Ҷон Ракфеллер-намунае барои сарватманд шудан

5

Ҷон Ракфеллер дар оилаи камбизоат  ба дунё омадааст. Падари ӯ ба тарбияи фарзандон чандон аҳамият намедод, аммо модараш Элиза зани тақводору худотарсе  аз пайравони калисои баптистӣ буд ва аз бачагӣ писарашро дар рӯҳияи худопарастиву меҳнатдӯстӣ тарбия мекард.

 Дар синни 16-солагӣ Ҷон дар ширкате, ки ба ҳамволи ғайриманқул ва ҳамлу нақли баҳрӣ машғул буд, бори аввал бо мансаби начандон баланд ба кор шурӯъ кард ва дар ин ҷо то мансаби муҳосиб расида, бо даромади 60 сент хизмат кард. Ин аввалин ва охирин кори муздноки ӯ буд. Вай дигар ҳеҷ гоҳ барои дигарон кор накардааст. Баъдан ӯ ширкати начандон калони худро таъсис дода, ба савдои яклухт машғул шуд. Ин амали муҳим нахустин қадамҳои ӯ дар роҳи сарватмандӣ буд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Бо вуҷуди ин ӯ боварӣ дошт, ки ҳар як одам имкони сарватманд шудан дорад ва дарк кард, ки  агар дар дил хоҳишу ният дошта бошед, муваффақ шуда метавонед, орзуи худро дар бораи давлатмандию дороӣ ба ҳақиқат  мубаддал мегардонед.            

Вай дар соҳаи  бизнес таҷриба ҳосил намуда, самти асосии пешрафти худро муайян кард ва ин ду чиз ӯро сарватманд гардонид. Ӯ минбаъд ба амалҳои ҷасурона даст мезад. Дар синни 31-солагӣ ширкати “Стандарт ойл” – ро таъсис дод, ки ба туфайли қобилияти ташкилотчигӣ ва иродаи қавиаш он тадриҷан дар ҷаҳон ширкати бузургтарини ин соҳа табдил ёфта, Ҷон Ракфеллерро ба аввалин миллиардери Амрикоӣ табдил дод.

Яке аз хислатҳои хуб ва наҷибонаи Ракфеллер ҳамин буд, ки вай бисёр инсондӯст ва хайрхоҳ буд. Ӯ аз кори аввалини худ, ки пули ночиз мегирифт шурӯъ карда, то охири умр 10% даромадашро ба калисо закот медод. Ба ғайр аз ин дар корҳои хайрия фаъолона ширкат намуда, ба ниёзмандон кумак мерасонд. Дар охири умри худ ним миллиард долларро хайр кард ва инчунин як макони хайриявӣ кушод, ки то ҳол фаъолият мекунад. Аз ин рӯ Ҷон Ракфеллер номи худро дар таърих ҳамчун шахси сарватманд, инсондӯст ва соҳибэҳсон боқӣ гузошт.

 Таҳияи Умедҷони Каримхон,

донишҷӯи  факултети

журналистикаи ДМТ     

Роҳкориҳо барои муваффақ шудан


чи тавр сарватманд шавем, роххои сарватманд шудан

Мақолаи қаблӣ10 факти аҷиби сайёра
Мақолаи баъдӣРозҳои волидайни муваффақ

5 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед