Имон чист? Имони муҷмал. Имони муфассал

0

Дар Чаҳоркитоб омадааст, ки ҳангоме аз шахсе пурсанд, ки “Имон чист?” ӯ гӯяд, ки намедонам, пас осӣ (гунаҳкор) шавад ва никоҳ дошта бошад, никоҳаш бурида гардад. Ӯро бояд омӯхт ва аз нав никоҳ бояд кард. Донистани Имон чист? Имони муҷмал, Имони муфассал ва Имони мухтасар барои ҳар як фарди мусулмон фарзу ҳатмӣ мебошад, дӯстон! Ҷавоб ба ин саволҳо дар ин мақола оварда мешаванд.

оила ислом


Агар пурсанд, ки “Имон чист?” ҷавоб бигӯ, ки:

Давоми матнро баъди реклама хонед

“Ал-имону иқрорун бил лисони ватасдиқум бил қалби”.

Яъне, имон ба забони иқрор намудан ва ба дил тасдиқу бовар кардан аст, ки Худои таъоло якка ва ягона ва Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи васаллам пайғамбари бархақ аст.

Имон бар се навъ аст: Имони Муҷмал, Имони Муфассал, Имони Мухтасар


Имони муҷмал

“Оманту биллоҳи камо ҳува биасмоиҳӣ ва сифотиҳӣ ва қабилту ҷамиъи аҳкомиҳӣ ва аркониҳӣ”.

Тарҷума: Худои таъолоро ба ҳамаи номҳояш ва сифоташ, ки дар Куръон аст бовар кардам ва ҳамаи фармонҳои ӯро қабул намудам ва аз он чӣ манъ кардааст боз истодам.


Имони муфассал

“Оманту биллоҳи ва малоикатиҳӣ ва кутубиҳӣ ва русулиҳӣ вал явмил охири, вал қадари хайриҳӣ ва шарриҳӣ миналлоҳи таъоло вал баъси баъдал мавт.”

Тарҷума: Имон овардам ба Худои таъоло, ба фариштагони вай, ба китобҳои вай, ба пайғамбарони вай ва ба рӯзи қиёмат ва ба тақдири некӣ ва бадӣ ҳама аз Худои таъолост ва ба зинда гардонидани баъд аз мурдан.


Имони мухтасар

“Мо амаранияллоҳу таъоло биҳӣ қабилтуҳу ва мо наҳони ъанҳу интаҳайту ъанҳу.”

Тарҷума: Мухтасари имон ин, ки гуяд банда чизе, ки маро амр кардааст Аллоҳ таъоло ба ҳамон чиз қабул кардам ва аз чизе, ки наҳй кардааст маро Аллоҳ таъоло аз ҳамон чиз бозистодам.


Имони мухтасар имони мучмал имон чист ислом дини ислом

Шаш — 6 калимаи дини

Мақолаи қаблӣШаш – 6 калимаи дини
Мақолаи баъдӣЧи чизро набояд ба дигарон гуфт? (сирҳои махфии ҳар шахс)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед