Сураи бақара Ояти 255 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 255 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 255

ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡحَيُّ ٱلۡقَيُّومُۚ 

Давоми матнро баъди реклама хонед

لَا تَأۡخُذُهُۥ سِنَةٞ وَلَا نَوۡمٞۚ لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ مَن ذَا ٱلَّذِي يَشۡفَعُ عِندَهُۥٓ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦۚ يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡۖ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيۡءٖ مِّنۡ عِلۡمِهِۦٓ إِلَّا بِمَا شَآءَۚ وَسِعَ كُرۡسِيُّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۖ وَلَا يَ‍ُٔودُهُۥ حِفۡظُهُمَاۚ وَهُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡعَظِيمُ ٢٥٥

Аллоҳу ла илоҳа илло Ҳува-л-Ҳайю-л-Қаййум. Ло таъхузуҳу синату-в ва ло навм. Лаҳу мо фи-с-самовоти ва мо фи-л-арЗ. Ман за-л-лази яшфаъу ъиндаҳу илло би изниҳ. Яъламу мо байна айдиҳим ва мо халфаҳум. Ва ло юҳитуна бишай-им мин ъилмиҳӣ илло би мо шаъ. Васиъа курсийюҳу-с-самовоти ва-л-арЗ. Ва ло яудуҳу ҳифзуҳумо. Ва Ҳува-л Ъалийю-л-Ъазим. 255.

255. Аллоҳ Худоест, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Вай нест, зиндаву тадбиркунандаи олам аст. Ӯро на пинаке ва на хобе мегирад. Он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар Замин аст, аз они Ӯст. Кист он ки назди Ӯ ба ҷуз ҳукми Ӯ шафоъат кунад? Медонад он чӣ пешдасти онҳост ва он чӣ паси пушти онҳост. Ва иҳота (дарк) карда наметавонанд (мардум) ба чизе аз илми Аллоҳ, магар ба он чӣ Вай хостааст. Фаро гирифтааст кор (подшоҳи)-и Ӯ осмонҳо ва Заминро ва гарон намешавад бар Вай нигоҳбонии ин ҳар ду. Ӯ баландмартабаву бузургқадр аст.

Ояти мазкур дар истилоҳи олимони дини Ислом «Оят-ал-курсӣ» ном дорад. Аллоҳтаъоло зимни ин бузургтарин ояти Қуръон чандин исму сифатҳои худро бо тариқи кофӣ зикр намуда, ба бандагони худ хабар додааст, ки Ӯ таъоло соҳиби ҳаёти комил буда, ба ҷуз Ӯ дигар маъбуди барҳаққе барои ҷамии махлуқот вуҷуд надорад. Ӯ дар нафси худ зинда буда, абадӣ боқӣ аст, ҳаргиз намемирад. Ӯ таъоло қайюм аст. Ҷамии мавҷудот ба Ӯ таъоло мӯҳтоҷу бидуни амри Ӯ таъоло суботе надоранд. Ӯ таъоло аз ҷамии мавҷудот беҳоҷат буда, бо Зоти худ қоим аст. Сифати қайюмияти Ӯ таъоло ба дараҷае расидааст, ки барои тадбиру муҳофизати шуъуни махлуқоти худ Ӯро ҳатто пинак (хоби сабук) ва хоби сангин намебарад. Дар ҳадисе аз ҳадисҳои Расулуллоҳ (с) низ омадааст, ки фармудаанд: “Албатта, Аллоҳтаъоло хоб намекунад ва сазовор ҳам нест, ки Ӯ таъоло хоб кунад. Натиҷаи қайюмият аст, ки тадбири ҳама махлуқҳо аз они Ӯ таъолост.” 

Инчунин ҷамии он чи дар осмонҳо ва Замин аст, махлуқу (офаридаву) банда буда, таҳти фармони Ӯ қарор доранду соҳиби ҳамаи онҳо Ӯ таъолост. Сари ин мавзӯъ бо оятҳои 93-94-95-и сураи «Марям» иншоаллоҳ,боз мегардем. Дар давоми оят Аллоҳтаъоло азамат ва ҷалолу кибриёии худро маълум кунонида фармудааст, ки дар назди Ӯ таъоло ва бе фармони Ӯ кист, ки касро шафоат кунад? Яъне бо саволи инкорӣ Аллоҳтаъоло бандагони худро мепурсад, ки оё ягон кас бе иҷозати Ман ҷасорат нишон дода, касеро шафоат карда метавонад? Маълум мешавад, ки шафоъат вуҷуд дорад, лекин иҷозаи Аллоҳтаъоло лозим аст. Шафоат моли Аллоҳ аст, на моли касе. Яъне ҳуқуқи дар пешгоҳи Ӯ таъоло шафоъат карданро доштани гурӯҳе аз инсонҳо мисли анбиё ва авлиё далели он нест, ки онҳо шафоатро мустақилона, бе иҷозати Аллоҳ мекунанд. Ин мақомро Аллоҳ ба онҳо бахшидааст, онҳо танҳо бо иҷозати Аллоҳ таъоло гунаҳкоронро шафоъат мекунанд. Ин мазмунро аз ҳадиси машҳур, ки онро ҳадиси шафоат ҳам мегӯянд, низ фаҳмидан мумкин аст. Аз мазмуни ояти мазкур ҳақ будани шафоат маълум аст. Албатта, Аллоҳтаъоло шафоатро ба василаи бандагони хосси худ ба анҷом мерасонад. Барои шахсоне, ки шафоатро мункиранд, ин оят рад аст. 

Аммо гурӯҳи шахсоне, ки дар гуноҳҳо аз худ ҷасорат нишон дода, сари ҳар қадам ба шафоат умед мебанданд, хомхаёланд. Ҳар ду гурӯҳ маънои шафоатро ба хубӣ пай набурдаанд. Як мисоли табиӣ: Агар ҷанин (мағз)-и тухм пӯсида бошад, бо интихоби замини беҳтарин, таъмини намӣ ва гармии мувофиқ, ҳарчанд кӯшиш харҷ шавад, ҳам гиёҳ намерӯяд. Мисли ҳамин авлиёуллоҳ чунин шахсони нолоиқи сар то қадам дар гуноҳ ғӯтида ва дар кардани гуноҳ ҷасурро, ки ризои Аллоҳ набошад, шафоат намекунанд! Билфарз, хоҳанд ҳам, беасар мемонад. Оё ақли солим ҳукм карда метавонад, ки шахсеро, ки Аллоҳ аз ӯ розӣ набошад, авлиёуллоҳ шафоат кунанд? Ҳар инсоне, ки мехоҳад аз шафоати шафоаткунандагон баҳра барад, бояд, ки худро ба афкору аъмоли шафоаткунанд


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

а мувофиқ гардонад ва ҳадди ақал амали худро ба сарҳади шафоат бояд расонаду шоистаи афви Парвардигор созад. Ин мазмунро ояти 26, с. «Ан-наҷм» ва ҷузъи ояти 28, с. «Анбиё» иншоаллоҳ, комил месозад. 

Баъди ин эзоҳ боз мегардем ба тафсиру эзоҳи сифати ҳафтуми Аллоҳтаъоло, ки дар ин оят аст. Худованд ҳар чи назди онҳо ва паси онҳо ҳаст, бо илми азалӣ ва абадии худ медонад, яъне илми азалии Ӯ таъоло, ҳамаи он чиро, ки аз аввал ба вуҷуд омадааст ва он чизеро, ки баъд, то абад ба вуҷуд меояд, иҳотакунанда аст. Бинобар ин, шафоаткунандагон ва шафоатшавандагон киҳо ҳастанд, Аллоҳтаъоло худаш медонад. Сифати ҳаштумини Аллоҳтаъоло ин аст, ки бандагон аз илму маълумоти Аллоҳ ба ҷуз андак маълумоте, ки бо забони Расулони худ дононда аст, дигар чизеро намедонанд. Яъне бандагон танҳо бахши кӯчаке аз илмро, ки дар партави илми Ӯ таъоло қарор дорад ва донистани онро Аллоҳ барои бандагон маслиҳат дида бошад, медонанду бас. Ин ақида дуруст аст, ки Ӯ таъоло бо хости Худ, бо тадриҷ, аз асрори ҳайратангези офариниши Худ парда мебардорад ва ихтироъи ҷадидеро дар ихтиёри инсонҳо мегузорад, илми онҳоро барои фаҳмидани он ихтироъ густариш медиҳад.

Ҳангоми зикри 9-умин ва 10-умин сифати баркамоли Худ, дар ин оят, Аллоҳтаъоло фармудааст, ки бо он васеъӣ ва он паҳноие, ки Курсии Аллоҳтаъоло дорад, заминҳо ва осмонҳоро гунҷонидаасту онҳоро иҳота дорад. Дар тафсири калимаи Курсӣ ва маънои ӯ муфассирон фикрҳои гуногун доранд. Назди Ибни Аббос, мурод аз Курсӣ илми Парвардигор аст, бо далели “Раббано васиъат кулла шай-ин раҳматан ва ъилмо”. Аммо андозаи Аршро ба ҷуз Аллоҳ касе намедонад. Абӯзари Ғиффорӣ (р) гуфтаанд, ки ман аз Расулуллоҳ (с) шунидам, ки гуфтанд: Курсӣ назди Арш мисли ҳалқаест, ки дар байни саҳрои калон партофта шудааст, сатҳи Арш бар Курсӣ мисли сатҳи саҳро бар ҳалқа аст. Нигоҳдории  Замину осмонҳо ва он чи дар онҳост, бар Аллоҳтаъоло машаққат ва ҳеҷ сангинӣ намеорад, зеро қудрат (тавоноӣ)-и Аллоҳтаъоло номаҳдуд аст. Дар охир, Ӯ таъоло фармудааст, ки Ӯ таъоло дар мартаба Зоти Олию Зоти Бузург аст. Яъне, Худованд бартару болотар аз ҳар гуна айбу нуқсон аст.

Акнун чанд ҳадисе дар фазоил ва аҳамияти «Ояталкурсӣ». Бо ривояти Имом Аҳмад аз Убай ибни Каъб (р) Расулуллоҳ (с) пурсиданд, ки кадом оят дар Қуръон бузургтар аст. Убай ибни Каъб (р) дар ҷавоб гуфтанд: «Ояталкурсӣ». Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Таҳният бод бар ту илм, ай Абомунзар!” 

Имом Бухорӣ дар китоби “Фазоилул Қуръон” дар китоби ваколат дар баёни сифати Иблис аз Усмон ибни Ҳайсом ӯ аз Авф ва ӯ аз Муҳаммад ибни Сирин ва ӯ аз Абӯҳурайра (р) ривоят мекунанд, ки Абӯҳурайра (р) гуфтанд: Расулуллоҳ (с) маро барои ҳифз кардани садақоти моли рамазон, яъне садақаи фитр вакил гардониданд. Вақто ки ман онҳоро ҳимоя менамудам, боре дидам, ки марде бо тарзи дуздӣ аз онҳо гирифта истодааст. Ӯро доштам ва ба ӯ гуфтам: Албатта, туро ба назди Расулуллоҳ (с) мебарам, бигзор ӯ (с) чӣ ҳукме кунад. Он мард гуфт: Бигзор маро, ман мӯҳтоҷу аёлмандам. Пас раҳмам омад, ӯро сар додам. Вақто ки субҳгоҳ ба назди Расулуллоҳ (с) рафтам, Расулуллоҳ (с) ба ман гуфт: Эй Абӯҳурайра (р), бегоҳӣ асири ту чӣ гуфт? Абӯҳурайра (р) мегӯяд, ки гуфтам: Ӯ аз ҳоҷатмандӣ ва аёлмандии худ сахт шикоят кард, раҳмам омад, ӯро раҳо кардам. Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Ӯ туро дурӯғ гуфтааст, ӯ ба зудӣ боз мегардад.” Абӯҳурайра (р) мегӯянд: Вақто ки сухани Расулуллоҳ (с)-ро шунидам, ки ӯ албатта, боз мегардад, бори дигар ӯро поидам. 

Дар ҳақиқат, бегоҳ бори дигар ба сифати дузд даромад, боз аз он молҳои он ҷо буда ҳиссае бардошт, ман ӯро боздоштам ва ба ӯ гуфтам: Албатта, туро ба назди Расулуллоҳ (с) мебарам, ӯ (с) чӣ ҳукме кунад. Боз ӯ забон аз мӯҳтоҷӣ ва аёлмандии худ кушод ва гуфт: Дигар боз намегардам, раҳмам омаду боз ӯро раҳо кардам. Вақти субҳгоҳ ба назди Расулуллоҳ (с) рафтам, Ӯ (с) аз ман пурсид: “Эй Абӯҳурайра, бегоҳ бо асири дастгиркардаат чӣ кардӣ?” Гуфтам: Ё Расулаллоҳ (с), аз ҳоҷатмандӣ ва аёлмандии худ бисёр шикоят кард, раҳмам омад, ӯро раҳо кардам. Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Ӯ туро дурӯғ гуфтааст, вай боз меояд.” Абӯҳурайра (р) мегӯяд, вақто ки сухани Расулуллоҳ (с)-ро шунидам, дар дилам ҳеҷҷ шакке набуд, ки ӯ албатта, бо

з ба зудӣ меомадааст, бинобар ин, бори севум ӯро поидам. Дар ҳақиқат боз, чуноне ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд, ӯ боз ба анбори садақаҳои фитр барои дуздӣ даромад. Ман ӯро ин сафар дурусттар дастгир намудам ва азми росих намудам, ки албатта, ӯро барои мурофиа ба назди Расулуллоҳ (с) мебарам, то ӯ (с) чӣ ҳукме кунад. Ба ӯ гуфтам: Ту ваъда додӣ, гуфтӣ, ки дигарбор намеоям, боз омадӣ! Охир, се бор аст, ки ту ба ман дурӯғ мегӯӣ! Ӯ гуфт: Ин сафар маро халос кун, ман барои ту чизе (дуое) нишон медиҳам, ки агар бегоҳ ӯро хонӣ, шайтон то саҳар ба ту наздикӣ намекунад ва Худованд бо баракати он ба ту фоидаҳо мерасонад. Гуфтам: Он дуо чист? Гуфт: ҳар вақто ки бегоҳ ба хоб равӣ, «Ояталкурсӣ»-ро бихон, ҳамеша аз тарафи Аллоҳ барои ту посбоне ҳаст ва шайтон дигар бор, то саҳар ба ту наздик намешавад. Аз шунидани ин сухан, ӯро боз раҳо намудаму субҳгоҳон ба хидмати Расулуллоҳ (с) ҳозир шудам. Ӯ (с) аз ман пурсид: “Асири бегоҳ дастгиркардаи ту чӣ кор кард?” Гуфтам: Ё Расулаллоҳ (с), ӯ бо фикри худ калимаҳое ба ман хононд, ки гӯё агар ман онҳоро бегоҳӣ ҳангоми хоб рафтан хонам, Худованд ба ман нафъ мерасонидааст, шайтон то саҳар ба ман наздик намешудааст, бинобар ин, ман ӯро сар додам. Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Он калимаҳои (дуоҳои) нишондодаи ӯ чӣ будаанд?” Абӯҳурайра (р) гуфт: Ҳар вақто бегоҳӣ хоҳӣ, ки хоб равӣ, “Ояталкурсӣ”-ро аз аввал то охир бихон, ту ҳамеша то субҳ дар ҳифзу ҳимояи Аллоҳ мемонӣ. Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Ӯ дар ин масъала рост гуфта бошад ҳам, лекин ӯ худ дурӯғгӯй аст.” Ай Абӯҳурайра, медонӣ ту дар ин се шаб бо кӣ гуфтугӯ доштӣ? Гуфтам: Не! Ё Расулаллоҳ (с). Расулуллоҳ (с) гуфтанд: Ӯ шайтон буд. Ба ҳамин мазмун дар фазилати «Ояталкурсӣ» ривоятҳо бисёр аст, аз ҷиҳати ихтисор, аз зикри онҳо сарфи назар кардем.

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 254 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 256 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)