Бозиҳои варзишии Наврузӣ (Бозихои Навруз)

0

Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои варзишии суннатӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои паҳлавонон дар гӯштӣ, аспдавонӣ, пойга (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ баргузор мегарданд, аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ гӯштӣ аст, ки хеле паҳн шудааст.

Дар ҳамаи деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калон мусобиқаҳои наврӯзии гӯштигирӣ барпо мешавад. Қабл аз ҳама, ду муйсафед ба майдон меоянд ва бо рақсу чархзанӣ дар гирди майдон мусобиқаро оғоз мекунанд. Ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳое ба мисли ҷома, қолину палос, телевизору видеомагнитофон, мошини сабукрав, гӯсфанд, барзагову асп тақдим карда мешаванд.

гуштини милли 2020

Давоми матнро баъди реклама хонед

Дар гузашта дар ноҳияҳои Рашту Дарвоз ва шаҳри Норак дар маъракаи гӯштигирӣ паҳлавони довталаб ба майдон баромада, менишаст ва дар табақе назди ӯ хӯрок мегузоштанд, ки онро «табақи паҳлавонӣ» меномиданд. Ҳар нафаре, ки бо ин паҳлавон зӯрозмойӣ кардан мехост, меомаду дар паҳлуи ӯ нишаста, аз табақи паҳлавонӣ ҳамроҳи ӯ хӯрок мехӯрд. Сипас
ҳар дуяшонро ба майдон даъват мекарданд.

Дар Кӯлоб 15-20 рӯз пеш аз Наврӯз, ба ибораи мардум, “Сайри соли нав” баргузор мешуд. Паҳлавонон аз деҳаҳои дуру наздик ва ноҳияҳои атроф омада, дар хонаҳои дӯстонашон истиқомат карда, ба машқ мепардохтанд.

Ба ғайр аз гӯштӣ дар деҳаҳо мусобиқаву бозиҳои тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабкҷанг, чиликандозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешаванд. Ҳар касе, ки ҷонвараш ё тухми мурғаш пирӯз шуд, моли ҳарифи мағлубро мегирад.

Бузкашӣ як навъи маъмули варзиш буда, дар айёми Наврӯзбарпо мешавад. Ин мусобиқаи халқӣ дар байни халқҳои гуногуни Осиёи Марказӣ васеъ паҳн шудааст.

бузкаши, бозии наврузи,

Бозиҳои варзишии арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ (як хел бозии бачагон, ки аз коғаз чизе месозанд ва мисли бодбарак ҳангоми шамол ба ресмон баста мепаронанд), бандпарӣ (ҷаҳидан aз болои арғамчин) ва чанде дигар дар айёми фарорасии Наврӯз иҷро мешуданд.

Инчунин хонед:

Наврӯз (иншо дар бораи Навруз)


Бозихои варзишии Наврузи, бозихо дар бахор, бозихо дар Навруз, бозихои Наврузи, маълумот дар бораи бузкаши, бухкашии точикон, праздник навруз игры в наврузе.

Мақолаи қаблӣТабрикот ва шеър барои Навруз – Навруз муборак
Мақолаи баъдӣЗиндагиномаи Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ)