Чаро себи логотипи Apple “газида” шудааст?

0

Ҳама нишони ширкати Apple-ро медонанд. Интихоб намудани «себ» дар нишони ин ширкат маълум аст, чунки калимаи Apple маънои «себ»-ро дорад. Аммо чаро ин себ газидашуда аст, кам ашхос медонанд. Кӣ ин себро газидааст? Бо кадом мақсад? Ин ягон маъно дорад?


Хостем, ҷавоб ба ин суолҳоро барои шумо, корбарони сомонаи Donish.su, пайдо намоем ва ҳангоми ҷустуҷӯ ақоиди гуногун пайдо намудем ва танҳо дақиқтарин далоилро барои шумо нигоштем.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Аввалин нишони ин ширкатро Роналд Уэйн соли 1976 сохтааст. Ин нишон бо нишони ҳозирааш ягон иртибот ва монандие надошт. Дар он расми Исаак Нютон – олими англис тасвир ёфта буд, ки дар зери дарахти себе дар ҳоли китоб хондан нишаста буд. Дар ин нишон себе дар ҳоли афтидан аст, ки ба қавле ҳангоми ба сари Нютон афтидани себ дар ӯ илҳоме пайдо гашт ва бисёр қонунҳои илмиро кашф намуд. Ин нишона ҳангоми ташкил намудани ширкат пайдо гашт.

Ин нишона норавшан буд ва барои чопгарҳои онвақта муносиб набуд, аз ҳамин сабаб пас аз як сол Стив Ҷобс ба тарроҳ – Роб Янов муроҷиат намуд.


Дуюмин нишони  ширкати Aplle-ро Роб Янов сохтааст. Ин тарроҳ аввалин “себи газида”-ро дар нишони ширкат ҷой дод.


Оид ба “себи газида” ақоиди зиёд мавҷуд аст. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ин себ “рамзи гуноҳ” аст, ки мувофиқи китоби Библия ҳазрати Одам дар биҳишт себеро аз дасти Ҳавво гирифта газид ва аз биҳишт ронда шуд. Баъзеи дигар онро меваи илм меноманд, ки ҳар шахсе аз он “мегазад” ва ба худ миқдоре мегирад. Инчунин баъзе “себи газида”-ро маънои “марг” медонанд. Марги Алан Тюринг – созандаи аввалин мошини ҳисобкунӣ ва тафаккури сунъӣ, ки соли 1954 себе, ки худ заҳрнок карда буд газида, фавтид ва инро худкушӣ номиданд.


Аммо ҳақиқат дигар аст. Чуноне, ки Роб Янов дар мусоҳибаҳояш гуфтааст, ақидаи тасвири себ дар нишон ногаҳонӣ буд. Роб як борхалта себ харида ба хона овардааст ва кӯшиш намудааст, то себеро тасвир намояд. Дар натиҷа тасвир ғайр аз себ ба помидор, анҷир ва дигар меваҷот монандӣ дошт. Дар ин себ ӯ хост нишонае гузорад то ба себ монандӣ пайдо кунад. Ҳамин тавр, “себи газида” пайдо шуд. Ин фикр аз калимаҳои byte/bite (байт/газидан) пайдо шуд, ки аз як тараф маънои ширкати технологии бо иттилоот (байт) коркунанда, аз тарафи дигар маънои газидани себро дорад. Роб Янов себҳоро аз ҳар тараф газид ва аз ҳамаи онҳо себи аз тарафи росташ газида ба ӯ писанд омад ва онро тасвир намуд.


Дар аввал ин себ якранг (сиёҳ) буд. Стив Ҷобс ба ин нишон рангҳои рангинкамонро ворид намуд. Дар ҳамон солҳо мониторҳои ранга нав пайдо шуда буданд ва нишони ранга маънои онро дошт, ки ширкат танҳо компютер бо мониторҳои ранга истеҳсол менамояд. Бо ин нишон ширкат то соли 1998 истеҳсолоти худро ба роҳ монд.


Соли 1998 “себи газида”-и ин ширкат дубора ранги пурраи сиёҳро гирифт ва соли 2000 он ба намуди ҳозирааш тасвир ёфт.


Apple – сердаромадтарин ширкати ҷаҳон

Сарчашмаҳои истифодашуда:
iphones.ru
MacDigger.ru

Мақолаи қаблӣРавоншиносӣ
Мақолаи баъдӣ10 сухани илҳомбахш аз китоби “Ғамгин машав”-и Оизи Қарнӣ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед