Бемории коронавирусро чи тавр табобат кунем?

0

коронавирус маълумот бо забони точики

Ҳангоми бемории коронавирус шудан чи кор бояд кард? ПАНҶ НУКТА ОИДИ ТАБОБАТИ БЕМОРИИ КУРУНОӢ

Бемории коронавирусро чи тавр табобат кунем?

Худтабобат хавфнок аст, чун эҳтимоли дер мондан аз усулҳои махсуси табобат мавҷуд аст, ки ин ҳол марговар аст. Агар дар ватан бошед, ё дар Русия бошеду шаҳрвандӣ ё (внж, рвп,вид)- иҷоза, иқома дошта бошед, фақат пизишк бояд шуморо табобат ва назорат кунад. Дар сурати зиёд будани теъдоди сироят ёфтагон фақат беморони ҳолашон вазнин дар беморхона бистарӣ карда мешаванд. Агар шуморо духтуре ба беморхона тавсия надод, ин маънои онро надорад, ки шумо то сиҳат шудан ё мурдан ҳатман дар хона бимонед. Агар ҳолати касал вазнинтар шуд, хосса аломоти норасогии нафас-нарасидани ҳаво, тез-тез нафас гирифтан (зиёда аз 22-24 нафас дар як дақиқа), ҳис кардани вазнинӣ ва тангии қафаси сина, дарди қафаси сина, ҳангоми нафаскашӣ пасту боло шудани китфу бозуҳо ё ҷунбидани параки бинӣ; ё пайдо шудани аломатҳои сепсис-паст шудани фишори хун, хеле кам шудани миқдори пешоб, хеле тез задани дил-беш аз 120 дар як дақиқа, таби баланд 39 ва болотар, вале хунук шудани кафи дастону пойҳо, кабудчатоб ё хокмонанд шудани ранги пуст- бо ҳар мушкиле ҳам ки набошад бояд чунин бемор оҷилан ба беморхона бурда шавад!

Давоми матнро баъди реклама хонед

Фақат барои ашхосе, ки бо иллате аз табобату назорати пизишкон дур мондаанд, баъзе ТАВСИЯҲО:

Аввалан воҳима ва ноумедӣ хато аст. Ором бошед, такя ба кумаки Худо кунед, сидқан дуо карда аз Аллоҳ шифо пурсед.

Дуюм: Ҳавои хонаро тоза нигоҳ доред, вале ҳарорати хона бояд аз 18-20 поён набошад, гоҳ-гоҳ дар ё тирезаро кушоед. Намии ҳавои хона бояд кам набошад- гоҳ гоҳ оби чойник чанд дақиқа ҷушида монад хуб аст. Фаршро бо латтаи тар тоза кардан ҳам намиро меафзояд. Пиёз ва сирпиёзро майда карда дар хона нигоҳ доштан ҳавои хонаро то ҳаде безарар мекунад. Хушбуйии табиӣ-растанигӣ (пудина, райҳон, гашнич) иҷозат аст. Дуди испанд низ ҷоиз аст.

Сеюм – чораҳои пешгирии сирояти ҳамхонаҳо, наздикон бояд дида шаванд: бемор ва сиҳат-ҳама бояд ниқоби тиббӣ ба руй кашанд, рубару аз 1-2 метр наздик нашаванд. Ниқобчаро аз 4 қабат дока дастӣ духтан хуб аст, баъди 3-4 соати истифода онро бо наваш иваз намуда аввалиро ба оби хлордор ним соат нам карда баъд бо собун шустан ва бо уттии гарм безарар кардан мумкин аст. Агар микроволновка бошад, ҳатто нашуста 10-15 дақиқа дар 150 градус нигоҳ доштан кифоя. Ниқоби бемор ва сиҳат алоҳида шуста ё безарар карда мешавад. Зуд зуд шустани дастон бо собун ва бо спирт соиш додан барои наздикони бемор зарур аст. Сачоқу либос ва зарфҳои истифода кардаи бемор низ бояд безарар карда шаванд. Ҳади ақал ба офтоб овезон кардан то ним-як соат кифоя аст. Балғаму оби даҳони бемор пур аз вирусанд, ҳангоми сулфаву атса бояд ба халтачаи селофанӣ партофта ва аз болояш андак оби хлордор рехтан лозим.

Чорум – ҳарчи бештар нушидан лозим, то оби бадан кам нашавад: асалчой, оби тоза, оби мева ё нушобаи аз меваи хушк ҷушонидашуда, айрон ё ҷурғоти бо об омехта, хулоса ғайр аз алкул ва нушобаҳои химикатдоре мисли колаву фантаву лимонад, дигар ҳар чи нушед, хуб аст.

Ғизо-парҳезе надорад, лекин чун иштиҳо паст мешавад, хурокиҳои камравғану ҷушондашуда ва обӣ хубанд, хосса бо иловаи кабудиҷот, сабзавот. Қаймоқу тухму гушт, моҳӣ ва творогу ҷурғот беҳтарин манбаи сафедаанд, ки барои тақвияти масуният-иммунитет заруранд. Ҳамаи намуди меваю сабзавот фоиданоканд, манбаи витаминҳоянд, ҳади ақал карами хом ва салату туршкардашудааш, ки дар Русия арзон аст, бояд истеъмол кард. Лимону, сирпиёз ва пиёзу сабзиро низ фаромуш накунед, ки нопухта ҳам бояд кам кам истеъмол кунед. Якчанд маротмба чайқондани даҳону бинӣ ва ғарғара кардан бо намакоб ё намакоби (сода) гидрокарбонат илова кардашуда низ муфид аст.

Панҷум – доруворӣ: барои паст кардани ҳарорат ва кам кардани дарди сар ва мушакҳо -Парасетамол то 3-5 ҳаб дар 1 шабонаруз ё ҳар кулчадоруи парасетамол дар таркибаш дошта хуб аст. Ҳаби витамини С -туршии аскорбинатро низ бояд то 3-6 дона дар 1 руз истеъмол кунед. Агар имконияти дастрасӣ бошад доруҳои зиддивирусӣ ки то ҷое афзоиши куруноро шояд суст кунанд, инҳоянд: Лопинавир, Ритонавир, Рибавирин, Плаквенил (гидроксихлорохин), арбидол, грипферон, интерферон. Аксари ин доруҳо имруз хеле қимат ва дастнорасанд, вале дар баъзе дорухонаҳо масалан Грипферон-қатраҳои ба бинӣ мечакондагӣ зиёданд, ки барои бемор ва нигоҳубин кунандагон чун чораи иловагии пешгирӣ истифода бурдан мумкин аст. Таблеткаҳои зидди сулфа, буғ кашидани доруҳои балғамрон ва бикарбонат дар зарурат иҷозат аст. Агар иловатан бемории музмине доштед, доруҳои қаблан тавсиядодаи духтуратонро низ идома диҳед.
Охирсухан: таҷрибаҳои ноҷою носанҷида мисли- дар ҳаммоми гарм зиёд нишастан; бо муйхушккунак гулуро сузондан; спирт нушидан; истеъмоли кадом доруи худсохти табиби халқӣ; оби хунук ба сар рехтан; машқи сахти ҷисмонӣ кардан ва амсоли он барои саломатӣ ва ҳаётатон ягон фоидае надорад, вале хавфи зиёд дорад!!! Агар иловае доред ё тавсияи дигаре шунидаед, лутфан дар поён бинависед, ҳатман баррасӣ хоҳем кард.

Аз Худовандм Меҳрубон пурсони онем, ки фақат тавсияҳои қаблан пешниҳод кардаамон перомуни чораҳои пешгирӣ аз сирояти Covid 19 бароятон кифоятӣ кунаду ба истифодаи ин навиштаҳоямон зарурате намонад.

Мирзои ҲОҶИМУҲАММАД (Бознашр аз гурӯҳи “Шарораи хотираҳо” дар Facebook)


коронавирус маълумот бо забони точики 2020, табобати коронавирус дар хона.

Нишонаҳо ва пешгирии Коронавирус

Мақолаи қаблӣДуои наҷот аз қарздориву камбағалӣ
Мақолаи баъдӣДуои эминӣ аз офатҳои шабонарӯзӣ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед