Маълумот дар бораи Тоҷмаҳал

1

Дар кишвари афсонавии Ҳиндустон ёдгорие мавҷуд аст, ки он дар шаҳри Агра воқеъ аст. Ин ёдгорӣ дар рӯйи олам ҳамчун муъҷизаи нотакрор шинохта шудааст. Таърихи бунёди он хеле аҷиб аст.

точмахал точ махал

Подшоҳи кишвар – Шоҳҷаҳон, завҷааш – Мумтозро беҳад дӯст медошт. Мумтозмаҳал хеле ҷавон аз дунё чашм мепӯшад. Шоҳҷаҳон аз марги ҳамсар ғамгину ошуфтаҳол мешавад. Вай мехоҳад, ки ба поси хотири ӯ ёдгории ҷовидон ва зебову нотакрор бунёд намояд. Барои амалӣ шудани орзуяш Шоҳҷаҳон меъмори маъруфи Ҳинд Усто Исоро даъват менамояд. Меъмор лоиҳаи мақбараи Тоҷмаҳалро мекашад.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Сипас ба кумаки ӯ меъморони Истанбул, Самарқанд, Лоҳур, сангтарошони Деҳлию Қандаҳор, ороишгарони Бухоро, Димишқ, Бағдод, Шероз меоянд. Дар бунёди Тоҷмаҳал ҳаждаҳ сол зиёда аз 20 ҳазор нафар коргарон, рассомон, наққошон, кандакорон заҳмат кашидаанд.

Пойдеворе, ки Тоҷмаҳал дар рӯйи он қарор дорад, дар соҳили рӯди Ҷамна ҷой гирифтааст. Иморат бо мармари сафед рӯйкаш шуда, он 74 метр баландӣ дорад. Дар чор кунҷи иморат чор манораи мавзун сохта шудааст. Девори бино аз регсанги сурх буда, гунбазҳояш аз мармари сафед аст.

Шабонгаҳ гунбази марказӣ муаллақ ба назар мерасад. Рӯйи деворҳо вобаста ба ҳаво ва вақт тағйири ҷило мекунанд. Ороишоти дохилии Тоҷмаҳал нафис, дилрабо аст ва гӯё тамоми фаршу деворҳои он қолинпӯшанд. Оромгоҳи Мумтоз кандакории ниҳоят ҷолиб дорад. Он бо сангҳои қиматбаҳо – лоҷвард, яшм, нил ороиш ёфтааст. Мақбараи Тоҷмаҳал дурдонаи нодири санъат буда, аз муъҷизаофар будани дастони инсон гувоҳӣ медиҳад.


Маълумот дар бораи Точмахал таърихи Точмахал бо забони точики.

4 соҳили зеботарини сайёра

Мақолаи қаблӣЧи тавр бояд ТАВБА кард? (Тарзи тавба кардан)
Мақолаи баъдӣМаълумот дар бораи Олимпиада (бозиҳои олимпӣ)

1 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед