Истеъмоли чилим (кальян) ва оқибатҳои ногувори он

0

Чилим (қалён) аз қадимтарин василаи истеъмоли тамоку аст. Олимон тахмин мекунанд, ки макони пайдоиши он Ҳиндустон буда, баъдтар дар давлатҳои алоҳидаи дунё бо номҳои гуногун шинохта шудааст. Дар мамлакати мо он бештар бо номи «қалён» (ё шакли русишудаи «кальян») маъруф аст.

Вақтҳои охир истифодаи чилим дар байни ҷавонону наврасон, ҳатто духтарон мӯд шуда, ба амали муқаррарӣ табдил ёфтааст. Ин «маъруфият» ба он вобаста аст, ки истеъмолгарони қалён муътақиданд, ки аз он ба саломатиашон зарар намерасад. Чаро? Барои он ки ба тамокуи чилим хушбӯйкунандаҳои гуногун илова карда мешавад, ки таъми талхи онро нест мекунад ва дар бастаи тамокуи қалён аксар вақт навишта мешавад, ки он 0,5 фоиз никотин дошта, қатрон надорад. Ҳамин ҷиҳат бовариро ба безарар будани истеъмоли «тамокуи обӣ» зиёдтар намудааст. Аз ҷониби дигар, зарари тамокуи қалён кам бошад ҳам, дуди он басанда аст, то шахс ба бемориҳои гуногун дучор шавад.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Дар робита ба ин, духтури нарколог Алишер Розиқов дар суҳбат бо мо чунин иброз дошт:

– Давоми як соати истеъмоли қалён шахс назар ба сигор 100 — 200 маротиба бештар дуди онро нафас мекашад. Дар ҳоле ки миқдори зиёди оксиди карбон бо вуҷуди кам будани моддаҳои зарарнок ва никотин ба шуш дохил мешавад. Дар давоми 45 дақиқа шахс баробари як қуттӣ сигор ва ё бештар аз он оксиди карбонро истеъмол мекунад. Пас, ҳеҷ имкон надорад, ки истифодаи қалён ба саломатии инсон безарар бошад.

Табиби силшинос Фирӯза Саидова иброз дошт, ки чилимкашон бештар ба бемориҳои роҳи нафас дучор мешаванд. Дуди чилим пардаи луобии дохили роҳи нафасро месӯзонад, ки барои микроорганизмҳо шароит муҳайё месозад.

– Онҳое, ки аз меъёр зиёд чилим ва тамоку истифода мебаранд, ба бемории захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта дучор мешаванд. Бо гузашти 10 — 15 сол ба бемории эндоартерид, яъне вайроншавии рагҳои хунгарди пой низ эҳтимоли гирифтор шудан доранд. Инчунин, истеъмоли аз ҳад зиёд ба сустшавии биноӣ ва гум кардани бӯй оварда мерасонад, — таъкид намуд номбурда.

Бархе аз ҷавонон бар ин назаранд, ки сигоркашӣ ба саломатӣ зарар дорад, аммо чилимкашӣ комилан безарар аст. Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди Фирӯза Саидова ҳаловате, ки дар лаҳзаи истеъмол қалёну сигор дорад аз таъсири он аст, ки миллионҳо ҳуҷайраи организму майнаи сар мемиранд. Нейронҳо ба дараҷае кор мекунанд, ки организм омехта мешавад.

Одамон мехоҳанд чилимро бо сигор иваз кунанд, аммо зарари чилим аз сигор бамаротиб зиёд аст. Гурӯҳи табибони мисрӣ, ки таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ фаъолият мекунанд, ҳарорати ангишт ва дуди чилимро беш аз 400 дараҷа гармӣ арзёбӣ кардаанд. Ҳатто аз оби хунук гузаштани он наметавонад маҳсулоти сӯзишро то ҳарорати бехатар сард кунад. Илова бар ин, аксар ҷузъҳои дуди қалён дар об ҳал нашуда, ба шуши чилимкаш бештар ворид мегардад.

Дар ин бобат табиби силшинос Абдулло Искандаров зарари чилимро чунин шарҳ медиҳад:

– Бештари нафароне, ки чилимро истифода мебаранд, мегӯянд, ки истифодаи он нисбат ба сигор ҷолиб ва бонафосат аст. Ҳангоми истеъмоли чилим ҳис карда мешавад, ки ҳам тамоку ва ҳам дуди он форам аст. Илова бар ин, онҳо итминон доранд, ки бар хилофи сигор, чилим вобаста намекунад. Аммо тибқи маълумоти илмие, ки дар маҷаллаи амери­коии «Men’s Health» нашр шудааст, таркиби кимиёвии 1 грамм тамокуи чилим аз қатронҳо — 802 мг., никотин — 2,96 мг., оксиди карбон (СО) 143 мг. иборат аст.

Дуди чилим ҳарчанд аз об мегузарад ва ба ин васила тоза мешавад, дорои моддаҳои заҳролуд аст, ки ҳангоми сӯхтани ангишт ва наъно (моассел) ба вуҷуд меоянд.

Азбаски ҷавонон чилимро бештар гурӯҳӣ истифода мебаранд, дар он ҳангом гигиенаи шахсӣ риоя намешавад. Ин метавонад ба бемориҳои герпес, гепатитҳо ва бемории сил боис гардад, зеро ҳангоми сӯхтани ангишт токсинҳо хориҷ мешаванд. Металлҳои вазнин, гази карбонат, консерагени вазнин ин бензопирен ба саратони шуш оварда мерасонанд. Инро ба назар гирифта, дар як қатор давлатҳо доир ба истифодаи он маҳдудият ҷорӣ шуда, қонунҳои махсус қабул гардидааст.

Дар аксар кишварҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ будани тамокукашӣ амали маъмулист. Ҳоло дар Туркия истеъмоли чилим дар қаҳвахона, тарабхона, бар, клуб ва инчунин, дар дигар биноҳои ба ин монанд манъ аст. Дар Фаронса танҳо дар ҷойҳои махсус барои истеъмоли чилим иҷозат дода мешаваду халос. Маҳдудияти сахттар дар Шветсия буда, истеъмоли чилим қариб дар ҳама ҷо манъ аст. Танҳо дар ин мамлакат гоҳ — гоҳ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ пайдо кардан мумкин аст, ки дар он ҷо хонаҳои махсуси дорои ҳавотозакунак барои истеъмоли чилим мавҷуданд. Дар Италия низ ҳамин тавр аст. Дар ин кишвар ҷое пайдо кардан душвор аст, ки дар он дуд кардани қалён иҷозат дода шавад. Аммо дар Олмон аксар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо кабинаҳои тамокукашӣ муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо асбобҳои фаъоли тозакунии ҳаво насб шудааст.

Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», ки 18 январи соли 2018 қабул шудааст, амал мекунад. Тибқи банди 9 моддаи 5 қонуни мазкур, маҳсулоти тамоку бевосита дар ҷойҳои фурӯш дар ҷевонҳои маҳкам, ки ба харидор дастрас нестанд, нигоҳ дошта мешавад. Ҷевонҳо аз ҷиҳати сохт бояд чунин бошанд, ки ҳангоми кушодани онҳо намоиши маҳсулоти тамоку ба харидорон ғайриимкон гардад.

Дар ҷевонҳои барои нигоҳдории маҳсулоти тамоку пешбинишуда ҷой додани маълумоте, ки истеъмол ва харидорӣ намудани маҳсулоти тамокуро тарғиб намояд, аз ҷумла аз тариқи истифодаи калимаҳо, ороиш, тас­вирҳо, рангҳо, номгӯи фирмавӣ, тамғаи тиҷоратӣ, рамзҳо (логотипҳо), номгӯи ширкатҳои тамокубарорӣ ё таҳвилкунандаи онҳо, инчунин истифодаи ранг ё таркиби рангӣ, ки бо маҳсулоти тамоку, истеҳсолкунанда ё таҳвилкунандаи он алоқаманд аст, манъ мебошад. Вале дар марказҳои савдои «Садбарг» (мағозаи 31) ва ҶДММ «Корвон» (даромадгоҳи 2) тамоку ва зарфи қалён дар рафҳо ба фурӯш гузошта шудааст. Аммо дар бораи он ки ин навъи тамоку ба саломатӣ зарар дорад ё чизе навишта нашудааст ва ба хариорон низ чизе намегуянд. Мушоҳида кардем, ки ҳатто ҳангоми фурӯши тамокуи қалён аз харидорон синну солашон пурсида нашуд. Дар ҳоле, ки чунин муносибат дар банди 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» манъ карда шудааст.

Мафтунаи ҲИСОРӢ, «Садои мардум»

Мақолаи қаблӣХудкушӣ аз назари Ислом (ҳатман бихонед)
Мақолаи баъдӣИҷҳози ҷанин (аборт) аз нигоҳи Ислом

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед