Ин амалҳоро ҳеҷ гоҳ ба худ раво набинед!

0

Баҳри зиндагии хуб доштан, зарур аст, то аз баъзе амалҳо даст кашем. Мо тасмим гирифтем, вобаста ба ин чанд тавсияеро аз психологҳо пешкаши Шумо созем.


1. Вақтатонро бо нафароне, ки намехоҳед, нагузаронед! Ҳаёт хеле кутоҳ аст. Аз ин рӯ кӯшиш кунед, дар иҳотаи шахсоне бошед, ки ба Шумо писанданд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

2. Аз мушкилиҳоятон нагурезед! Бо фирор кардан мушкилиҳо ҳал намешаванд. Вуҷуд доштани ҳамаи онҳоро қабул намоеду, аз пайи ислоҳашон шавед.


3. Ба худатон дурӯғ нагӯед. Шумо метавонед, ҳар касеро фиреб диҳед, вале на худатонро. Бо худатон рӯйрост ҳамаи андешаҳоятонро гӯед.


4. Кӯшиши ба дигарон монанд шуданро накунед. Тамоми инсонҳои муваффақ дар зиндагӣ ҳаракат мекунанд, то ба худашон монанд бошанд, на ба каси дигар. Шумо дар дунё мислу монанде надоред, ХУДАТОН БОШЕД.


5. Нагузоред, ки гузашта ба имрӯзи Шумо таъсир расонад. Коре, ки шуд, шуд! Онро иваз карда намешавад. Имрӯзатонро андешед.


6. Аз хато кардан натарсед! Ҳеҷ кас бехато нест. Ҳамин иштибоҳҳоянд, ки моро чизи наве меомӯзонанд. Аз он ки ба иштибоҳ дучор мешавед, наҳаросед.


7. Ҳеҷ гоҳ барои хушбахт будан нафареро интизор нашавед. Ҳеҷ кас ғайр аз худатон ба Шумо хушбахтӣ намеорад. Зиндагии хушбахтонаро барои худ эҷод кунед ва баъд метавонед, онро бо касе тақсим намоед.


Боз чӣ амалҳоеро медонед, ки анҷом додани онҳо барои хушбахт будан халал мерасонад? Нависед, то бидонем.

Амалҳои оддие, ки хушбахтатон мегардонад

Мақолаи қаблӣАз таърихи диктофон
Мақолаи баъдӣЯкчанд сирри забономӯзӣ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед