Иди Курбон 2023 (руз ва ният)

1

Иди Курбон яке аз ду иди мусулмонони тамоми ҷаҳон ба шумор меравад. Иди Қурбон 70 рӯз пас аз иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.

Иди Курбон муборак!
Иди Курбон муборак!

Иди Курбон маъмулан се рӯз – рӯзи даҳуми зулҳиҷҷа ва ду рӯзи пас аз он аст, ки ба онҳо айёми наҳр – забҳ ва қурбонӣ гӯянд, вале бар асоси таълимоти ислом дар бораи ҳаҷ, айёми иди Қурбон рӯзи пеш аз наҳр, ки рӯзи арафа аст ва рӯзи 13-уми он моҳро низ дар бар мегирад ва дар умум панҷ рӯзро ташкил медиҳад ва ба онҳо рӯзҳои иду арафа ва айёми ташриқ гуфта мешавад.

Дар мамлакати мо соли 2023 мувофиқи тасдиқи Шӯрои уламо Иди Қурбон рузи 28-уми июн (рӯзи чоршанбе) таҷлил хоҳад шуд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Таҷлил ва шукӯҳи мардумии иди Қурбон дар миёни миллатҳои мусалмон, бахусус мардуми мусалмони кишварамон, аз он азамат ва ҷашнҳои идонае, ки дар иди рамазон доир ва мушоҳида мегарданд, фарқе намекунад, балки ба сабаби зиёдтар будани айёми баргузории он тароват ва истишмоми накаҳоти раҳмату баракоти илоҳӣ дар чеҳраи мусалмонон бештар эҳсос мешавад.

Дар масҷидҳои ҷомеъ намози иди Қурбон барпо мешавад. Намози иди Кубон соати чанд хонда мешавад? Имсол намози иди Курбон соати 06:00 дар тамоми масоҷиди ҷомеи ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.


Тарзи хондани НАМОЗИ ИДИ КУРБОН

Имрӯзҳо вобаста ба вазъияи баамаломада, шояд намози идро дар масҷид нахонем, аммо дар хона намози ид хонем хуб аст, агар нахонем ҳам ҳеҷ гунаҳкор намешавем. Намозҳои ид мисли намози Ҷумъа ҳастанд, бо 1-2 ё 6-7 нафар хонда намешаванд. Намози нафл хонда дуо кунед!

Тарзи хондани намози Иди Курбон чунин аст:

Нияти иди Курбон

Ният кардам, бигузорам, ду ракаат намози иди Қурбон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таоло Аллоҳу акбар.

Ракаъати аввал

Сано (Субҳонакаллоҳума) хонда, се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, Аллоҳу акбар гуфта, баъдан сураи Фотиҳа ва замми сура карда ба саҷда меравед. Рукуъ ва саҷда мисли дигар намозҳои дуракаъата иҷро карда мешавад.

Ракаъати дуюм

Пас аз саҷда бархеста сураи Фотиҳа ва замми сура мекунед. Пеш аз оне ки ба саҷда меравед се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, Аллоҳу акбар мегӯед. Чорум маротиба Аллоҳу Акбар гуфта ба рукуъ меравед ва рукуъ ва саҷда мекунед.

Дар нишаст мисли дигар намозҳо Аттаҳиёт ва салавотҳоро хонда, Аллоҳумағфирлиро мехонед ва ба ду тараф салом медиҳед ва дуо мекунед. Дуои баъди намозро метавонед инҷо хонед: Дуо ва тасбеҳоти баъди намоз <<


Баъди адои намоз мардҳо аввал ба хонаҳое, мераванд, ки наздиконашон ҳамон сол фавтида бошад. Дар он ҷо рафта дуову фотиҳа карда, аз Қуръони карим оятҳо қироат мекунанд. Сипас ба аёдати беморон ва пиронсолони маҳалла, ба хонаҳои наздикон ва хешу ақрабо рафта, онҳоро бо ид табрик мегӯянд ва ба арвоҳи гузаштагон ояту дуоҳо мехонанд.


Мавод бо истифода аз сарчашмаҳои интернетӣ, донишномаи озод (Википедиа) ва сомонаи shuroiulamo таҳия гардидааст.

Дигар маводҳо:


иди курбон 2023, Курбан байрам 2023 в таджикистане, иди курбон 2023 кай аст, иди курбон кай аст,  иди курбон 2023 дар, иди курбон точикистон, иди курбон дар точикистон, иди курбон 2023 дар точикистон, иди курбон муборак

Мақолаи қаблӣТабрикнома барои Иди Курбон (шеър, расм)
Мақолаи баъдӣОн, ки аъдоро ба дарё даркашид … (шарҳи Чоркитоб)

1 ШАРҲ

  1. Бехтарин маълумот ингуна бояд бошад маъдумотхои дигарро низ ингуна фарохам оред бехтарин

    Бисиёрихо инчоро ахамият намедиханд масалан;
    Баъди адои намоз мардҳо аввал ба хонаҳое, мераванд, ки наздиконашон ҳамон сол фавтида бошад. Дар он ҷо рафта дуову фотиҳа карда, аз Қуръони карим оятҳо қироат мекунанд. Сипас ба аёдати беморон ва пиронсолони маҳалла, ба хонаҳои наздикон ва хешу ақрабо рафта, онҳоро бо ид табрик мегӯянд ва ба арвоҳи гузаштагон ояту дуоҳо мехонанд.

    Мавод бо истифода аз сарчашмаҳои интернетӣ, донишномаи озод (Википедиа) ва сомонаи shuroiulamo таҳия гардидааст.

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед