан. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳм Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«مَنْ لَمْ يَدَعْ قَوْلَ الزُّورِ وَالعَمَلَ بِهِ، فَلَيْسَ لِلَّهِ حَاجَةٌ فِي أَنْ يَدَعَ طَعَامَهُ وَشَرَابَهُ» (كذا في صحيح البخاري -3/ 26/ 1903 -عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ)

“Ҳар касе дурӯғгуӣ ва амал кардан ба муқтазои дурӯғро тарк насозад, Аллоҳ ниёзе надорад, ки вай хурдану нушиданро тарк мекунад”.

3-Дар ривояти “Мусаннафи ибни Абушайба” тобеъии бузургвор Иброҳими Нахаъӣ (р.ҳ) чунин гуфтааст:

كَانُوا يَقُولُونَ:الْكَذِبُ يُفْطِرُ الصَّائِمَ”.(كذا في مصنف ابن أبي شيبة -2/ 272- 8888 – حَدَّثَنَا أَبُو مُعَاوِيَةَ، عَنِ الْأَعْمَشِ، عَنْ إِبْرَاهِيمَ، قَالَ:)

“Гузаштагон, яъне салафи солеҳ мегуфтанд, ки дурӯғ гуфтан рӯзаро мешиканад”.


Мохи шарифи Рамазон (ният, таквим)

Навъҳои руза – шарҳи Чаҳор китоб

Саволу ҷавоби исломӣ

Мақолаи қаблӣРӯзаҳои нафлӣ – Рузахои нафли (шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣАзамати мохи шарифи Рамазон (шархи Чоркитоб)