Қадршиносӣ (дар оила байни зану шавҳар)

0

Кадршиноси (дар оила байни зану шавхар)

Таджикская семья, таджикские пары, пара Таджикистан


Зиндагӣ ҳазорон заҳмату мушкилот дорад. Инсон агар ба касе эҳсону некӣ кард, умедвор аст, ӯро қадрдонӣ намояд. Агар аз ӯ сипосгузорӣ карданд, барои корҳои нек ташвиқ мешавад, аммо агар қадрашро надонистанду некиҳояшро нодида гирифтанд, берағбат мешавад Худ ба худ мегӯяд: ҳайф аст, ки ба қадри некиҳоям нарасиданд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Ҳақшиносӣ ва шукргузорӣ рукне аз ахлоқи писандидаву ҳамида аст ва бузургтарин рамзи ҷалби эҳсон мебошад

Ҳамсарамон низ аз қадрдонӣ хушаш меояд. Аз мо интизор дорад, ки вуҷудашро муҳиму боарзиш шуморида, корҳояшро қадрдонӣ кунем. Ҳар гоҳ барои мо ё оила коре анҷом дод, изҳори хушҳоливу сурур ва сипосгузорӣ кунем. Агар бемор шудему барои муолиҷаву шифо ёфтанамон кӯшиш кард, изҳори ташаккур кунем. Ба корҳояш таваҷҷуҳи ҷиддӣ намуда, онҳоро хурду беҳуда ва бемаънӣ нашуморем. Беътиборӣ накунем ва ба корҳояш халал нарасонем, нодида нагирем.

Агар кору амалҳояшро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ташаккур кардем, эҳсоси ғуруру шахсият мекунад, ба зиндагӣ ташвиқу дилгарм шуда, боз ҳам сайъ мекунад, таваҷҷуҳи моро ба сӯйи худ ҷалб кунад ва ба василаи эҳсону некӣ диламонро ба даст оварад. Аммо агар корҳояшро беҳуда шуморида, ба назари беэътиноӣ нигоҳ кардем, дилсард мешавад ва шояд ба худ мегӯяд: «ҳайф нест, заҳмат бикашам, барои касоне, ки қадрамро намедонанд ва эҳсону некиҳоямро каму беарзиш мешуморанд».

Агар яке аз хешу ақрабо ё дӯстонамон ягон туҳфаи беарзишу ночизеро ба мо тақдим намоянд, садҳо бор «раҳмат»-у «ташаккур»-ро нисораш мекунем, лекин эҳсону некии ҳамешагии ҳамсарамонро ба хотири муборакамон наоварда, як изҳори ташаккури одиро ҳам аз ӯ дареғ медорем.

Маъмулан барои аксари мардум одату расм шудааст, ки ҳангоми ба гардиш рафтан ё дар маъракаи ҷашнӣ, ширкат дар шабнишиниҳо, тӯю сури хешовандон, ба меҳмонӣ, хулоса вақти аз хона берун шудан, худро чӣ қадар орову торо бидиҳанд.

Зеботарин либосҳоро, ки ҳатман муди охирин аст ба бар кунанд. Ҳарчи қуввату тавоноияшон мерасад, мекӯшанд бо беҳтарин шаклу сурати «душманкуш», «ҳамсоясӯзон» ба берун баромада, мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор гиранд, вале ҳангоме ки ба манзил бармегарданд, фавран либосҳои зебо ва хубро аз тан кашида, либосҳои кӯҳнаву маъмулӣ, ба қавле «хонапӯшак» ба бар мекунанд.

Дар дохили хона покизагиву тозагиро кам риоя мекунанд. Худашонро барои ҳамсар орову торо ва зиннат намедиҳанд, баъзан бо мӯйҳои жулидаву шонанадида ва либосҳои номуносиби хонагӣ дар манзил мегарданд. Либосҳои чиркину доғдор ва ҷуробҳои сӯрохдору саддарбеҳро дар хона мепӯшанд. Ҳатто, дар харид кардан ҳам агар ягон моли нохуби пастсифат ёбанд, «барои хонапӯшӣ мешавад,» гуфта зуд мехаранд. Ҳол он ки либоси беҳтаринро барои хона бояд бихарем, то дар пеши чашми ҳамсар бо зоҳири зебову дилфиреб ҷилва намоем.

Бояд барои ҳамсар, ки шарики зиндагӣ ва ёру муниси доимиямон мебошад, дилрабоӣ намоем. Бояд дилашро ба даст биёварем, то нафарони кӯчагиву беҳудагард натавонанд, дар қалби шахси азизамон як зарра ҳам ҷое барои худ пайдо кунанд. Дигарон чӣ арзише доранд, ки барояшон зебу зиннат кунем? Ҳайф нест, зебоии хешро дар муқобили чашмчаронии бегонагон қарор диҳем?

Қадрдонӣ ва ба даст овардани дили он касе, ки моро дӯст медорад ва он ҳам барои ҳамеша, кори содае нест. Ҳеҷ гоҳ бояд пеши худамон нагӯем: ӯ, ки бе ин ҳам моро дӯст медорад, пас чӣ иҳтиёҷест, ба сару рӯям нигоҳ кунам ва барояш дилрабоӣ намоям? Бояд ишқу муҳаббати ӯро барои ҳамеша нигаҳдорӣ кунем. Яқин бидонем, ки ҳамсарамон дӯст медорад, ки доимо тару тоза ва сару либосамон мураттабу зебо бошад. Агар бар тибқи хостаҳои ботинии ӯ рафтор накунем ва ба худамон нарасем, мумкин аст, аз мо дилсард шуда, ба роҳи бад равад.

Одамҳои тозаву озода ва мураттабро, ки дар берун дид, зуд онҳоро бо афту андоми чиркин ва бетартибонаи мо муқоиса карда, тасаввур мекунад, фариштагоне ҳастанд, ки аз осмон фуруд омада! Пас, мо ҳам бояд барояш либосҳои хуб пӯшида, дилбариву таннозӣ кунем, то бифаҳмад, ки мо аз дигарон камӣ надорем, балки беҳтару зеботар ҳастем. Дар он сурат метавонем ба давоми ишқи ӯ умедвор бошем ва барои ҳамеша дилашро тасхир кунем. Мумкин аст, занҳои муҳтарами мо бигӯянд: дар хона бо орову торо, зебу зиннат, либосҳои ороставу зебо кори хонадориро кардан мушкил аст.

Лекин агар арзиши ин амалро бидонем, ба хубӣ метавонем, аз уҳдаи ҳалли ин мушкилӣ бароем. Чӣ садди роҳи мо мешавад, агар ҳангоми анҷоми корҳои хона либосҳои махсусе дошта бошем, ки дар кору бори манзиламон аз он истифода бурда, вақте аз корҳо фориғ шудем, ё вақти омадану пешвозгирии ҳамсар, ё вақте ки мехоҳем дар канораш бошем, баданамонро тоза сохта, мӯйҳоро шона бизанем, либосҳоро тағйир карда, либосҳои шинаму зебо бипӯшем?!

Хонаро ба тартиб дароварда, дар интизораш бошем. Мардҳо ҳам мумкин аст бигӯянд: хона маҳалли истироҳат аст, бояд либоси шинаму роҳат пӯшид. Бале, бояд либосҳои хона бароҳат бошанд, вале жулидаву назарногир набошанд. Чашмрабову зебо ва табъи дили хонуми хонавода бошад. Беҳтар аст барои либоси хонапӯшак бо завҷа маслиҳат намуда, харид кунанд.

Маъмулан, корҳои рӯзгор бар ӯҳдаи занҳо аст, лекин бояд таваҷҷуҳ кунем, ки идораи як манзил кори осоне нест ва як бону агар шабонарӯз ҳам дар хона заҳмат бикашад, боз ҳам корҳо тамом намешаванд. Махсусан, дар ҳолатҳои ғайриодӣ, монанди меҳмондорӣ. Кору ташвишҳо рӯи ҳам омада, кадбонуи хонаро хаставу афгор мегардонад. Танҳо чизе, ки метавонад ин хастагиву беҳолияшро дармон кунад ва ӯро бардаму бақувват нигоҳ дорад, қадрдонии аҳли хонавода аст. Агар қадрдониро бо меҳрварзӣ бо ҳам бибинад, ба давоми кору хидматрасонӣ омодаву муштоқ мешавад ва аз кори сангину хастагии зиёд гилагузорӣ намекунад. Бинобар ин вақте мард вориди хона мешавад, бояд аввалан суроғи ҳамсараш биравад. Бо бӯса ё навозише вохӯрӣ карда, аз ӯ ҳолу аҳвол бипурсад. Барои хидмату заҳмате, ки мекашад, ибрози миннатдорӣ кунад. Вақте мебинад, кори хона аз мӯи сар ҳам бисёр асту ҳамсарро аз чапу рост иҳота кардаанд, аз рӯи инсоф нест, ки дар гӯшае рафта бекор бишинад, ё бихобад ва интизор дошта бошад, ки зуд хӯроку як пиёла чое барояш муҳайё кунанд. Балки нишонаҳои муҳаббату сафои хонадорӣ ин аст, ки дар чунин вазъият ба ёрии ҳамсараш бишитобад ва ҳар кореро, ки аз уҳдааш мебарояд, анҷом диҳад.

Чи хеле ки мард ҳамеша дар як ҳолат нест, зан ҳам ҳолатҳои гуногунеро аз сар мегузаронад. Гоҳе шодону хандон аст, гоҳе ғамноку афсӯрдаҳол. Гоҳе хушу хурсанд асту гоҳе асабонию тундхӯ. Мумкин аст, бар асари корҳои душвору сангини хонадорӣ тамоман монда шуда бошад, мумкин аст аз доду фарёди бачаҳо асабҳояш хаста шуда бошад, мумкин аст дар зери таънаву захми забони яке аз хешовандон ё ҳамсоягон қарор гирифта бошад, мумкин аст мебинад, ки дигарон чӣ гуна ҷоҳу ҷалол доранд, чӣ гуна либосҳову зару зеварҳои гаронбаҳо доранду ӯ надорад ва аз ин ғамгин бигардад.

Охир, ӯ ҳам муштоқи ин гуна шукӯҳу шаҳомат мебошад ва ин таъсири манфие ба вай мерасонад. Оре, инсонро дар зиндагӣ садҳо аз ин қабил ҳодисаҳои майдаву калон домангир аст. Мумкин аст, яке аз ин мушкилот чунон дар рӯҳаш асар бигузорад, ки аз шиддати нороҳатию асабоният аз худ бехуд шуда, дунболи баҳонае бошад, то буғзи дилашро барорад. Махсусан, бонувон, ки рӯҳи ҳасосу латифе доранд, зудтар аз мардҳо аз ҳодисаҳои ногувор мутаассир гашта, аксуламал нишон медиҳанд. Бо андак чизе ранҷида ва асабонӣ мешаванд.

Чун эҳсосӣ ҳастанд ва тобу тоқати душвориҳоро надоранд, зуд доду фарёд мебардоранд. Маҳз дар ана ҳамин ҳолати ғайриодӣ бештар ба қадрдонӣ ва дилҷӯӣ эҳтиёҷ доранд. Бояд бо нармиву мулоимӣ асабҳояшонро ором гардонд. Барои ин кор касе беҳтар аз шавҳар вуҷуд надорад. Зеро ёру ғамхор ва шарики зиндагиву маҳрамтарин шахсҳо нисбати ӯст. Дар ин ҳолат мард бояд ба доди ҳамсари парешонхотираш бирасад ва асабҳои хаставу пажмӯрдаи ӯро оромиш диҳад.

Бародари гиромӣ! Вақте вориди манзил мешавӣ, агар дидӣ, ҳамсарат асабониву нороҳат мебошад, чин ба абрӯ кашидааст, ғазаболуд аст, ғайриодӣ будани ҳолашро дарк намо ва бар ҳоли зораш тараҳҳум кун. Агар аз шиддати нороҳатӣ салом накард, ту салом бидеҳ, мутмаин бош, салом кардан мақоми туро поён намебарад. Бо лаби хандону чеҳраи шукуфон суҳбат намо.

Аз ҳаррӯза дида, бисёртар гармиву меҳрубонӣ ба харҷ бидеҳ. Аз туршрӯиву ғазаб парҳез кун. Дар корҳои хона кумак расон. Эҳтиёт бош, то ҳарфи беҷову тунде назанӣ. Ӯро масхараву таҳқир накун. Агар ҳарф намезанад, бо вай сар ба сар нашав, бигузор ба ҳоли худ бошад. Агар хост дарди дил кунад, ба ҳарфҳояш хуб гӯш бидеҳ ва изҳори таассуф кун. Чунон вонамуд кун, ки аз он ҳодисаи ногувори пешомада нороҳат шудаӣ, балки бештар аз худи ӯ ғамгин гаштаӣ. Бигузор хуб дарди дил кунад ва гиреҳҳои дилашро бикӯшояд.

Он гоҳ, ки ба ҳолати одӣ баргашт, аз рӯи ақлу хирад ва тадбир дар бартараф сохтани нигарониҳояш кӯшиш кун. Бо нармӣ ва меҳрубонӣ дилбардорияш кун. Ба сабру бурдборӣ даъваташ намо. Бо забони хуш ва далелу санадҳо ҳодисаҳои ногувори зиндагиро дар назараш пучу беҳуда ва хурд ҷилва бидеҳ. Шахсияти ӯро дар муқобили ин ҳодисаҳои нороҳаткунанда далертару боқувват тасвир кун. Дар баробари мушкиливу масъалаҳо кумаку ёриаш бидеҳ.

Хоҳари азиз! Маъмулан мардҳоро корашон хориҷ аз хона буда, ба сад масъалаҳои ногувор рӯбарӯ шуда, асабҳояшон хаста мегарданд. Вақте ба хона омад, ҳарфи хушу чеҳраи кушодаи хонавода ба ӯ қувват мебахшад. Вазифаи ҳар як зани оқилаву рамузфаҳм ин аст, ки шиддати асабонияти шавҳарро бо меҳрубониву ширинзабонӣ бартараф намояд. Агар хоҳиши суҳбату гапзанӣ накард, фишораш наёр ва маҷбураш накун ба сухан кардан. Танҳояш бигзор, то фикрҳояшро ҷамъ намояд. Ҳолаш, ки хуб шуд, худаш ҳама буду шуди гапро нақл карда медиҳад.

Агар шавҳарат бемор шуд, бисёртар меҳрубонияш намо, изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият карда, қуввати дилаш бишав. Чунон вонамуд кун, ки аз бемор шуданаш бисёр нороҳат ҳастӣ, дилбардорияш кун. Ҳамаи шароитро фароҳам бисоз, то хуб истироҳат намояд, бачаҳоро орому сокит гардон, то асабҳояш хаста нагарданд. Бо лаҳни хушу чеҳраи хандон бемордорияш намо, то дарду нороҳатиашро фаромӯш кунад. Кӯшиш кун аз духтуру даво танқисӣ надошта бошад. Ҳар хӯрокеро, ки дилаш хосту барояш хуб бошад, фавран тайёр кун. Аз ӯ аҳволпӯрсӣ ва дилҷӯӣ намо. Бикӯш ҳарчи бисёртар дар канори бистараш биншинӣ.

Агар аз шиддати дард хобаш намебарад, сайъ намо то метавонӣ дар канораш бедор бимонӣ. Вақте ба хоб рафтӣ, ҳар гоҳе, ки бедор мешавӣ, аз ҳолаш як хабар гир, агар хоб нест, аҳволашро бипӯрс, то ягон чиз даркораш набошад. Агар шабро ба бедорхобӣ гузаронда бошад, саҳар изҳори норизоӣ намо. Рӯзона утоқро хилват кун, шояд хобаш бибарад. Навозишҳо ва дилсӯзиҳои ту дардҳояшро таскин медиҳад ва дар беҳбудияш кумаки зиёд мекунад. Бо итминони зиёд метавон гуфт, ки ин гуна корҳои туро аз аломатҳои қадршиносиву меҳру муҳаббат мешуморад. Дар натиҷа, ба зиндагӣ дилгарм мешавад, нисбат ба ту меҳру алоқаи бисёртар пайдо менамояд. Агар бемор шудӣ, ҳамин амалҳоро нисбат ба ту анҷом медиҳад.


Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ

Мақолаи қаблӣЭътимоду боварӣ (зану шавҳар) – Розҳои оиладорӣ
Мақолаи баъдӣСозгорӣ (дар оила, Розхои оиладори)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед