Аломатҳои доллар ($), евро (€) ва рубл (₽) чиро ифода мекунанд?

0

Аксарият қурби асъори давлатҳо дорои аломатҳои худ мебошанд. Имрӯзҳо бештари асъори хориҷие, ки дар Тоҷикистон ва инчунин дигар мамлакатҳо истифода мешаванд доллар, евро ва рубл ба ҳисоб мераванд. Бо истифода аз сарчашмаҳои интернетӣ маънои ин аломатҳоро нигоштем то заррае ҳам бошад дониши шуморо дар ин самт зиёд намуда бошем.


Аломати доллар ($)

Давоми матнро баъди реклама хонед

Оид ба пайдоиши аломати доллар ақида ва гунаҳои гуногун мавҷуданд. Барои шумо танҳо дақиқтаринро меорем.

Аббревиатураи «US» – United States

Яке аз машҳур ва дақиқтарин ақидаи пайдоиши аломати “$” ин аббревиатураи “US” (аз United States – Иёлоти Муттаҳида) ба ҳисоб меравад. Ин ақида аз он иборат аст, ки ҳарфи лотинии “U” дар дохили ҳарфи “S” мехобад, ки дар натиҷа дар ҳарфи “S” ду хат пайдо мегардад. Вобаста ба ҳуруфҳои гуногун дар аломати доллар як ва ё ду хат мавҷуданд, ки аз ҳамдигар фарқ надоранд.

Ин ақида аввалин маротиба соли 1876 дар газетаи илмии Лондон – “Notes and Queries” пайдо гардида буд. Баъдан тасдиқи ин дар энсиклопедияҳо ва газетаҳои гуногун пайдо гашт.

 Аббревиатураи «Ps» – Pesos

Яке аз дақиқтарин ақидаҳои пайдоиши аломати “$” ин ҳарфҳои Ps ба ҳисоб мераванд, ки кӯтоҳшудаи шакли ҷамъи калимаи “песо” мебошанд. Песо (Pesos) дар гузашта воҳиди пулии якчанд давлатҳои Амрико ба шумор мерафт. Моҳияти ин ақида чунин аст, ки ҳангоми ҳарфи “P”-ро ба рӯи ҳарфи “S” гузоштан дар рӯи ҳарфи “S” хате пайдо мегардад, ки он аломати “$”-ро ба вуҷуд меоварад..


Аломати евро (€)

Аломати “€” ҳамчун аломати евро расман 12 декабри соли 1996 эълон гашт. Ҳангоми интихоби аломат барои асъори евро 30 аломати гуногун пешниҳод гашта буд.

Расман шарҳи комиссия ҷиҳати интихоб намудани аломати “€” ҳамчун аломати евро чунин буданд:

 – Эпсилони юнонӣ «ε», ки ишора ба Юнон – гаҳвораи тамаддуни Арупо;

– Ҳарфи Е – аломати Аврупо;

 – Хатҳои параллелӣ, ки аломатро бурида мегузаранд, таҷассумгари устувории асъор.


Аломати рубл ()

Аломати “₽” ҳамчун аломати рубли русӣ охири соли 2013 пайдо гашт. Дар конкурс аломатҳои гуногун мавҷуд буданд ва танҳо ҳарфи “Р” бо «хатҳои бурида» қабул гардид. Агар ба интихобҳои аврупоӣ назар андозем, пас ин аломат дар худ таҷассумгари асъор аст.


Армандо Маркай – пешхизмате, ки чеки 424 ҳазор доллараи мизоҷашро баргардондааст

Манбаъҳои истифодашуда:
Wikipedia.org, credits.ru, chtooznachaet.ru

Мақолаи қаблӣСнайпер чӣ маъно дорад?
Мақолаи баъдӣХотираи инсон чӣ гуна ва ғунҷоиши он чанд аст?

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед