Китоби “Саҳеҳ-ул-Бухорӣ” – Саҳеҳи Бухорӣ (Сахехи Бухори)

0

Сахехи Бухори точики скачать. Китоби “Сахех-ул-Бухорӣ” – Саҳеҳи Бухорӣ (Сахехи Бухори).

Китоби Сахехи Ал Бухори


Китоби “Мухтасари “Саҳеҳ-ул-Бухорӣ”-ро инҷо боргирӣ намоед >> БОРГИРӢ (скачать бесплатно)

Давоми матнро баъди реклама хонед

Дар мавриди китоби имом Бухорӣ ҳарчи тавсифе гуфта шавад, боз ҳам кам аст ва ҳамин кофист, ки ин китоб ба иттифоқи ҳамаи уламои муслимин дуюмин китоб баъд аз китоби Аллоҳ, яъне Қуръони маҷид аст.

Имом Бухорӣ (р) ин китобро дар муддати 16 сол ва аз байни шашсад ҳазор ҳадис интихоб ва таълиф намудааст. Худи имом Бухорӣ (р) мегӯяд: “Китоби ҷомеъи худро («Саҳеҳу-л-Бухорӣ»-ро) дар Масҷиду-л-Ҳаром таълиф намуда ва ҳар ҳадисеро, ки мехостам дар он сабт намоям, ду ракаъат намоз адо намуда ва аз Худованди мутаъол истихора намуда ва баъд аз яқин кардан ба саҳеҳ будани ҳадис, онро сабт менамудам.”

Ин китоб бо аҳодиси мукаррар дорои 7397 ҳадис ва бидуни такрор дорои 2602 ҳадис ва бо муаллақот ва мутобаъот дорои 9082 ҳадис аст.


Сабабҳои таълифи “Саҳеҳу-л-Бухорӣ”

  1. Аз муҳимтарин сабабҳои таълифи ин китоб ин аст, ки имом Бухорӣ (р) дид, ки китобҳои дар асри вай дар ҳадиси Паёмбари Худо (с) ҷамъ ва таълифгардида мухталате аз аҳодиси саҳеҳ ва ҳасан ва ҳатто заъиф аст, аз ин ҷиҳат, тасмим гирифт, то китоберо, ки фақат муштамил бар аҳодиси саҳеҳ бошад, таълиф намояд ва ҳамон тавр ҳам кард.
  2. Рӯзе аз устоди худ имом Исҳоқ ибни Иброҳим Ҳанзалӣ, маъруф ба ибни Роҳавия шунид, ки шогирдонашро мухотаб қарор дода мегӯяд: – Чӣ хуб мешуд, агар дар китоби мухтасаре аҳодиси Паёмбари Худо (с) ҷамъ мегардид.
    Ин сухан дар қалби имом Бухорӣ (р) таъсир намуд ва тасмим гирифт, то аҳодиси саҳеҳи мансуб ва Паёмбари Худо (с)-ро ҷамъ ва таълиф намояд.
  1. Худи имом Бухорӣ (р) мегӯяд: “Шабе Паёмбари Худо (с)-ро ба хоб дидам ва гӯё дар дастам бодзанае аст, ки бо он аз Паёмбари Худо (с) аз азияти ҳашарот муҳофизат менамоям.” Ва ин хобро чунин таъбир карданд, ки аҳодиси саҳеҳ ва ҳақиқии Паёмбари Худо (с)-ро аз аҳодиси дурӯғ ва мавзӯъ муҳофизат менамояд ва ин сабаби дигаре аз асбоби таълифи ин китоб буд.

Китоби “Мухтасари “Саҳеҳ-ул-Бухорӣ”-ро инҷо боргирӣ намоед >> БОРГИРӢ (скачать бесплатно)

Зиндагиномаи Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ)

Мақолаи қаблӣЗиндагиномаи Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ)
Мақолаи баъдӣНавъҳои руза – шарҳи Чаҳор китоб

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед