Гуфтахои бузургон дар бораи Модар – Зан

0

Дар ин саҳифа гуфтаҳои бузургон дар васфи Модар, Зан оварда мешаванд. Гуфтахои бузургон дар бораи Модар >>

Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад.
©️ Наполеон

Давоми матнро баъди реклама хонед

Ягона доваре, ки гуноҳи моро мебахшад, модар аст.
©️ Муҳаммад Ҳиҷозӣ

Модар ҳатто пас аз марг ҳам модар ва муқаддастарин мавҷуди зиндаи ҷаҳон аст.
©️ Кулриҷ

Ҳеҷ муҳаббат ва неъмате барои мард беҳтар аз зани хуб нест. ©️ Сибунд

Субҳу шоми умр бе зан торик ва рӯзаш ғамангез аст.
©️ П.Бауст

Зан беҳтарин ва охирин тӯҳфаи осмонӣ аст.
©️ Ҷон Милун

Зан китобест, ки ба василаи меҳру муҳаббат хонда мешавад.

Зан ҳамчу гулест, ки бо каме беэътиноӣ пажмурда мегардад ва бо андак лутф мешукуфад.
©️ Ломартин

Зан мавҷуде беназир аст. Дар ӯ иффати духтарона, фидогии ба дӯст хос ва ҷасорати модар муҷассам аст.
©️ Н.А.Некрасов

Гуфтори бузургон дар васфи Зан – Модар аз сайти www.DONISH.su

Зане, ки харҷаш аз ҳама занон камтар бошад, баракаташ аз ҳама бештар аст.
📖 (Ҳадис)

Зан гирифтан осон аст, вале зандор будан душвор.
©️ Мигел де Унамуно

Хоксорӣ он чизест, ки занҳоро зебо мегардонад.
©️ Лопе де Вега

Касе, ки ёри вафодори меҳрубон дорад,
Саодати абаду умри ҷовидон дорад.
©️ Хусрави Деҳлавӣ

Зан чу гулест, ки манзилро хушбӯй мекунад ва чун машъалест, ки хонаро равшан нигоҳ медорад. ©️ Ҳолдеб

Зану мард ду садои хушеанд,ки бе онҳо торҳои дили инсон рӯҳнавоз нест.
©️ Ҷ.Маздонӣ

Назокати хоси занона ба мардони некдил ҳамеша болу пар мебахшад.
©️ Д.Роллан

Мардонро ба чашми эътибор нигар на ба чашми ҳақорат ва занонро ба чашми шафқат нигар на ба чашми ғазаб ва шаҳват.
📖 “Маҳбуб-ул-қулуб”

Дунё бозорест, ки беҳтарин матои он зани шоиста аст.
📖 (Ҳадис)

Қатъияти зане, ки дар роҳи ишқ пофишорӣ нишон медиҳад,аз кулли қатъиятҳои дунё болотар меистад.
©️ Стендал

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
©️ Хусрави Деҳлавӣ

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.
©️ Абулқодири Бедил


Таҳияи Ҳилоли Элмурод,
омӯзгори мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ. (аз канали телеграмии Забон ва адабиёти Тоҷик)


Модар ягона офаридгорест дар рӯйи замин, ки худошиносон намедонанд.  Пегуве.

Зан заиф, аммо модар пурқувват аст.  Виктор Ҳюго.

Зан на танҳо бо дидан хуш карда мешавад, аз чашм дида, зиёдтар бо гӯшат хуш кун.  Томас Фюлер.

Гул баҳри бӯй додан ва зан баҳри хушбахт кардан офарида шудааст.  Г. Гердони.

Занон аз мардон дида зиёдтар соҳиби ҳикматанд, кам медонанду бисёр мефаҳманд.  Ҷ. Дюҳемл.

Зан, ки моро дӯст дошт, ҳама гуна хатоҳоямонро мебахшад.  Балзак.

Зане, ки харҷаш аз ҳамаи занон камтар  аст, баракаташ аз ҳама бештар аст.  Ҳадис.

Модар воситаи эҷод ва рамзи хилқат аст.  Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати модар биёбед.  Балзак.

Ёд овар аз он дасте, ки дар шабҳои кӯдакӣ бо навозишҳояш дардҳои туро таскин дод. Ёд овар аз он диле, ки ба хотири ту захмҳо хӯрд ва боз вафодору вафокор монд. Зонуи худро ба замин гузор ва барои модарат дуо кун.   Шиллер.

Модар ҳатто пас аз марг боз ҳам модар ва муқддастарин мавҷудоти ҷаҳон аст.  Кулриҷ.

Зан тоҷи офариниш аст.  Ҳардер. 

Бузургии падару модар аз он иборат аст, ки ҷисмонияти фарзандро ба вуҷуд меорад. Бузургии устод аз он иборат аст, ки маънавиёти ӯро рушду такомул медиҳад  Муҳаммад Юсуфи Истарабо.


ШОЯД ИНҲО ҲАМ ЛОЗИМАТОН БОШАНД >>

Мақолаи қаблӣҚадри модар (Иншо дар бораи модар)
Мақолаи баъдӣИди Рамазон 2024 (Нияти намози иди Рамазон)