Фарзанддорӣ (тарбияи фарзанд) – Розҳои оиладорӣ

0

Оилаи мусулмон, исламская семья

Фарзанд нахли умр ва ширинии ҳаёти заношӯйӣ аст. Вуҷуди фарзанд пайванди заношӯйиро устувору мустаҳкам намуда, марду занро ба хонаву зиндагӣ дилгарм месозад.

Бо фарзанд муҳити хона ба худ фазои дилнишинеро касб мекунад ва хонаро босафову тароват мегардонад. Мард барои зану фарзандонаш талошу кӯшиши бештар мекунад ва зан ба хонаву дараш дилбаста мегардад.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Мавзӯи фарзанддор шудан гоҳ-гоҳ ба ихтилофу баҳсҳо дар оила сабаб мешавад. Муҳаббат ба фарзанд ва фарзандоварӣ орзуи табии ҳар инсон, балки ҳар як мавҷуди зиндаест.

Вуҷуди фарзанд самараи даврони издивоҷ ва беҳтарин ёдгори умри инсон аст. Агар инсон фарзанд дошта бошад, бо мурдан дафтари умраш баста намешавад, балки гӯё бо умри бисёр дароз офарида шудааст, чунки фарзандон давоми умраш мегарданд.

Шахси бефарзанд хештанро танҳову бекас ва бепаноҳ эҳсос мекунад ва ин ҳиссиёти танҳоӣ дар даврони пирӣ шадидтар гашта, бисёр рӯҳафтодакунанда мешавад. Хонаи бефарзанд вайронаеро мемонад, ки ҳаракату ҷунбуҷӯш надорад. Издивоҷи бефарзанд бепоя аст.

Нигоҳубин ва таълиму тарбияи фарзанд мушкилиҳои зиёд дорад, лекин чун пораи ҷигарамон асту Худованд меҳри падариву модариро зотан дар вуҷудамон ниҳодааст, ин ҳама душвориҳоро таҳаммул мекунем.

Ҳарду нафар дар пайдоиши кӯдак саҳмгузоранд. Бинобар ин фарзанддорӣ низ вазифаи муштараки зану шавҳар аст, на танҳо вазифаи зан. Албатта, маълум аст, ки модарон бо майлу рағбати беандоза фарзандашонро нигоҳубин мекунанд ва корҳои тозагиву тару хушк кардан ва шир додану дигар корҳои вобаста ба кӯдакро ба ҷону дил анҷом медиҳанд ва барои парасторию нигаҳдории ӯ ба ҳар гуна ранҷу азоб тоқат мекунанд. Лекин шавҳар ҳам набояд фидокориҳо ва заҳматҳои ҳамсарашро нодида бигираду бигӯяд: Тарбияи фарзанд вазифаи зан аст ва ман дар ин бора масъулияте надорам.

Гоҳе зану шавҳар дар бораи фарзанддор шудан ихтилофе надоранд, лекин дар бораи дер ё зуд ба дунё омадани он дар байнашон нофаҳмиҳо пайдо мешавад. Дар ин замина ба навхонадорон пешниҳод мегардад, ки дар фарзанддор шудан зиёд саросема нашаванд. Бо чанд сабаб:

1-Солҳои аввали зиндагӣ лаҳзаҳои ҳассосест, чун ду инсон бо ахлоқи гуногун дар зери як бом ба ҳам меоянд, то зиндагии якҷоя оғоз кунанд. Барои ҳамдигарро шинохтану дарк кардани ҳамдигар фурсате лозим аст. Ҳамсарон бояд ба ин хулосаи қатъӣ биёянд, ки метавонанд зиндагии якҷояро давом бидиҳанд ё на? Агар Худо накунаду «ситораҳояшон ба ҳам рост наояд» ва тасмими аз ҳам ҷудо шуданро бигиранду бефарзанд бошанд, дар ин ҳолат тифле ятим намемонад. Дар сурати фарзанддор буданашон баъзан вақт маҷбуранд ба хотири тифл худашонро қурбон кунанд, ки дар ин ҳол на зан аз зиндагӣ лаззате мебараду на шавҳар.

2-Солҳои аввали зиндагӣ ширинтарин марҳилаи зиндагист ва ба дунё омадани тифл бар масъулияти ҷавонон меафзояд. Хусусан дар ин даврон, ки ҷавонон хеле зуд оиладор мешаванд, дар сурате, ки баъзан вақт ҳамсарон худ кӯдаканд ва ба тарбияву таҷриба ниёзи бештаре доранд. Аз ин рӯ дар ин муддат метавонанд шитоб накарда, аввал барои худ каме зиндагӣ кунанд, сафарҳо анҷом диҳанд, аз ҳаёти заношӯйӣ лаззату баҳра бибаранд, аз ҳама муҳим заминае барои ба дунё омадани тифл муҳайё созанд ва баъд фарзанддор шаванд.

Гоҳе ихтилофи завқу салиқа дар шумораи фарзандон аст. Мард мехоҳад фарзанди зиёд дошта бошад, аммо зан мухолифат мекунад, ё баръакс. Беҳтар аст, зану шавҳар имкониятҳои молӣ ва шароитҳои зиндагияшонро ба назар бигиранд ва мувофиқи он дар бораи шумораи муайяни фарзандон маслиҳат намоянд. Гоҳе мавзӯи ихтилоф духтар ё писар будани фарзанд аст. Зану мард ҳарду бисёр вақт фарзанди писарро аз духтар афзалтар медонанд ва аз духтардор шудан эҳсоси хурсандӣ намекунанд. Вақте соҳиби духтар шуданд, зан чун чорае надорад, сукутро ихтиёр мекунад, вале мард бисёр вақт изҳори норизоӣ менамояд. Духтару писар чӣ фарқе доранд? Ҳарду фарзанд ҳастанду ёдгори падару модаранд. Ҳар ду инсонанд ва қобилияти пешравию тараққиётро доранд. Духтар низ, агар бо таълиму тарбияи дуруст парвариш ёбад, шахси барҷастае хоҳад шуд, ки метавонад барои ҷомеа хидматҳои арзандае анҷом диҳад ва падару модарашро сарафроз гардонад, ҳатто, духтар аз якчанд ҷиҳат бар писар бартарӣ дорад. Аввал ин, ки маъмулан духтар ба падару модар меҳрубону дилсӯзтар мебошад. Писар вақте бузург шуду истиқлол пайдо кард, аксари вақт ба падару модар чандон аҳамияте намедиҳад ва агар озораш нарасад, нафъе ҳам ба ҳолашон намерасонад, лекин духтар дар ҳама ҳолат нисбаташон ғамхору дилсӯз хоҳад монд. Махсусан, агар падару модар байни духтару писар фарқе нагузоранд ва ҳуқуқи духтаронро поймол насозанд, ҳамеша маҳбубу муҳтарам мемонанд. Дувум, аз назари иқтисодӣ маъмулан духтар камхарҷтар аз писар аст, зеро муддати монданаш дар хонаи падару модар камтар мебошад. Бештари духтарон ҳамин, ки ба балоғат расиданд, оиладор шуда, хонаи волидайнро тарк мекунанд. То вақти рафтан ба хонаи шавҳар дар хонаи падар хидмати хонаводаро мекунад, чунки ҳама ташвишу заҳмати хона асосан бар дӯши духтари хона аст: хона мерӯбад, косаву табақ ва либос мешӯяд, хӯрок мепазад, бародар ё хоҳарашро нигаҳбонӣ мекунад ва ҳоказо. Баъзан барои худаш вақт намеёбад. Вале писарон он қадар ба ташвишҳои рӯзгор вобаста нестанду аҳамият ҳам намедиҳанд. Шояд қисми камашон машғул шаванд, лекин хеле ба шумори кам. Маъмулан ба бозиву дилхушии худашон саргарм мешаванду ба кору бори хона даст намезананд, гӯё ин ҳама ташвиш фақат кори духтарон аст. Чунин фикри хаторо аз хурдӣ дар зеҳни онҳо ҷой дода, бо мурури солҳо тақвияташ медиҳем, то аз меҳнат кардан ор кунанд: хонарӯбӣ кори духтар аст, либосшӯӣ кори духтар аст ва ғайра. Вақте бузург шуду ногаҳон бо амри тақдир танҳо монд, аз дасташ ҳунаре намеояд, ҳатто, тухмро дуруст пухта наметавонад. Барои шикамашро сер кардан маҷбур аст ба хонаи касе, ё ба ошхона биравад. Либосҳои ифлосаш ғарам мешаваду ба онҳо даст намерасонад, чунки ҳунари шустан надорад. Маҷбур аст, ё касеро зораву илтимос намояд, то онҳоро бишӯяд, ё ба хонаи волидайн бурда партояд, то аз заҳматашон халос шавад. Бо ин аҳвол баъзе писарҳо муддатҳои зиёде, ҳатто, гоҳо то охири умр дар гардани волидайн сарборӣ ҳастанд. Зодмандон ночоранд хароҷоти таҳсилоташро бипардозанд, касби муносибе барояш пайдо кунанд. Агар хидмати ҳарбӣ равад, ду сол ҳам ғам бихӯранд ва ҳам хароҷоти хидматашро ба зимма бигиранд. Баъд аз он хонадораш кунанд, дар хонадоркунӣ низ барои маҳру сару либос ва ҷиҳози арӯсӣ маблағи зиёде сарф мешавад. Агар аз уҳдаи идораи рӯзгор набаромаду муҳтоҷ шуд, боз ҳам сарбории волидайн хоҳад гашт. Севум, агар падару модар байни духтару писар фарқе нагузоранд ва бо домодашон хушмуомила бошанд ва аз даҳ як ҳиссаи муҳаббатҳоеро, ки нисбат ба писарашон доранд, ба домодашон низ дошта бошанд, дар гирифториҳову мушкилоти зиндагӣ домодашон низ зудтар ба кумаку ёрияшон мешитобад ва хеле босафотару бовафотар аз писар хоҳад буд.

Аслан, духтардор шудан магар айбу тақсири зан аст, ки шавҳару дигар аъзои оила ба ӯ эрод гирифта, дар духтарзоӣ гунаҳгораш мекунанд? Бисёр ҳодисаҳои нангинеро дидаем, ки мард ҳамсарашро ба хотири духтар таваллуд карданаш талоқ медиҳад, гӯё ҳамааш дар дасти он зани бадбахт бошад. Чӣ хел мешавад, баръакс зан агар аз гиребони шавҳараш бигирад, ки чаро аз ту фақат духтар таваллуд мекунам? Мард дар кадом ҳолат қарор мегирад? Ҳақиқати кор ин аст, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо тақсир надоранд, ин ҳама бо хости Худованди бузург анҷом мепазирад. Ба Парвардгор вобастагӣ дорад, ки мо соҳиби духтар мешавем ё писар, яъне, ҳар касеро хост, писар медиҳаду ҳар касеро хост духтар медиҳад. Магар бар зидди хоставу иродаи Худованд метавонем ё ҳақ дорем, ки изҳори норизоӣ намуда, шахси бегуноҳеро дидаву дониста гунаҳгор кунем? Дар ҳоле ки баъзеҳо ба нохуни фарзанд зор ҳастанд. Шукргузор бояд буд. Бисёр оилаҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди 3-4 духтар доштанашон боаҳлонаву тифоқона зиндагиашонро пеш мебаранд. Масалан, яке аз дӯстони оилаамон соҳиби 5 духтар буда, зиндагии хушу хуррамонае доштанд ва ҳатто, лаҳзае лаб ба шикоят намекушоданд.

Ҳарчанд марди хонаро ҳар лаҳза пайвандон ягон зани «бачакун» додан мехостанд, вале ӯ воқеан ошиқи ҳамсараш буду духтаронашро аз дилу ҷон дӯст медошт. Тамоми шароитҳои замонавиро барояшон омода сохта, намегузошт гарде ба мӯяшон нишинад ва ҳамеша назди Худо шукрона мекард, ки соҳиби ин гуна неъмати бебаҳост. Вале чӣ мегӯед, баъд аз понздаҳ соли зиндагиву таваллуди панҷ духтар ногаҳон соҳиби писарчаи дӯстрӯяке ҳам гаштанд ва дар зарфи 3 сол сафашон ба 3 нафар расид.

Бахше аз олимон ақида доранд, ки таваллуди духтар ё писар ба навъи хӯрокҳое вобастагӣ дорад, ки модар дар ду моҳи аввали бордорӣ истеъмол менамояд ва бар ин назаранд, ки бо истифода аз барномаҳои махсуси ғизоӣ метавонем, фарзанди дилхоҳро ба дунё биёварем. Бинобар ин касоне, ки хеле хоҳишманди доштани писар ҳастанд, беҳтар аст бо мутахасисони ин соҳа дар ин бора машварат намоянд. Беҳудаву баҳуда айши худу ҳамсарашонро талх нагардонанд.

 Вобаста ба ин мавзӯъ гуфтаҳои шоирро низ изофа мекунем, ки айни мудаост:

Машав ғамгин, агар духтар бизодӣ,
Ки аз духтар бувад пайваста шодӣ.
Басе духтар, ки соҳибтоҷ гардад,
Ба пешаш сад писар муҳтоҷ гардад.

Зан дар замони бордорӣ ниёзи шадиде ба оромиши фикрӣ ва ишқу муҳаббат ба зиндагӣ дорад, зеро асабҳои солиму оромиши фикрӣ ва шавқу алоқа ба зиндагӣ, ҳам дар саломатияш таъсири хуб дорад ва ҳам дар ҷисму равони кӯдаке, ки дар батнаш парвариш меёбад, таъсири муфиде мерасонад. Таҳияву омодасозӣ ва таъмини чунин муҳити амну оромибахш низ бар уҳдаи шавҳар аст. Шавҳар ҳамеша бояд бо муҳаббатҳову навозишҳо ва дилҷӯиҳояш дили ҳамсарашро гарму ором нигаҳ дорад, лекин дар замони дуҷонӣ бояд ин барномаро ду баробар зиёд намояд. Рафтори шавҳар бояд ончунон бошад, ки ҳамсараш аз ҳодисаи муҳиму наве, ки ба вуҷуд меояд, эҳсоси ғуруру шодмонӣ кунад ва бар хештан биболад, ки масъулияти парвариши як инсони хубу солим бар зиммааш ниҳода шудааст. Ба хубӣ эҳсос кунад, ки шавҳараш бо тамоми вуҷуд ӯро дӯст медорад ва ба фарзандаш низ комилан дилбастагӣ дорад.

Муҳимтарин ва ҳассостарин вазифаи падару модар парваришу тарбияи фарзанд аст. Дар ин бора падару модар ҳарду масъулият доранд, лекин бахши вазнини ин кор маъмулан бар дӯши модарон мебошад, зеро онҳо ҳастанд, ки метавонанд ҳамеша кӯдакони хешро нигаҳбонию ҳифз намоянд. Агар модарон ба вазифаи сангину муқаддаси модарӣ ошно бошанд ва бо барномаи саҳеҳу дуруст навниҳолони ҷомеаро парвариш диҳанд, метавонанд вазъияти умумии як ҷомеа, ҳатто ҷаҳонро ба таври куллӣ дигаргун созанд. Аз ин рӯ тараққӣ ва таназзул, пешрафту ақибмондагии ҷомеа дар дасти бонувон ва дар ихтиёри онҳост.

Бисёре аз мардум аз маънои саҳеҳи тарбия ғофил буда, байни таълиму тарбия фарқ намегузоранд. Тарбияро як навъ таълим мепиндоранд. Хаёл мекунанд, бо ёд додани якчанд калима, сухану мафҳумҳои судманди динӣ ё тарбиятӣ ва ба воситаи панду андарзҳои ҳакимону шоирон ва нақли саргузаштҳои мардони нек метавонанд, фарзандонашонро таҳти идораи худ қарор дода, мутобиқи майли дилашон тарбия намоянд. Масалан, гумон мекунанд, агар оятҳову ҳадисҳои вобаста ба мазаммати дурӯғгӯйиро ба кӯдакон ёд додаанд ва маҷбурашон кардаанд, ки чандин ҳадису достон дар бораи фазилатҳои ростгӯйӣ аз бар кунанд ва ҳатто, дар пеши мардум бихонанду ягон туҳфаеро соҳиб шаванд, ҳатман ростгӯ тарбия хоҳанд шуд.

Дар сурате, ки дар мавриди тарбия танҳо ба ин миқдор наметавон қаноат кард. Албатта, аз ёд кардани ояту ҳадисҳо, шеъру ҳикояҳо ва достонҳои омӯзанда беасар несту таъсири хубу амиқе дар рафтору гуфтори фарзанд мегузорад, лекин он чизеро, ки мо аз тарбият интизор дорем, бо ин роҳу барномаҳо наметавонем ба даст оварем. Агар дар талоши тарбияи дурусту комил бошем, бояд кӯдакро дар шароиту ҳолатҳои хосе қарор диҳем ва муҳити хубу муносиберо барояш ба вуҷуд оварем, ки табиатан ростгӯву солеҳ ба воя бирасад. Муҳити нашъунамо ва парвариши кӯдак, агар муҳити ростӣ, дурустӣ, имондорӣ, амонатдорӣ, покизагӣ, шуҷоат, хайрхоҳӣ, меҳру вафо, самимият, адолат, кору кӯшиш, иффат, озодӣ, баландҳимматӣ, ғайрат, фидокорӣ бошад, кӯдак низ бо ҳамин сифатҳо одат карда, тарбият меёбад.

Ҳамчунин агар дар муҳити хиёнат, бадӣ, дурӯғ, ҳиллабозӣ, чоплӯсӣ, ифлосию чиркинӣ, буғзу кина, нифоқ, кӯтоҳфикрӣ, дурӯягӣ, маҳрум аз озодиву ҳуқуқҳои хеш парвариш ёбад, хоҳ нохоҳ ба ин сифатҳои зишт одат карда, фосиду бадахлоқ тарбия мешавад. Дар ин сурат агар садҳо шеъру достон, ояту ҳадисҳо ва панду андарзҳоро бидонаду аз ёд бихонад ҳам, дар ахлоқаш заррае таъсир нагузошта, ба андозаи як амали омӯзонанда ӯро ислоҳ нахоҳад кард. Падару модари дурӯғгӯ наметавонанд, ба воситаи ояту ҳадис кӯдакро ростгӯ тарбия намоянд. Падару модари бадахлоқ бо амали худашон бачаро бадахлоқ мегардонанд. Кӯдак пеш аз он ки ба ҳарфу суханони мо таваҷҷуҳ кунад, ба амалу рафтори мо диққат мекунад. Аз ин сабаб падару модароне, ки талош доранд, фарзандашонро ислоҳу тарбия намоянд, бояд қаблан муҳити хонаводаву робитаҳои худашон ва ахлоқу рафтори хешро ислоҳ намоянд, то фарзандашон низ боадабу солеҳ ва шоиста тарбият шавад.

Яке аз корҳои ҳассоси бонувон ғизодиҳии фарзандон аст. Саломатию беморӣ, зиштиву зебоӣ, ҳатто, хушахлоқиву бадахлоқӣ, зиракиву кундзеҳнии кӯдакон ба чигунагии хӯроки онҳо вобаста аст. Эҳтиёҷоти ғизоии онҳо бо бузургсолон яксон нест ва дар сину соли гуногун низ тағйир меёбад ва бонувони фарзанддор ин ҷиҳатҳоро бояд дар назар бигиранд. Беҳтарин ва комилтарин ғизоҳо барои навзодон шири модар аст. Тамоми моддаҳое, ки барои ғизогирӣ ва рушди бадани кӯдак зарур аст, дар шир ҳаст. Аз ҳамин ҳисоб шири модар барои навзод аз ҳар ғизое солимтару беҳтар мебошад. Зеро таркиби шири модар барои узвҳои ҳозимаи тифл муносиб буда, ба осонӣ ҳазм мешавад ва илова бар ин қалбакиву сунъӣ нест. Лекин модароне, ки кӯдакони ширмак доранд, бояд ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки моддаҳои гуногуни ғизоӣ ба василаи ширхӯрӣ дар ихтиёри ҷисми онҳо гузошта мешавад. Ин моддаҳои дар шир мавҷудбуда ба воситаи шири модар бояд таъмин шавад.

Чигунагии шири модар ба навъу миқдори хӯроки модар вобастагӣ дорад. Ба ҳар андоза хӯроки модар гуногуну пурғизо ва комил бошад, ба ҳамон андоза шираш низ комилу пурғизо мешавад. Бинобар ин ба модари ширдеҳ лозим аст, ки дар он айём ба хӯрокҳое, ки истеъмол мекунад, таваҷҷуҳи зиёд дошта бошад. Бояд ғизояш аз витамину сафедаҳо ва дигар моддаҳои зарурӣ ғанӣ бошад, то битавонад, эҳтиёҷоти худаш ва кӯдаки навзодашро таъмин кунад. Навзодро муназзам ва дар соатҳои таъйиншуда шир бидиҳад, то бо назму тартиб одат кунаду бурдборию сабурӣ биёмӯзад. Меъдаву узвҳои ҳозимааш солим бимонад. Агар ба назму тартиб риоя накарду ҳар вақт гиря кард, ба даҳонаш пистон гузоштед, ба ҳамин аҳвол одат мекунад. Ақидаи дигаре ҳам ҳаст, ки мегӯянд: ҳар вақт кӯдак хост, шир додан даркор аст, яъне, бо хоҳиши тифл. Кай мефаҳмем, ки гурусна асту шир хӯрдан мехоҳад? Ҳар вақте гиря кард. Пас, аз ин тифл дигар аз хурдӣ одат мекунад, ки бо гиря кардан ҳар хоҳишаш бечуну чаро иҷро мешавад. Гоҳу ногоҳ гиряро сар медиҳад, то бар эҳсосоти шумо бозӣ карда, гапашро гузаронад. Агар калон ҳам шуд, ин беназмиро аз даст намедиҳад.

Вақти озодашро дуруст истифода бурда наметавонад. Дар мушкилоти зиндагӣ сабру таҳаммул надораду бо андак чизе асабӣ мешавад ва ҷангу ҷанҷолро оғоз мекунад, ё ба гиряву зорӣ медарояд. Хаёл накунед, ки риояи назму тартиб дар бораи навзод душвор аст. Агар чанд рӯзе сабру таҳаммул ба харҷ бидиҳед, ба зудӣ бо барномаи дилхоҳи шумо одат мекунад. Духтурони кӯдакона изҳор медоранд, ҳар се ё чаҳор соат пас тифлро як бор бояд шир дод. Ҳангоми макондан навзодро дар бағал бигиред, то илова бар ин ки шир хӯрдан барояш осон гардад, аз меҳру муҳаббат ва меҳрубонии шумо низ бархӯрдор бишавад. Ин эҳсоси меҳру муҳаббат, ки ҳангоми макидани сина ба фарзанд мунтақил мешавад ва ҳамчунин назм дар ғизохӯрии ӯ дар шахсияти ояндааш таъсиргузор хоҳад буд. Кӯдак дар батни модар ба садои қалби модар гӯш карда одат мекунад. Вақте ки дар ин дунёи барояш пурошӯбу ҷадид арзӣ ҳастӣ мекунад, ҳамон садои ошнову азизро, ҳангоме ки мо ӯро ба рӯи диламон гузошта, шир мемаконем, мешунавад ва барояш хеле оромкунандаву рӯҳнавоз аст. Ҳарчанд мо саргарми кору бор ва ташвишҳои зиндагӣ ба ин ҷузъиётҳо зиёд таваҷҷуҳ намекунем. Инро олимон кайҳо омӯхта, муайян кардаанд.

Ҳангоме ки дар ҷогаҳи хобамон мехобем, навзодро набояд паҳлуи худ гирифтаву шир бидиҳем. Зеро мумкин аст, дар ҳамон ҳоле ки пистонамон дар даҳони ӯст, хобамон бурда монад ва ба ин сабаб он тифли бегуноҳро, ки наметавонад аз худаш дифоъ кунад пахш карда, нафасгир кунем. Ин гуна корҳоро баъзеҳо ғайриимкон меҳисобанд, лекин аз ин қабил ҳодисаҳо бисёр рух додааст.

Аз ҳаммом додану оббозӣ доронданаш ғафлат наварзед. Агар имконияту шароит бошад, то шашмоҳа шуданаш ҳар шаб шустушӯяш намуда, ба баъзе ҷои баданаш хокаи сафеда ва ба ҷойҳои хушки баданаш равғани махсуси кӯдакона бимолед. Дасту рӯяшро ҳар саҳар бишӯед. Чашмони навзодро то шашмоҳа шуданаш бо маҳлули махсус бишӯед, то аз хилту чиркҳо тоза шавад. Биничаашро низ тоза кунед, то роҳи нафасаш кушода гашта, ба осонӣ нафас бикашад. Агар қоидаҳои гигиениву беҳдоштро риоят накунем, мумкин аст бемор ё талаф шавад.

Аз бемориҳои сурхак, фалаҷи атфол, кабудсурфа ва ғайра, ки ваксина доранд, онҳоро эм намоем, то аз хурӯҷи ин бемориҳо ҷилавгирӣ кунем. Чунки масунияти ҷисми навзод то он дараҷа қавӣ нест, ки дар муқобили микробҳову бемориҳо истодагарӣ карда тавонад. Дар синну солҳои мухталифи ба воя расиданашон низ таваҷҷуҳамонро нисбат ба онҳо заррае кам накарда, аз маслиҳатҳову тавсияҳои муфиди олимону мутахасисон васеъ истифода карда, барои боз ҳам нашъунамо ёфтанашон аз ҷиҳати фикрию ҷисмӣ саъю кӯшиши беандоза намоем. Чӣ хеле мегӯянд: «Илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд кард». Агар аз қоидаҳои тозагиву беҳдошт риоя намоем, метавонем фарзандони солиму боҳуш ва нерӯманде парвариш диҳем ва аз хеш ба ёдгор бигузорем.


Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ


Дуои фарзанд барои бефарзандон

Дар тарбияи фарзанд мушкилӣ доред? Тавсияҳои мо

Панди падар ба фарзанд

Мақолаи қаблӣҲамбистарӣ (хамхобаги зану шавхар) – Розҳои оиладорӣ
Мақолаи баъдӣТалоқ – Розҳои оиладорӣ (ҳатман бихонед)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед