Хичома кардан чи фоида дорад?

0

Маълумот дар бораи Ҳиҷома, Хичома точики дар ислом, Пеш аз Хичома чи бояд кард? Баъди Ҳиҷома чи бояд кард? Ин ҳама дар ин мақолаи мо >>

Гирифтани хуни лахшуда бо асбобҳои махсус (шиша, шох) аз миёни ду китф, аз пушт, аз пушти сар ва дигар ҷойҳои баданро «Ҳиҷома» меноманд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Ҳиҷома яке аз суннатҳои Расулуллоҳ (с.а.с.) мебошад ва тавсия додаанд, ки баҳри саломатӣ амалӣ гардонем.

Ҳиҷомаро на танҳо дар вақти бемор шудан, балки дар вақти нороҳат шудан аз хуни зиёд метавон татбиқ кард.

Ҳиҷома роҳи беҳтарини табобат барои бемориҳои дарди миён «carpal tunnel syndrome», дарди сар, фишор ба ҳисоб меравад. Дар бемориҳои мазкур Донишгоҳи Кирмоншоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон тадқиқот гузаронида, исботи онро рӯи қоғаз овардаанд. Ҳиҷома холестероли LDL-ро, ки чун холестроли бад ошно мебошад, кам мегардонад. Холестроли мазкур даруни рагро нороҳат мекунад, ки сабаби бемориҳои қалбро ба пеш меорад. Барои паст кардани холестерол, на танҳо истифода бурдани дору басандагӣ мекунад, ҳамзамон супоридани хунро тавсия медиҳанд. Дар вақти ҳиҷома кардан, моддаҳои заҳрнок ҳам бароварда мешавад.

Маълумоти кӯтоҳ ва зарурӣ оид ба ҳиҷома

– Хати кашидаи ҳиҷома бояд, ки 0,1 мм. бошад.

 Хати кашида набояд чуқур бошад, зеро ҳам из мемонад ва ҳам якчанд рӯз инсонро бетоб мекунад.

– Хати кашидашуда бояд дар муддати на зиёда аз як ҳафта нобуд шавад.

– Агар ҳиҷома дар шакли зарурӣ сурат гирад, он вақт инсон на ин ки беҳол мешавад, балки дубора эҳё мегардад.

– Ҳиҷомаи дуруст 30-35 дақиқа давом мекунад ва ҳатто то ду соат.

– Баъди ҳиҷома дигар як қатра хун намечакад.

–  Нафароне, ки бемории қанд, аз 80 сола боло ё ин ки камхун бошанд, метавонанд ҳиҷома бикунанд. Агар ҳиҷома нодуруст анҷом дода шавад, пас зарари ҷиддӣ медиҳад.


Қабл аз ҳиҷома

– Дар вақти ҳиҷома бехобӣ набояд будан.

– 3-4 соат пеш аз ҳиҷома чизе нахӯрдан.

– Як рӯз пеш аз ҳиҷома, ҷимоъ накардан.

– Як соат пеш аз ҳиҷома кардан, шириние хурдан, аз он ҷумла асал.


Баъд аз ҳиҷома

 – Ду рӯз баъд аз ҳиҷома хурокҳои намакин, гушту ширу тухм истифода набурдан.

– Баъд аз ҳиҷома, ду рӯз ҷимоъ накардан.

– Рӯзи ҳиҷома кардан, ҳаммом накардан.

–  Баъди ҳиҷома 4-5 соат хоб накардан.

– Рӯзи ҳиҷома хурокҳои турш истифода накардан.

–  Оби зиёд нанӯшидан.

– Ширинӣ истеъмол кардан.


Киҳо набояд ҳиҷома бикунанд

– Пиронсол ва заиф

– Ҳомиладор

– Дар ҳолати ҳайз

– Нафари камхун

– Бемориҳои гузаранда

–  Фишори хело паст дошта

–  Тифл

Ҳиҷома кори осон нест, ки дар ду рӯз омӯхта шавад. Бояд, ки таҳсили онро кард ва нозукиҳои онро омӯхт.

Рӯзе ҳазрати Умму Салама (р.а.) аз пайғамбарамон хост, ки ҳиҷома кунад. Расулуллоҳ (с.а.с.) низ ҳиҷомакунеро давъат намуд ва ҳиҷома намуд. Ҳиҷомакун мард буд ва Умму Саламаро (р.а.) ҳиҷома кард. Маълум мешавад, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) худ ҳиҷома карда наметавонист ва мутахассиси соҳаро даъват намуд.

Дар замонҳои пеш асбобҳои махсуси ҳиҷома мавҷуд буд ва дар айни замон усулҳои тозаи он кашф шуда ва мавриди истифода қарор дорад. Бо асбоб бар бадан хат кашида мешавад, ки баъдан бо шиша ё дигар асбоб, хуни ҷамъшуда макида мешавад. Ҳатто дар баъзе ҷойҳо ҷондореро бо исми шуллуқ истифода мебаранд, ки он ҳам чун ҳиҷома нақш бозӣ мекунад. Шуллуқ дар ҷойи хуни зиёдбуда гузошта мешавад ва он ҳам хуни ифлосбударо макида мегирад.

Ҳиҷомаро ҳам ба хотири суннати Расулуллоҳ (с.а.с.) амал кардан, чун ибодат ҳисоб меёбад ва дар баробари шифо ёфтан биизниллоҳ, боз савоб ҳам мегирем. Ибодатро бо бадани солим боз ҳам комилтар анҷом медиҳем. Ҳар як рафтори Расулуллоҳ (с.а.с.) маънои хос ва пур аз ҳикматро дорост. Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дар сураи «Аҳзоб» ояти 21 фармудааст:

 Барои шумо агар ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат умед медоред ва Худоро фаровон ёд мекунед, дар симои Расулуллоҳ муқтадо (пешвои) писандидаест, мебинед.

Абдуллоҳ бин Аббос (р.а.) ривоят мекунад;

 – Дар шаби Меъроҷ гуруҳе аз малоик ба Расулуллоҳ (с.а.с.) фармуданд, ки; «Бар умматат ҳиҷома карданро амр бикун» (Алӣ Насиф, ат-Таҷ, III, 203).

 Расулуллоҳ (с.а.с.) Абутайбаро наздаш хонд, то ин ки ҳиҷома бикунад. Абу Тайба истеъдоди ҳиҷома карданро дошт. Расулуллоҳ (с.а.с.) аз сари муборакаш ҳиҷома кардааст. Барои ҳиҷома кардан, ба Абутайба ҳақи хизмат додааст. Расулуллоҳ (с.а.с.) фармудааст:

– Беҳтарин роҳи хунгирӣ, ҳиҷома аст. Ҳиҷома яке аз беҳтарин роҳҳои табобат аст (Бухорӣ, Тиб, 13; Муслим, Мусақат, 62, 63; Абу Довуд, Никоҳ, 26, Тиб, 3).

 Расулуллоҳ (с.а.с.) дар вақти иҳром доштан низ ҳиҷома кардааст (Бухорӣ, Савм, 22; Муслим, Ҳҷ, 87,88; Абу Довуд, Маносик 35).

Олимон бар он ақидаанд, ки дар вақти иҳром доштан ва бо шарти қайчӣ накардани мӯи сар, ҳиҷома кардан дуруст аст. Расулуллоҳ (с.а.с.) дар вақти рӯза доштан низ, ҳиҷома кардааст (Абу Довуд, Сиём, 29).

 Нафӣ ривоят мекунад, ки аз Ибни Умар фармуд:

– Ман аз Расулуллоҳ (с.а.с.) шунидам, ки фармуд; Ҳиҷома дар шиками холӣ кардан фоидаовартар аст. Ҳиҷома қувваи ақл ва ҳофизаро зиёда мегардонад. Барои ҳофиз низ қобилияти ҳифз карданро рушд медиҳад. Ҳар касе, ки ҳиҷома кардан мехоҳад, номи Аллоҳро гирифта дар рӯзи панҷшанбе татбиқ намояд (Ибни Моҷа, Китабут Тиб, 22).

Дар дини Ислом нӯшидани хун ҳаром аст

 Худованди Мутаъол (ҷ.ҷ.) дар сураи «Моъида» ояти сеюм фармудааст:

– Ҳаром шуд бар шумо мурда ва хун ва гӯшти хук….

Дар давраи ҷоҳилӣ хуни ҳайвонҳои кушташударо менӯшиданд. Манзури суханронии ҳаром будани хунро дар ин мавзӯъ аз барои ҳодисаи зерин, навишта кардем.

Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳаргиз амре накардааст, ки хуни муборакашонро бинӯшанд. Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.)-ро ҳиҷома намуданд. Косаи хуни муборакро ба Абдуллоҳ бин Зубайр (р.а.) бидоданд, то ин ки рафта зери хок кунад. Абдуллоҳ бин Зубайр (р.а.) 8-9 сола буд. Абдуллоҳ (р.а.) баъди чанд лаҳза бармегардад. Расулуллоҳ (с.а.с.) суол кард:

– Чӣ кор кардӣ?

Абдуллоҳ бин Зубайр (р.а.) ҷавоб дод:

 – Онро яктараф кардам (аз миён бардоштам).

Расулуллоҳ (с.а.с.) шубҳа намуду пурсид:

 – Шояд онро нӯшидӣ?

Абдуллоҳ бин Зубайр (р.а.) ҷавоб дод:

 – Бале.

Расулуллоҳ (с.а.с.) фармуд:

 – Хуни касе бар хунам омехта шуда бошад, оташро намебинад (Ал- Ҳаким, Ал-Мустадрак, 3, 554).

* Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳаргиз амре накардааст, ки хуни муборакашонро бинӯшанд.

Мақолаи қаблӣГиря кардан – ЗАНҲО ҲАТМАН БИХОНЕД
Мақолаи баъдӣАлокаи чинси кардан (секси точики +18)