Ҳайз (месячные, менструация, касали занона)

0

Баъзе масъалаҳое дар бораи “ҳайз” меорем, ки махсуси занҳо мебошанд. Шояд шумо гуед, ки навиштани ин гуна масъалаҳо инҷо лозим нест, вале агар ин масъалаҳоро инҷо нанависем пас мардум аз куҷо хонанду омӯзанд?

Ҳайзро дар лаҳҷа хайз, касалии занона, бемории зан, месячные ва ғайра мегӯянд. Маълумотҳо дар бораи ин беморӣ барои хоҳарон меорем, то омӯзанд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Савол: Ҳайз чист?

Ҷавоб: Ҳайз хунаст, ки аз раҳми занҳои ба синни балоғат расида берун меояд.


Савол: Муддати ҳайз чанд шабонарӯз аст?

Ҷавоб: Камтарин муддати ҳайз се шабонарӯз ва бештарини он даҳ шабонаруз аст.


Савол: Туҳре (қатъ шудани хун), ки миёни ҳайз ба миён меояд ҳукмаш чист?

Ҷавоб: Туҳре, ки миёни ҳайз ба миён меояд, ҳукми ҳайзро дорад. Масалан, зане одат дошт, ки шаш рӯз ҳайз бубинад, баъд аз гузаштани се рӯз ногаҳон рафтани хун қатъ шуд, вале боз аз рӯзи панҷум аз нав рафтани хун сар шуд. Ин покие, ки дар миёни муддати одати ин зан ба миён омадааст, ҳукми ҳайзро дорад.


Савол: Туҳр ҳам муддаги муайян дорад? (муддати покӣ байни ду ҳайзро туҳр гӯянд)

Ҷавоб: Камтарин муддати туҳр 15 рӯз аст аммо бештарини он ҳадде надорад.


Савол: Ранги ҳайз чӣ гуна бошад, ки зан ҳоиз ҳисобида мешавад?

Ҷавоб: Ҳар ранге, ки зани ҳоиз бубинад, ҳайз аст, магар сафеди холис, ки он ҳайз намебошад.


Савол: Ҳар гоҳ зане ҳайз бинад, анҷоми кадом умур (корҳо) барояш ҷоиз нест?

Ҷавоб:

  1. Адои намоз ва рӯза чи фарз бошад чи нафл;
  2. Дохил шудан ба масҷид ва тавофи Каъба;
  3. Даст задан ба “Қуръони карим”, магар ин ки ғилоф дошта бошад (ҷунуб ва бе таҳорат ҳам ҳамин ҳукмро дорад);
  4. Хондани “Қуръони карим”;
  5. Даст задан ба ҳар он чизе, ки дар он сурае аз Қуръон навишта шуда бошад;
  6. Ҷимоъ кардан (яъне заношӯӣ, хонадорӣ, ҳамхобагӣ кардан).

Савол: Зани ҳоиз чун дар ҳолати ҳайз намоз ва рӯза надошт, қазои онҳоро медорад ё не?

Ҷавоб: Қазои намозҳо аз зиммаи зане, ки аз ҳайз пок мегардад, соқит аст, вале бояд қазои рӯзаро ҳатман ба ҷо биёварад.


Дар таёр кардани ин мавод аз китоби “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст.


менструация бо забони точики, месячные точики, касали зан, хунравии зан.

Мақолаи қаблӣҒусл. Нияти гусл. Тарзи гусл кардан
Мақолаи баъдӣНифос (бемории занона)