Қазои рӯзаи моҳи Рамазон – Казои рузаи мохи Рамазон

0

Қазои рӯзаи моҳи Рамазон. Казои рузаи мохи Рамазон. Шарҳи Чоркитоб.


1-Фаврӣ ё бо муҳлат. Қазо доштани моҳи рамазон фаврӣ нест, вале бояд қабл аз фаро расидани моҳи рамазони ҷадид қазо дошта шавад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади саҳеҳ модари муъминон ҳазрати Оиша (р) чунин гуфтааст:

«مَا كُنْتُ أَقْضِي مَا يَكُونُ عَلَيَّ مِنْ رَمَضَانَ إِلَّا فِي شَعْبَانَ، حَتَّى تُوُفِّيَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ»: (كذا في سنن الترمذي ت شاكر -3/ 143/ 783 -عَنْ عَائِشَةَ «هَذَا حَدِيثٌ حَسَنٌ صَحِيحٌ».وفي التعليق على مسند أحمد ط الرسالة -41/ 406- حديث صحيح، عبد الله البهي اختلف في سماعه من عائشة، فقد ثبته البخاري في “تاريخه” 5 / 56، ونفاه أحمد، وقد أخرج مسلم من روايته عن عائشة بالعنعنة (2536) (216) ، وإسماعيل السدي: وهو ابن عبد الرحمن مختلف فيه، حسن الحديث، وبقية رجاله ثقات رجال الشيخين)،

Давоми матнро баъди реклама хонед

“Ман то замони вафот кардани Пайғамбар (с) рӯзҳои бар ман (ба сабаби ҳайз) аз моҳи рамазон қазо шударо дар моҳи шаъбон қазо медоштам”.

Уламои ҳанафӣ чунин назар додаанд:

“وأما قضاء الصوم فعلى التراخي ما لم يقرب رمضان”.(كذا حاشية الطحطاوي على مراقي الفلاح -ص: 373)

“Қазои рамазон бо муҳлат аст, то замони қариб шудани моҳи рамазони ҷадид”.


2-Рӯзҳои қазошудаи моҳи рамазонро метавонад пай дар пай бигирад ё бо фосила дар ҳар ҳафтае як рӯзу ду рӯз ё се рӯзу чаҳор рӯз ва ғайра. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” ба таври таълиқ дар тафсири ояти 184 сураи “Бақара” саҳобии бузургвор Ибни Аббос разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

“لاَ بَأْسَ أَنْ يُفَرَّقَ لِقَوْلِ اللَّهِ تَعَالَى:{فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ} (البقرة: 184- كذا في صحيح البخاري -3/ 35- عنَ ابْنُ عَبَّاسٍ:… تعليقا) “

“Боке надорад, ки қазои рамазонро ҷудо ҷудо рӯза бигирад, зеро Аллоҳ таоло фармудааст:”Пас теъдоде аз рӯзҳои дигарро рӯза бидорад”.

Дар ривояти “Сунани Доруқутнӣ” бо санади мурсали ҳасан аз Пайғамбар (с) дар мавриди қазо доштани моҳи рамазон савол кардаанд, ки чунин гуфтааст:

«ذَلِكَ إِلَيْكَ أَرَأَيْتَ لَوْ كَانَ عَلَى أَحَدِكُمْ دَيْنٌ فَقَضَى الدِّرْهَمَ وَالدِّرْهَمَيْنِ أَلَمْ يَكُنْ قَضَاءً؟ فَاللَّهِ أَحَقَّ أَنْ يَعْفُوَ وَيَغْفِرَ». (كذا في سنن الدارقطني -3/ 174/ 2333 – عَنْ مُحَمَّدِ بْنِ الْمُنْكَدِرِ قَالَ: بَلَغَنِي.. و إِسْنَادٌ حَسَنٌ إِلَّا أَنَّهُ مُرْسَلٌ).

“Дар чигуна қазо доштанаш ихтиёр дорӣ. Ба ман бигӯ агар яке аз шумоён қарздор бошад ва қарзашро як дирҳаму ду дирҳам бидиҳад, оё қарзашро адо накардааст? Пас Аллоҳ таоло сазовортар аст, ки авфу мағфираташ бикунад”.


3- Қазо ё садақа аз ҷониби маййит.  Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” аз тариқи модари муъминон ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«مَنْ مَاتَ وَعَلَيْهِ صِيَامٌ صَامَ عَنْهُ وَلِيُّهُ» (وفي صحيح البخاري -3/ 35/ 1952 – عَنْ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا)،

“Касе дар ҳоле вафот бикунад, ки рӯза бар уҳдааш қарз мондааст, аз ҷониби ӯ валияш рӯза мегирад”.

Баъзе уламо ба зоҳири ин ҳадис амал карданд ва гуфтаанд, ки қазои моҳи рамазонро аз ҷониби маййит валияш қазо медорад. Аммо уламои ҳанафӣ аз ду ҷиҳат гуфтаанд, ки муроди ҳадис қазои рӯзаи назрӣ аст на қазои рамазон:

1-Ин ҳадисро Абудовуд бо санади саҳеҳ ривоят кардааст ва дар охири ҳадис чунин гуфтааст:

“وفي سنن أبي داود -2/ 315 2400 – – عَنْ عَائِشَةَ، أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «مَنْ مَاتَ وَعَلَيْهِ صِيَامٌ صَامَ عَنْهُ وَلِيُّهُ»، قَالَ أَبُو دَاوُدَ: «هَذَا فِي النَّذْرِ وَهُوَ قَوْلُ أَحْمَدَ بْنِ حَنْبَلٍ”.

“Ин қазо доштани валӣ аз ҷониби майит дар қазои рӯзаи назр аст ва ин назари Имом Аҳмад аст”.

2- Ровии ин ҳадис ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо ба хилофи зоҳири ин ривояташ фатво додааст. Дар ривояти “Шарҳи мушкилулосор” бо санади саҳеҳ Амра бинти Абдурраҳмон чунин ривоят кардааст:

” إِنَّ أُمِّيَ تُوُفِّيَتْ وَعَلَيْهَا رَمَضَانُ، أَيَصْلُحُ أَنْ أَقْضِيَ عَنْهَا؟ فَقَالَتْ: “لَا ,وَلَكِنْ تَصَدَّقِي عَنْهَا مَكَانَ كُلِّ يَوْمٍ عَلَى مِسْكِينٍ , خَيْرٌ مِنْ صِيَامِكِ عَنْهَا “(كذا في شرح مشكل الآثار -6/ 178- عَنْ عَمْرَةَ ابْنَةِ عَبْدِ الرَّحْمَنِ وسنده صحيح كما في الجوهر النقي -4/ 257)

“Ба модари муъминон гуфтам: Модарам вафот кард ва бар уҳдаи ӯ қазои рамазон аст, оё дуруст мешавад ки аз ҷониби ӯ қазо бидорам? Модари муъминон гуфт: На, ба ҷои ҳар рӯзи қазо кардааш чизеро барои мискине садақа бикунӣ аз қазо доштанат хӯбтар аст”.

3-Дар ривояти “Сунани куброи Насоӣ” бо санади саҳеҳ Абдуллоҳ ибни Аббос разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

«لَا يُصَلِّي أَحَدٌ عَنْ أَحَدٍ،وَلَا يَصُومُ أَحَدٌ عَنْ أَحَدٍ وَلَكِنْ يُطْعِمُ عَنْهُ مَكَانَ كُلِّ يَوْمٍ مُدًّا مِنْ حِنْطَةٍ» (كذا في السنن الكبرى للنسائي -3/ 257/ 2930 – عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ، وهذا سند صحيح على شرط الشيخين خلا ابن عبد الاعلى فانه على شرط مسلم كما في الجوهر النقي -4/ 257- وقال الحافظ في التلخيص الحبير ط العلمية -2/ 454-بِإِسْنَادٍ صَحِيحٍ عَنْ ابْنِ عَبَّاسٍ)

“Ҳеҷ касе аз ҷониби шахси дигаре намоз нахонад ва ҳеҷ касе аз ҷониби шахси дигаре рӯза нагирад, валекин аз барои ҳаррӯзи қазошуда миқдори муд ( 85 грам) гандум садақа бидиҳад”.

Имом Муҳаммад дар “Муато” назари Имом Абуҳанифаро дар ин масъала чунин баён кардааст:

“قَالَ مُحَمَّدٌ:مَا كَانَ مِنْ نَذْرٍ،أَوْ صَدَقَةٍ،أَوْ حَجٍّ قَضَاهَا عَنْهَا أَجْزَأَ ذَلِكَ إِنْ شَاءَ اللَّهُ تَعَالَى: وَهُوَ قَوْلُ أَبِي حَنِيفَةَ، وَالْعَامَّةِ مِنْ فُقَهَائِنَا”. (كذا في موطأ مالك رواية محمد بن الحسن الشيباني – ص: 263/ 750 )

“Ончи бар уҳдаи шахси вафоткарда назр ё садақа ё ҳаҷ боқӣ бошад ва онро аз ҷониби вай валияш қазо бидорад ҷоиз мешавад ва ин назари Имом Абуҳанифа ва назари аксари фуқаҳои қабл аз мо гузаштаааст”.

Муроди Имом Муҳаммад аз фуқаҳои қабл аз мо гузашта фуқаҳои асҳоби киром ва тобеъини изом аст. Ба таври мисол дар ривояти “Мусаннафи ибни Абушайба” бо санади саҳеҳ аз саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Аббос разияллоҳу анҳу дар мавриди қазо доштани рӯзаи назри бар уҳдаи маййит боқимонда савол карданд, ки чунин гуфт:

“عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا، سُئِلَ عَنْ رَجُلٍ مَاتَ وَعَلَيْهِ نَذْرٌ، فَقَالَ: «يُصَامُ عَنْهُ النَّذْرُ» (كذا في مصنف ابن أبي شيبة -3/ 113/ 12597 – بِسَنَد صَحِيح كما في فتح الباري-11/ 584)

 “Назрро аз ҷониби маййит қазо дошта мешавад”


Мохи шарифи Рамазон (ният, таквим)

Навъҳои руза – шарҳи Чаҳор китоб

Саволу ҷавоби исломӣ

Мақолаи қаблӣЧи чизҳо рузаро намешикананд? Рузаи мохи рамазон
Мақолаи баъдӣРӯзаҳои нафлӣ – Рузахои нафли (шарҳи Чоркитоб)