Дилафруз Қурбонӣ (маълумот, зиндагинома) – Розҳои оиладорӣ

0

Дилафруз Курбони (маълумот, зиндагинома) – Розхои оиладори.

Дилафруз Қурбонӣ - Дилафруз Курбони
Дилафруз Қурбонӣ, акс аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

Пасгуфтор – Розҳои оиладорӣ

Қурбонӣ Дилафрӯз 2 июли соли 1981 дар деҳаи Душанбеи ноҳияи Фархор дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми тифлию наврасияшро дар ҳамон ҷо паси сар кардааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами №52 ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорида, пас аз таҳсил соҳибихтисос мегардад. Барои идома додани таҳсил, ба пойтахти кишвар-Душанбе раҳсипор мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода дохил шуда, ҳамзамон дар ансамбли эстрадии «Гулшан» ба фаъолияти сарояндагӣ шурӯъ мекунад. Дар ҷамъомадҳову чорабиниҳои давлатӣ ширкати фаъолона менамояд. Новобаста ба душвориҳои донишҷӯӣ чанд суруду оҳанг сабт кардаву ба навор мегирад. Дар барномаҳои театрӣ низ худашро санҷида, нақшофарӣ намудааст.

 Баъди хонадоршавӣ, худашро ба оила мебахшад ва саҳнаи ҳунарро тамоман тарк намуда, канор меравад. Бо амри тақдир чандин сол дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ кардааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Аз хурдӣ ба шеъру достон, назму наср, хулоса ба адабиёти клоссику муосир шавқу рағбати беандоза дошт. Орзуи аҳли фарҳангу соҳибқалам шуданро дар дил мепарварид, зеро волидайни фарҳангдӯстдораш ӯро дар як муҳите ба воя мерасонданд, ки саршор аз илму адаб, накҳати хирад ва атри нафиси камолот буд. Ҳанӯз хонандаи синфи панҷум буд, ки шеъргунаҳоеро аз эҷоди хеш ба як дафтар ҷамъ оварда, мутаасифона, онро аз даст медиҳад. Ба сабаби ин зарба дигар аз навиштан даст мекашад, вале ҳеҷ гоҳ аз олами зебои адабиёту фарҳанг дур набуда. Чандин муддат аст, бо пеш омадани шароити мусоид қаламро дӯсту ҳамнафаси хеш қарор дода, ба навиштану эҷод машғул аст. Мусоҳибаву мақолаҳо, достонҳову ҳикояҳояш дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла «Фирӯза», «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Оила», «Дишидак», «Роҳнамои хонавода» ва ғайра, пайваста рӯи чоп меоянд. Ба узвияти Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Китобҳои то имрӯз рӯйи чоп омадааш: китоби «Қуръоннома»- и доктор Умеди Маҷд (баргардон аз фосӣ ба сириллик), китоби «Китоби орзуҳо», китоби «Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт»-хотироти шифоҳии академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ (рӯйи чоповаранда), китоби «Мӯйсафед»-и Аминии Деҳақӣ (баргардон аз форсӣ ба сириллик), китоби «Ҷуръае аз ҷом» аз «Ҳафт авранг»-и А. Ҷомӣ (баргардон аз форсӣ ба сириллик), китоби «Шоҳмот бо мошини қиёмат»-и Ҳабиби Аҳмадзода (баргардон аз форсӣ ба сириллик) …

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иштироки фаъолона дошта, мекӯшад дар фазои маҷозӣ низ рисолати адиб буданро сарбаландона анҷом диҳад.

Забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хатти форсиро мусаллат буда, ба корҳои тарҷумавию баргардонӣ низ машғул аст. Айни ҳол дар баҳри беканору маввоҷи «Адабиёт» бо заврақи сухан ба шиноварӣ машғул мебошад. Умед бар он мебандад, ки дар ҷодаи фарҳангу адабиёти кишвар заҳмат кашида, ба халқи азизу сарбаландаш хидматҳои шоёнеро ба анҷом бирасонад.


Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ. Мавзӯҳои ин китобро аз ҳамин барчасп бихонед.


Саҳифаи Дилафрӯз Қурбонӣ дар фейсбук

Мақолаи қаблӣТалоқ – Розҳои оиладорӣ (ҳатман бихонед)
Мақолаи баъдӣАнвоъи Ҳаҷ – Намудхои Хач (Ҳаҷи фарзӣ ва ҳаҷи умра)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед