Маълумот ва фактҳо оиди РОБОТ

0

Роботҳо – дастгоҳҳои автоматӣ (худкор) мебошанд, ки аз рӯйи барномаи пешакӣ тартибдода фаъолият мекунанд. Роботҳо метавонанд, мустақилона ё ба воситаи пулт идора карда шаванд.

Онҳоро чӣ тарз идора мекунанд? Роботҳо аз рӯйи барномаи компютерие, ки дар дохили онҳо ҷойгир карда шудааст, корҳои гуногунро иҷро менамоянд. Роботҳо ба воситаи датчикҳо фармон мегиранд. Датчикҳо асбоби махсусанд, ки аз кори қисмҳои компютерии роботҳо хабар медиҳанд. Датчикҳо монанди аъзои ҳисси одамон (шунавоӣ, биноӣ ва ғайра) хабар мебаранд. Роботҳо метавонанд, мустақилона ё аз рӯйи фармонҳо кор кунанд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Калимаи «робот»-ро аввалин бор нависандаи чех Карел Чапек дар асари «Р.У.Р.» – «Роботҳои Унверсалии Россум» истифода кардааст. Калимаи «робот» қариб ба ҳамаи забонҳои дунё ворид шудааст.

Сохт ва шакли роботҳо вобаста ба соҳаи фаъолияташон гуногун мешаванд. Дар соҳаи истеҳсолот роботҳое истифода мешаванд, ки ба сохти бадани одам тамоман монандӣ надоранд. Ин гуна роботҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва дар корхонаҳое, ки барои саломатии инсон хавфноканд, кор мекунанд.

Як робот метавонад, дар як дақиқа кори ҳазорон нафарро иҷро намояд.

Роботҳоеро, ки аз рӯйи сохт ба одамон шабоҳат доранд, роботҳои андроидӣ мегӯянд.


Фактҳо оиди Роботҳо

Аввалин роботи «сухангӯ», ки баъзе ҳаракатҳо ва суханҳои одамонро такрор мекунад соли 1927 сохта шудааст.

Дар артишҳои гуногуни ҷаҳон қариб 15 ҳазор робот хизмат мекунанд.

Аз 21 то 23 июни соли 2010 дар Чин олимпиадаи роботҳои андроид баргузор шуд. Роботҳо дар навъҳои гуногуни варзиш мусобиқа карданд.

Инчунин хонед:

Ҳавопаймо. Дастовардҳои илму техника дар ин замина

Мақолаи қаблӣДуоҳо ҳангоми мусибат ва мушкилот
Мақолаи баъдӣДуои наҷот аз қарздориву камбағалӣ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед