Дуо ва тасбеҳоти баъди НАМОЗ

31

Дуоҳои зерин одатан баъд аз намоз хонда мешаванд. Оиди намоз инҷо хонед: Тарзи хондани НАМОЗ

Ҳар як намозхон баъд аз намоз дуоҳоро ба тариқи зерин мехонад (одатан се маротиба дуо мекунанд):

Дуо ва тасбехоти намоз, духтари мусулмон, мусулманка

Давоми матнро баъди реклама хонед

Дуои аввал

 “Астағфируллоҳ, Астағфируллоҳ, Астағфируллоҳ. Аллоҳумма антассаллом ва минкас-салом ва илайка ярҷиуссалом ҳаййино раббано бисслом вадҳилно дорас салом таборакта Раббано ва таъолайта ё зал ҷалоли вал икром.”

Ояталкурсӣ (ояталкурсиро дар инҷо ҳам бо арабӣ ҳам бо хати криллӣ бубинед <<)

Субҳоналлоҳ (33 маротиба), Алҳамду лиллоҳ (33 маротиба), Аллоҳу акбар (33 маротиба), калимаи Тавҳид (1 маротиба).

Аллоҳума тақаббал минно салотано, ва тазарруъано ва тахашшуъано ваъфуъано мин ҷамиъи нуқсонотиҳо ва тақсиротиҳо ва туб ъалайно ё мавлоно иннака антаттаввобур раҳим, бираҳматика ё арҳамарроҳимин.


Дуои дуюм

Чанд оят аз Қуръони карим тиловат карда, дуо мекунад. Масалан: Аъузу биллоҳи минаш шайтонир раҷим, Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.

Сураи Фил

Алам тара кайфа фаъала раббука биасҳобил фил. Алам яҷъал кайдаҳум фӣ тазлилив. Ва арсала ъалайҳим тайран абобил. Тармиҳим биҳиҷоратим мин сиҷҷил. Фаҷаъалаҳум каъасфим маъкул.

Баъд аз тиловати оятҳои Қуръони карим ин дуои хати қироатро мехонад:

Субҳона раббика раббил ъиззати ъаммоясифун. Ва саломун ъалал мурсалин. Валҳамду лиллоҳи раббил ъоламин.

Дуои баъди қироат

Ҳадя кардам савоб ва самари тиловати Қуръони каримро ба ризои Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло, ба рӯҳи пурфутӯҳи ҳазрати рисолатпаноҳ Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ва ба арвоҳи ҷамиъи муъминин ва муъминот ва муслимин ва муслимот, падарону модарон ва ба арвоҳи ҷаиъи гузаштагоне, ки ҳаққи онҳо бар мост. Худованди таборак ва таъоло ҷамиъашонро ғариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад, бираҳматика ё арҳамар роҳимин.


Дуои сеюм

Ба Паёмбар (с) салавот хонда чунин дуо мекунад:

Дуои хайр

Илоҳо оқибати кори ҷамъи муъмининро ба хайр гардонӣ, имонро саломат дорӣ, ба роҳи рост ҳидоят намоӣ. Тавфиқ бар тоат ва парҳез аз маъсият каромат фармоӣ. Аз гуноҳони сағира ва кабира пок гардонӣ. Аз бало ва офатҳо дар паноҳат нигаҳ дорӣ. Бар ҷамъи муроду мақсадҳои неки динию дунявӣ бирасонӣ. Аз гавҳари имон, ки ато фармудӣ, ҷудо нагардонӣ, омин ё раббал оламин. Бираҳматика ё арҳамар роҳимин

Дигар маводҳо


дуо намоз, дуо бади намоз, дуо баъди намоз, дуо бади намоз точики, дуо баъд аз намоз, дуо бади намоз бо забони точики, дуо баъди намоз бо забони точики, дуо бади намоз текст, дуо барои намоз, дуо баъди намоз хондан, дуо бади намоз араби, уо баъд аз намоз точики, дуо дар намоз, дуо ва тасбехоти намоз.

Мақолаи қаблӣОдоби муроҷиат бо «Ту» ва «Шумо»
Мақолаи баъдӣНишонаҳо ва пешгирии Коронавирус

31 ШАРҲ

    • Бояд аз аввали Қуръон ба охир хонед.

    • Не бародар дар намоз бояд сурахоро аз саршавии сурахо (аз тарафи сураи Бакара ) китоби Куръон шуруъ намои

    • Кадом намозҳоро бояд бо садои баланд хонем агар паст хонем ҷои аст?

    • Ассалоту вассалому алейкум ё Расулуллоҳ
      Ассалоту вассалому алейкум ё Ҳабибуллоҳ
      Ассалоту вассалому алейкум ё Набиюллоҳ

    • Дар танхоги баланд хондани намозхои фарзхое ки паст мехони баланд хондан мумкин аст е на

    • Сураҳои Кофирун (қулё), Ихлос (қулҳуваллоҳу аҳад), Фалақ (қул аъузу бираббил фалақ) ва Нос (қул аъузу бираббин нос)-ро “4 қул” меноманд.

  1. “Bahriddin 26.04.2021 At 00:07
    Кадом намозҳоро бояд бо садои баланд хонем агар паст хонем ҷои аст?”

    Агар бо ҷамоат бошад, фарзи намозҳои Бомдод, Шом ва Хуфтанро баланд мехонем ва намозҳои Пешин ва Асрро паст мехонем. Агар танҳогузор бошем ҳамаи намозҳоро паст мехонем.

    • Агар танҳогузор танҳо бошад яъне дар наздаш ҳеҷ кас набошад метавонад ,ки бо овози баланд қироат кунад

    • Хамон андоза хонда мешавад ки садои худро худат шунави яне танхо гузор онгунае хонад ки садояш бар гуши худаш расад

  2. Асалому алейкум дар намози шукрона бояд кадом суррахоро хонем дуруст мешавад. Маьлумот дихед

    • Алейкум салом!! Бародар Азимов!
      Намози шукрона Ду ракат хонада мешавад
      Мисли намозҳои панҷвақта. Кадом сурае ки мехоҳед хонед Иншаллоҳ дуруст мешавад.

  3. ассаламу алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу
    бародари азиз бубахшед ! аз намози шукрона гуфтагиятон мақсад чи намоз аст, оё дар аҳкоми шариъати ислом дар фиқҳи ибодот новобаста аз чор мазҳаб чунин намоз ҳаст?

  4. Ассалому алейкум Ман як пешниход дорам дар инчо тасбех а гуфта гузаштитону боз чаро калимаи тавхид ва оят ал курсиро нанавистед ба пураги. Инхоро низ хондан даркорку баьди тасбех гардонидан сони дуо мекунанд.Илтимос ба инобат гиред, ташакури зиед.

    • Ассалому алейкум, дӯсти азиз. Бисёр хуб қайд кардед. Калимаи тавҳид дар дуои аввал ҳаст. Хатоямонро ислоҳ кардем.
      Сипос ба шумо.

  5. Асалому алейкум ва рахматуллохи ва баракатуху илтимос касонеки медонанд гуедки намози нимашабро чи тавр мехони ва кадом дуохо ва сурахоро хондан лозим???

  6. Намози нимашаб намози таҳаҷуд ном дорад да дили шаб аз 2 то 8 ракаат хонда мешавад мисли намозхои панчгона факат дар ният намози таҳаҷуд мегуед

    • Хато қайд кардед намози шаб 2 ракъат ва 4 ракъат ният карда мешавад ва то 12 ракъат хонданаш мумкин фаркият аз намози 5вакта ҳамин аст ки дар саҷда бисёр истода дуоҳои зиёд хондан мумкин аст дар намози шаб!

    • Ассалому алейкум. Дар масчиди Харам дар Маккаю Маддина як соат пеш аз бомдод азон чег мезаданд барои намози таҳаҷуд . Лекин баъди намози хуфтан баъди як соаташ хонед хам мешад гуфта буданд роҳбалад. Аз 2 то 12 ракат.

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед