Асари лукмаи харом (ҳикояи ҷолиб)

0

Дар ин саҳифа қиссае дар бораи “асари луқмаи ҳаром” оварда мешавад. Хонеду аз лукмаи харом бипарҳезед!

-Овардаанд, ки Хоҷа Ҳакими Тирмизӣ (р) дар зуҳду тақво буданд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Эшонро писаре буд фосиқ ва бадкирдор. Муридон гуфтанд, ки аз Хоҷа бисёр шунидаем, ки фарзанди фосиқ натиҷаи луқмаи ҳаром аст, ки аз ҷиҳати падарон бувад.

Моён ин шайхро муттақи ва парҳезгор медонем ва модараш солеҳа. Акнун биравем ва ҳақиқати корро аз шайх бипурсем.

-Иттифоқ карда назди шайх омада пурсиданд, ки аҳволи фарзанди шуморо намедонем, ки чаро чунин аст.

Ҳазрати Хоҷа гуфтанд, ки хамин қадар дар хотирам ҳаст, ки ҳокими Тирмиз аз раъоё моли бисёр металабид. Раъоё маро гуфтанд, ки Шумо ҳокимро насиҳат кунед то мо аз ин меҳнат халос шавем. Алқисса пеши ҳоким рафтам ва аҳволи раъоёро гуфтам. Ҳоким гуфтанд:

«Агар шумо меҳмони мо шавед ва таоми моро бихуред мо ин зарро бубахшем ва наталабем»

Дар он замон маро зарурат шуд аз барои манфиати мусалмонон қабул кардам ва аммо шарт кардам, ки маро таклиф макунед, ки таъом бисёр хуред.

-Подшоҳ кабул кард. Чун таъом оварданд, як луқма таъом дар даҳон кардам. То охири маҷлис ҳамон луқмаро мехоидам ва бо худ фуру мебурдам. Чун ба хона омадам он шаб бо модари ин писар муҷомаъат кардам ва ин писар аз он луқма шудааст. Бинобар ин фосиқ баромадааст.

Пас бидонед, ки як луқмаи ҳаром чунин натиҷа медиҳад. Пас вой бар он касоне, ки луқмаи онҳо доим ҳаром аст.


Бародари азизам аз зане, ки луқмаи ҳалол надорад аз вай фарзанди хуб интизор машав ва ҳамчунин хоҳари азизам аз марде, ки луқмаи ҳалол надорад аз ин гуна мард фарзанди хуб интизор машав!

Ҳидояти занон

Мақолаи қаблӣБусидан ва изхори мухаббат ба кудак дар Ислом
Мақолаи баъдӣХоби дуруг бофтан дар Ислом барои машхур шудан