Чаро Паёмбар (с) 12 зан дошт, мусулмонон 4 зан?

0

Чаро Паёмбари Акрам Муҳаммад (с) бо 12 ҳамсар издивоҷ намуданд ва ё чаро мусалмон бо чор зан издивоҷ мекунад? Ҷавоб ба ин суол дар ин мақола аз сомонаи www.DONISH.su

4 зан дар Ислом

Чанд рӯз қабл апаи Ҳарамгули Қодир гуфтанд аз ҷониби баъзе масеҳиён ё аврупоиён мувоҷеҳи саволе мешавад, ки чаро Паёмбари шумо ҳафт зан доштанд ва ё шумо мусалмонҳо иҷозати то ҳафт зан гирифтанро доред?

Давоми матнро баъди реклама хонед

Хостам посухи кутоҳе дошта бошам ва шояд холӣ аз хатоҳо набошад.

Нахуст дар посух ба масеҳиён ё ғарбиёне, ки Паёмбари Худо Муҳаммад (с) ро барои бисёрҳамсарияш зери бори таънаи ноодилонаашон мекашанд инро бояд бигӯед!

= Шумо агар Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро барои 9 зан доштанаш дӯст намедоред ва ӯро марди шаҳвоние медонед посухи шумо дар бораи Ҳазрати Сулаймон (а), ки 90 ё дар баъзе ақвол 300 зан доштанд ва яке аз паёмбарони маҳбуби шумост ва китоби “Сурудаҳо”-и ӯро бисёр бо шавқ дар “Библя” қироат мекунед, чист?


Паёмбар Муҳаммад (с) на ҳафт балки дар маҷмуъ 12 ҳамсар ва дар як никоҳ 9 ҳамсар доштанд ва ҳеҷ ривояте вуҷуд надорад, ки барои мусалмон 7 ҳамсар дар як никоҳ иҷозат бошад. Инки Паёмари (с) дар як никоҳ 9 ҳамсар доштанд ин вижаи худи Паёмбар буда, барои умматаш мувофиқи ояти 33 сураи Нисо дар як замон ва ё худ дар як никоҳ танҳо 4 зан иҷозат аст.

Нахуст ба зикри ном ва тартиби ба никоҳ даромадани ҳамсарони Паёмбари Худоро зикр менамоем, ки ба тартиби зайл ҳастанд:

  1. Хадиҷа бинти Хувайлид
  2. Савда бинти Замъа
  3. Оиша бинти Абубакр (р)
  4. Ҳафса бинти Умар (р)
  5. Зайнаб бинти Хузайма
  6. Умми Салма бинти Утба
  7. Зайнаб бинти Ҷаҳш
  8. Ҷувайрия бинти Ҳорис
  9. Сафия бинти Ҳай
  10.  Рамла бинти Абусуфён
  11. Мория бинти Шамъун
  12. Маймуна бинти Ҳорис.

Бояд донист, ки ҳама ҳамсарони Паёмбар (с) на душиза балки бева буданд, ғайр аз Оиша (р), ки дар мавзуи ҷудогонае ба син ва кайфияти издивоҷаш бо Паёмбар (с) баҳс хоҳем дошт.

Агар каме бо тааммул ба зиндагии пурмашақати Паёмбар (с) бо чашми хирад назар кунем хоҳем дид, ки сабаб ё омили бисёрҳамсарии Паёмбар (с) шаҳват набудааст, далелаш ҳам инки:

А) Издивоҷи Паёмбар (с) бо зане буд, ки бевазан ва қабл аз Паёмбар (с) ду шавҳар ва соҳиби авлод ва 15 сол бузургтар аз Паёмбар (с) буд, ва он ҳам Хадиҷа (р) аст.

Б) Чун Хадиҷа (р) дар синни 65 аз дунё чашм пӯшид Паёмбар (с) 50 сол дошт, афзун бар инки то синни 52, яъне боз ду сол пас аз марги нахуст ҳамсари меҳрубонаш ҳамчун вафо ва ғаме, ки аз ҷудои бо ӯ дошт аз издивоҷ дурӣ намуд.

В) Пас аз марги Хадиҷа (р) ва гузашти ду соли беҳамсарӣ ин марди гиромӣ бо зани 80 солае издивоҷ намуд, ки ӯ Савда бинти Замъа (р) аст. (Савда (р) аз ҷумлаи калонсолтарин мусалмонзанони бешавҳар буд, ки Паёмбар (с) бо ӯ издивоҷ намуда ӯро мавриди иззат қарор дод, то ибрате ба ёрон ва асҳобаш бошад)

Издивоҷи Паёмбар (с) бо боқӣ ё ҳамсарон дар синни пиронсолӣ ё худ пас аз синни 53 сабабҳои иҷтимои, сиёсӣ ва динӣ дорад, ки метавон онро чунин хулоса намуд:


1: Издивоҷ бо Оиша (с), ягона душиза ва хурдсолтарини ҳамсарон: Масале аст, ки мегӯянд: العلم في الصغر كالنقش على الحجر

“Дониш омӯхтан дар хурдсолӣ монанди нақш бар санг аст”

Иныост, ки Оиша (р) донотарин мардумон дар илми фароиз ва навофил гардид буд, ҳатто бузургтарин саҳобагон, ба монанди Умар (р) дар баъзе аз масоили шаръӣ ба ӯ муроҷиат менамуданд.

2: Меҳрубонӣ бо бевазанон: чунончи Паёмбар (с) бо Савда (р),  Рамла (р) ва … издивоҷ намуда буд, то барои бархе, ки шавҳарони худро дар роҳи Худо аз даст дода буданд малҳам ва кафиле бошад.

3: Робитаи нек бо дигар кишварҳо: чунончи бо Морияи Қибтияи Мисрӣ издивоҷ намуда буд ва ин амали Паёмбар (с) дар мардуми Миср таъсири мусбати худро гузошта буд.

4: Издивоҷи Паёмбар (с) бо Сафия (р), ки духтари яке аз сарварони яҳуд буд. Ин издивоҷ худ сабабе буд то даста-даста яз яҳудони Ҷазираи араб ба дини ислом гаравиданд.

5: Издивоҷ бо Зайнаб (р) бо фармони қуръонӣ буд, то ин масъала барои муъминон бештар равшан гардад, ки ҳеҷгоҳ бачахондагӣ маънои фарзанд будани шахсро надорад.


Касоне, ки издивоҷи Паёмбар (с) бо Оиша (р)-ро шаҳватпарастӣ медонед ба ин ривояти Оиша (р) назар кунед, ки мегӯяд: аз Паёмбари Худо (с) чизи аҷибе дидам, шаби аввале, ки ба наздам ворид шуд ва ба ман наздик шуд аз ман барои намоз ва шабзиндадорӣ иҷозат пурсид. Пас аз онки ба ӯ (с) иҷозат додам ба намозу муноҷоташ бархост.

Ин аст ҳамон паёмбаре, ки дар шаби арусӣ ва нахусташ бо душиза, иҷозати шабзиндадорӣ дар роҳи Худоро мепурсад.

Оё ба ин амали Паёмбари Худо (с), ки пас аз хонадоршавӣ бо ду зани пирсол ё бевазане ба душизае издивоҷ менамояд ва дар худи ҳамон шаб иҷозат барои намоз ва шабзиндорӣ мепурсад шаҳватпарстӣ гуфта мешавад?

Куҷост инсоф?

Вақте Паёмбар (с) мардумро ба парастиши Худои ягона даъват менамуд ва чизе ҳам аз моли дунё надошт ва ба дур аз зиндагии осоишта буд мушрикони Қурайш ҷамъ омаданд ва пешниҳоде ба ӯ (с) намуданд, ки агар аз ин даъваташ баргардад мо ба ӯ моли бешумор ҷамъ намуда ва беҳтарину зеботарин занони Қурайшро ба никоҳаш медарорем.

Аммо Паёмбар (с), ки даъваташ аз ҷониби Худо буд, гуфт: агар хуршедро дар дасти ростам ва моҳро дар дасти чапи ман гузоред ман ҳаргиз аз ин роҳ барнамегардам.

Куҷост шаҳватпарастӣ?

Куҷост инсоф?


ЧАРО МУСАЛМОНОН БО ЧОР ЗАН ИЗДИВОҶ МЕКУНАНД?

“Агар шуморо бими он аст, ки дар кори ятимон адолат наварзед, аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду, се ва чаҳор ба никоҳ дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танҳо як зан бигиред ё ҳар чӣ молики он шавед. Ин роҳи беҳтар аст, то муртакиби ситам нагардед” (Сураи Нисо: 3)

Инро ҳам бояд донист, ки бештар аз як зан доштан шартҳои худро дорад, ки ба таври зайл аст:

Аввал: Адл

Чунончи дар ояти мазкур омадааст: “Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танҳо як зан бигиред”

Адли мазкур дар ин ояти карима адл миёни ҳамсарон дар нафақа, пушока ва хесту хоб ва дигар чизҳои моддӣ аст, ки дар тавони мард аст.

Аммо адл дар муҳаббат берун аз тавони мард аст, ки ба он мукаллаф намебошад, чунончи дар ояти зер дида мешавад, ки Худованд мефармояд:

“Ҳарчанд бикӯшед, ҳаргиз натавонед, ки дар миёни занон ба адолат рафтор кунед” (Сураи Нисо: 129)

Дуюм: Тавони нафақа бар ҳамсарон

Далели ин шарт фармудаи Худованд аст, ки мефармояд:

“Онон, ки тавоноии заношӯӣ надоранд, бояд покдоманӣ пеша кунанд, то Худо аз карами хеш тавонгарашон гардонад” (Сураи Нур: 33)

Инҷо бояд ҳамеша чанд нуктаро дар назар дошта бошем:

  1. Аз саршумории аҳолии кишварҳо бармеояд, ки шумори занон бештар аз мардон аст. Пас агар ҳама мардон ба як ҳамсар иктифо кунанд шумори зиёде аз занон бешавҳар хоҳанд монд, ки ин худ зарари бузурге бар худи зан ва ҷамъият аст.
  2. Зараре, ки вобаста ба худи зан аст ин аст, ки агар дорои шавҳар бошад хостаҳои ӯро, аз ҷумла шаҳваташро рафъ намуда шояд фарзанде дошта бошад, ки шавқи модарияшро бо ӯ бароварда сохта ва кам аз кам дар пирӣ дастгири ӯ бошад.
  3. Зараре, ки марбут бар муҷтамаъ аст, ин аст, ки дар ҳолати бешавҳар мондани зан шояд ба корҳои даст занад, ки оқибаташ аз роҳ задани дигар мардон ва ё ба бемориҳое, ки дунё аз табобаташон оҷиз аст, гирифтор шудан аст. Мисоли оддии он бемории ЭЙДЗ
  4. Ё таваллуд шудани фарзандонест, ки маънои оила ва ё чи ва ки будани падарро намедонанд.
  5. Ё шояд дар солҳои ояндаи наздик шоҳиди беморӣ ва ё дигаргуниҳое шавем, ки берун аз тасаввури мост. Яъне дар баъзе аз кишварҳо шояд ҳайвоне ба ҳоли инсон бихандад.
  6. Баъзе аз мардон, ки дорои шаҳвати баланд ҳастанд шояд дар ҳолати гирифтории ҳамсараш ба бемориҳои хоси занона, ки баъзан ба муддати 40 рӯз аст, дар машақат воқеъ шаванд.

Шояд касе чунин пурсише ба сараш давр мезанад, ки чаро Ислом аз ҳамхобагӣ дар ин муддат манъ намудааст?

Ҷавобаш ин аст: тибби имрӯз ҳам зарари чунин чизеро тасдиқ мекунад

7. Ҷанг ва ҳодисаҳои бузург бештар ҷони мардонро мерабояд, ки дар ин сурат боз сафи занони бешавҳар бештар мегардад. Пас ҳали он боз ҳамон бисёрзанист.

8. Шояд ҳамсари аввал ақим (безуриёт) аст. Дар ин сурат метавонад шавҳар ҳамсари дигар интихоб кунад ва ӯ низ бо шавҳараш боқӣ монад.

Бисёрзанӣ вижаи дини Ислом набуда дар динҳои пешин низ вуҷӯд доштааст, ба монанди Иброҳим (а), Яъқуб (а), Довуд (а) ва Сулаймон (а), ки бештар аз 90 ҳамсар доштааст. Афзун бар инки пеш аз биъсати Паёмбар (с) мардоне буданд, 4, 5 ва 8 ҳамсар доштаанд, ва ин дини Ислом буд, ки онро ба 4 маҳдуд сохт.

Акнун савол ба хурдагирони дин ва шариат ва ё масеҳиён ва ё касоне, ки дар кишварҳои ғарбӣ зиндагӣ доред, ба ҷадвали зер хуб аҳамият диҳед!

Кишвар     Аҳолӣ     Мард     Зан

1 Амрико  320м       49,2%   50,8 %

2 Русиё     142м      46,1%    53,9 %

3 Олмон     82м       49,1%    50,9 %

4 Фаронса  64м       48,4%    51,6 %

5 Итолиё    61м       48,6%    51,4%

6 Испониё  47м       49,4%    50,6%

7 Украина  45м       46,1%    53,9%

8 Полша    38м       48,3%    51,7%

9 Руминия 22м       48,7%    51,3%

10 Юнон   11м       49,3%    50,7%

11 Португаля 10м  48,4%    51,6%

12 Маҷористон 10м 47,5%    52,5%

13 Беларус  9,5м     46,4%   53,6%

14 Австрия 8,5м      48,8%   51,2%

15 Эстония 1,3м      46,4%  53,6%

Танҳо дар ин 15 кишваре, ки интихоб намудем бештар аз 870,000000 одам зиндагӣ мекунад, ки бо ҳисоби миёна 427 миллион мард ва 443 миллион зан аст.

443-427=16 (16,000000)

Афзун бар ин танҳо дар ин кишварҳо зиёда аз 4-6 миллион гей аст, ки онҳо дигар бояд шавҳар кунанд ва барояшон 2 ё 3 миллион мард лозим аст то аз издивоҷ даст кашида бо гейҳо издивоҷ кунанд, ки дар ин сурат боз аз 6 то 7 миллион зан аз мард маҳрум мешаванд.

Акнун посухи шуморо мунтазирем, ки ин 23 миллион зан чи кор кунанд, куҷо раванд?

Оё шумори он барҳои шабона низ тавони гунҷонидани ин рақамро доранд?

Оё инро мехоҳед, ки шаб ба кучаҳо рехта ва аз онҳо танҳо истифода шаваду бас?

Оё инро мехоҳед пас аз чанд соли истифода бурданашон хонаҳои барои пиронсолон сохтаатон холӣ намонад?

Ниёзи шумо ба ин ояти қуръонӣ, ки даъват ба бисёрзанӣ мекунад бештар аз мост.

Худо ба ҳар чиз донотар аст.

Абудлҳаннони Абдурраҳмон

Мақолаи қаблӣЗанон бидуни маҳрам сафар карда наметавонанд?
Мақолаи баъдӣМаош сари вақт пардохт намешавад, чӣ бояд кард?