Чаро бояд издивоҷ кунем? – Розҳои оиладорӣ

0

Чаро бояд издивоч кунем? – Розхои оиладори


Вожаи инсон, ки аз решаи «унс» аст, ишора бар он мекунад, ки одам ниёз ба анису мунис дошта, аз ҳамдамӣ бо дигарон оромиш меёбад. Дар ин дунё ҳеҷ чиз ба андозаи ҳамсар, ин ниёзи ҳақиқию муҳими дунёии моро наметавонад ҷавобгӯ бошад. Вақте инсон дар канори ҳамсару хубу меҳрубон қарор мегирад, ба унсу оромиш ва осоиш мерасад ва ин тинҷию оромиш афсона набуда, амри ҳақиқию воқеъӣ мебошад, ки дар асоси фитрату табиати мо тавассути Худованд тарҳрезӣ шудааст. Издивоҷ барои инсони ниёзманд ба мунис ҳамсуҳбате, дилбардоре барои гуфтану гиристан ва холӣ кардани бори ғам, бозӯи пурқуввате барои ҳимояту амният ёфтан дар паноҳи он ва рафъи ниёзҳои ҷинсиро фароҳам месозад.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Издивоҷ ба инсон оромиш ва таскини қалб мебахшад. Инсон дар натиҷаи издивоҷ вуҷуди солимтару таскинёфтатаре пайдо мекунад, аз ин рӯ зиндагиашро беҳтар ба роҳ мемонад, умрашро муфидтар гузаронида, лаззату баҳраи бештар аз ҳаёт дарёфт мекунад.

Издивоҷ гарчи бо зарурати бартараф кардани ниёзҳои инсонӣ барпо мешавад, аммо ширинӣ ва давомнокии он, дар расидан ба умқи ҳадафҳои волои он мебошад, яъне, издивоҷ танҳо бартарафсозии ниёзи ҷинсӣ набуда, балки ҳадафу мақсади дигаре низ дорад, аз қабили бо ҳам ба камолот расидан, аз ҷиҳати маънавӣ бузург шудан, таҷриба андӯхтан.

Издивоҷ мисли таҳсили илм кардан аст. Агарчи зарурати хондану навиштан ва эҳтиёҷ ба савод, моро ба мактаб мекашад, вале манфиатҳои бисёр бештаре аз саводи хондану навиштан дар худ нуҳуфта дорад. Хеле аз рушдҳо, тавонмандиҳо, имкониятҳои васеъи корӣ ба воситаи илм сурат мегирад, аз ин сабаб сахтиҳову душвориҳои илмомӯзӣ набояд, садди роҳи мо шаванду аз мактаб гурезон шавем. Издивоҷ низ ҳамин хел аст. Издивоҷ гарчи ба ниёзҳои ҷинсӣ ва эҳсосоти инсон посухгӯ буда, ӯро саршор аз эҳсоси хушу ҳаяҷони ширин мегардонад, вале дар айни ҳол ба василаи заминаҳои талошу фаъолият ва тасмимгирӣ, ки барои инсон фароҳам мекунад, вуҷуди ӯро пухтатар сохта, маҷбураш мекунад аз мадори худбинӣ берун ояд. Бо чашми дил дигаронро бибинад, яъне, ба фикри дигарон ҳам бошад. Рӯҳу равони ӯро латифтар, меҳрубонтар, хайрхоҳонатар ва дӯстдоштанитар мегардонад

Издивоҷ тамоми хусусиятҳои инсон рафтору гуфтор, фикрронӣ, андешаварзӣ, хулоса ҳамаи ҷанбаҳои вуҷуди инсониро мавриди озмоиш қарор медиҳад, ки то ин вақт наозмуда буданд. Зеро қабл аз издивоҷ омилҳои озмоишии хусусиятҳои ҳақиқии фардҳо хеле кам аст, чунки масъулияти зиёде бар дӯш надоштанд. Пас аз издивоҷ вазъият тағйир меёбад. Омилҳои озмоянда ба монанди нигоҳубину таъминоти хонавода, кору фаъолият, бемордории ҳамсару фарзандон хеле бисёр мешаванд.

Издивоҷ баҳраи ҷинсӣ, дурӣ аз танҳоӣ, лаззату хушгузаронии ҳаёт низ ҳаст, аммо дар паси пардаву умқи мақсади он марҳалаи асосие барои рушду такмил ёфтани инсон аст. Дар натиҷаи издивоҷ метавон он қадар дар ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоӣ муваффақ шуд, ки ягон ҷанбаҳои дигари ҳаёт ин хусусияти рушдро надоранд. Инсон дар гирдоби масъалаву мушкилоти издивоҷ ғарқ шудан намехоҳад, аз ин рӯ тамоми ақлу хирад, тавоноиву имконияташро истифода бурда, паи халосиаш чораҷӯӣ мекунад ва аксари вақт муваффақ ҳам мешавад. Ин ҳама тамрини хубест, барои тавонотар, оқилтар ва ҳушмандтар шудани инсон. Албатта, баъзе шахсоне ҳам ҳастанд, ки аз мушкилот ҳарос доранд, ба ин тарафи масъала таваҷҷуҳ намекунанд, ки бояд нотарсона вориди саҳнаи мушкилот шаванд. Тарс аз мушкилоти издивоҷ моро набояд аз издивоҷ кардан нигаҳ дорад. Магар мо ба хотири мушкилоти таҳсил аз хондан рӯ мегардонем? Ё кор сахту вазнин аст гуфта аз кор кардан даст мекашем? Ҳаёт бо пастию баландиҳо, талхиву шириниҳояш зебост.

Издивоҷ, аз як нуқтаи назар, монанди тиҷорати хеле бузургест, ки фоидаи зиёде дар ин муомила ниҳон аст. Аммо хатарҳое ҳам дорад ва мо бояд хеле боэҳтиёту бомулоҳиза бошем, то мабодо фиреб хӯрему тамоми сармояи ҳаётамонро аз даст диҳем. Яъне, хушиҳои он дар ҳолати муваффақияту комёбӣ беназир аст ва ба ҳамон андоза дар ҳоли шикастан зарарҳояш талху сахт ва таҳаммулнопазир аст.

Издивоҷ як интихоби бисёр муҳим аст. Агар интихоби оқилона дошта бошем, як неъмати бузургу камназире насибамон мегардад, аммо дар сурати аз рӯи ҳавову ҳавас интихоб намудан, ба бадбахтиву бало рӯбарӯ мегардем, ба мусибату фитна дучор мешавем, ки халосӣ аз он бароямон хеле мушкил мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки гуфтаанд: «Интихоби ҳамсар савдои умр аст.»

Издивоҷ мисли гулзорест, ки ба чанд қитъа тақсим шудааст ва ҳар қитъаи он баёнгари бахше аз зиндагии мост. Як бахши он шӯру шавқ ва лаззат, як бахши дигар талошу заҳмат, он тарафи дигар оромишу осоиш ва ғайра, аммо вақте кулли маҷмӯаро бо ҳам бубинем, хоҳем дид, ки издивоҷ, як маҷмӯаи рушддиҳанда барои шахсияти инсон ва хулоса, издивоҷ як маҷмӯаи инсонсоз мебошад.


Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ

Мақолаи қаблӣМуқаддима – Розҳои оиладорӣ (Дилафрӯзи Қурбонӣ)
Мақолаи баъдӣИнтихоби ҳамсари шоиста (интихоби дурусти зан / шавхар)