Ғусл. Нияти гусл. Тарзи гусл кардан

5

Дар ин мақола нияти гусл ва тарзи гусл кардан оварла мешавад. Маънои ғусл шустани тамоми бадан аст.

ғусл, нияти гусл

Ғусл намудан дар чунин мавридҳо фарз мешавад. Яъне ҳангоми рӯй додани ин ҳодисаҳо ғусл намудан лозим аст:

Давоми матнро баъди реклама хонед
  • Ҷимоъ кардан (Ҳамхобагӣ, хонадорӣ кардан)
  • Иҳтилом – ин аст, ки мард ё зан чун аз хоб бедор шавад ва дар либоси худ оберо чун “манӣ” ва ё “мазӣ”-ро мушоҳида намояд.
  • Хориҷ шудани “манӣ” бо ҷахиш ва шаҳват.
  • Қатъ шудани “ҳайз” ё “нифос” барои занон.

Дар рӯзҳои ҷумъа, рӯзҳои идайн (иди Қурбон ва Рамазон), вақти иҳром бастан ва рӯзи арафз ғусл намудан суннат аст.


Фарзҳои Ғусл

  1. Шустани даҳон.
  2. Дар бинӣ сахт об гирифтан ва шустани он.
  3. Шустани тамоми бадан, яъне расонидани об ба ҷамиъи аъзо ҳадди ақал як бор ба ҳадде, ки тамоми муйҳои бадан тар шаванд.

Боқимонда ҳар амале, ки дар ғусл ба ғайр аз фариза иҷро карда мешавад, ҳама суннат аст.


Тарзи ғусл кардан Гусл точики

Ҳар шахсе ғусл карданӣ шавад, пеш аз ғусл, баъд аз ҷимоъ аввал бавл мекунад, то ин ки боқимондаи манӣ аз роҳи закар пок шавад, баъд ният карда, ду дасташро то банд мешӯяд, баъд аз он истинҷо мекунад (узвҳои таносули худро мешӯяд) ва ҳар наҷосате, ки ба баданаш расида бошад, пок мекунад. Баъд аз он мисли таҳорати намоз таҳорат мекунад, лекин пойҳояшро намешӯяд. Баъд дар ҷое, ки ғусл кард, рост истода, ба сараш об мерезад, баъд аз он аз китфи рост ва баъд ба китфи чапаш об мерезад ва инчунин ба тамоми баданаш об рехта, баданашро бо дастонаш молиш медиҳад ва диққат медиҳад, то ин ки ягон ҷои баданаш хушк намонад. Ба ҳамин тариқ се бор ба танаш об мерезад. Агар пойҳояш ба оби ҷамъшудаи ғусл мерасида бошад каноре рафта, пойҳояшро мешӯяд.

Ҳар зане, ки мӯйи бофта дошта бошад онро накушода ба бехаш об расонад кифоя мекунад.


Нияти ғусл

Навайту ан ағтасила ғуслан минал ҷанобати рафъан лил ҳадаси ва истибоҳатан лис салоти ва таҳоратан лил бадани ва тақаррубан миналлоҳи таъоло Аллоҳу Акбар

Ният кардам ин ки ғусл созам, пок шавад аз ман ҷанобат, дур гардад аз ман ҳадас, тоҳир шавад баданам ва намоз бар ман раво гардад.


Ҳукмҳои ғусл

Ҳар касеро, ки ғусл кардан воҷиб шудааст, анҷом додани амалҳои зайл бар ӯ ҷоиз нест:

  1. Қапидани Қуръони карим (бе ғилоф).
  2. Хондани Қуръони карим чӣ аз мусҳаф чӣ аз ёд.
  3. Дохил шудан ба масҷид.

Суннатҳои ғусл

Суннатҳои ғусл ба чунин тартибанд:

  1. Шустани дастҳо.
  2. Шустани олати таносул.
  3. Дур сохтани наҷосат аз бадан.
  4. Вузӯ гирифтан (ба истиснои шустани пой).
  5. Се бор расонидани об ба тамоми бадан.
  6. Шустани пойҳо (баъд аз ғуслро тамом кардан).

Дар таёр кардани ин мавод аз китобҳои “Фарзи айни тоҷикӣ” ва “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст.

Дигар маводҳо:

Тарзи хондани Намози ПЕШИН


гусл, нияти гусл, тарзи гусл кардан, сураи гусл, дуои гусл, гусл сураси, гусл точики, гусл текст, сура гусл, дуа гусл, гусл кардан, гусл бо забони точики, ғусл, нияти ғусл, ғусл точики, нияти ғусл точики, ғусл бо точики, нияти ғусл бо забони точики.

Мақолаи қаблӣТаяммум. Тарзи таямум кардан
Мақолаи баъдӣҲайз (месячные, менструация, касали занона)

5 ШАРҲ

  1. БАРОДАРОН КАСОНЕ ДАР БОРАИ ИСЛОМ Е ИН КИ СУХАНОИ ИСЛОМ ГАП МЕЗАНЕМ Е МЕНАВИСЕД…. ИЛТИМОС БЕ ХАТО КУНЕ ДАР ЯКЧО ҒУСЛ НАВИШТАГИ ДАР ДИГАР ЧО ГУСЛ….. БАРОДАР ХУДО ХАМАМОНА ХИДОЯТ КУНА……. ДАР КАДОМ БОБАТ АМИ ТЕКСТА МЕНАВИСИ АВВАЛАН ХУБ ХОН БАЪДАН НАВИСИ БО ХУБ МЕШАВА….

    • Ассалому алейкум. Сипос, ки ба сомонаи мо таваҷҷӯҳ намудед ва фикри худро нигоштед.

      Сабаби якҷо “ғусл” ва ҷои дигар “гусл” навиштан ин аст, ки мардум дар интернет (масалан дар Google) бештар “тарзи гусл кардан“-ро мекобанд, ки бе ҳарқи тоҷикии “ғ” аст. Агар мо дар сарлавҳо гусл нанависем, ин мақола барои онҳо нишон дода намешавад. Вале намехоҳем, ки тамоми матнамон бе ҳарфҳои тоҷикӣ навишта шавад, аз ҳамин сабаб дар сарлавҳа ва ҷумлаҳои аввал ҳам аз калимаи “ғусл” ва ҳам аз “гусл” истифода намудем, то мақоларо ҳама ёфта тавонанд.
      Вале агар хуб диққат дода бошед, маънои дохили мақола ва матн тағйир наёфтааст.

      Узр, агар малоли хотиратон шуда бошад. Сипос, ки таваҷҷуҳ доред.

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед