Маош сари вақт пардохт намешавад, чӣ бояд кард?

0

Маошро сари вақт пардохт намекунанд, чӣ бояд кард?

Мутобиқи қисми 1 моддаи 140 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш уҳдадор аст ба корманд барои кори иҷронамудааш музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд.

Давоми матнро баъди реклама хонед

“Масъалаи сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳо таҳти назорати доимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он қарор дорад”, – чунин омадааст, дар хабари сомонаи Вазорати меҳнат.

Дар иттилоияи нашрнамудани Вазорати меҳнат ҳамчунин омадааст, ки мутобиқи моддаи 158 Кодекси меҳнат агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраргардида дертар пардохт карда шавад, корфармо уҳдадор аст ба андозаи фоизи меъёри бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.

Илова бар ин, мутобиқи моддаи 134 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саривақт напардохтани музди меҳнат, нафақа, идрорпулӣ, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони масъул ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нинондиҳанда барои ҳисобҳо 58 сомонӣ) ё аз 1160 то 1740 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Илова бар ин тибқи қонунгузорӣ барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдори напардохтани маоши корманд сари вақт ба шахсони масъул ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 2900 то 5800 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Вазорати меҳнат ҳушдор додааст, ки дар ҳолати тамоми кормандоне, ки музди меҳнати худро саривақт намегиранд метавонанд ба телефони боварии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Дастгоҳи марказии хадамоти назорат 231-47-71, ВМКБ 835-222-26-42, Хатлон 832-222-54-16, Суғд 834-226-22-23) ва ё ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Нуралӣ Карим

Мақолаи қаблӣЧаро Паёмбар (с) 12 зан дошт, мусулмонон 4 зан?
Мақолаи баъдӣТазоҳуроти гургон барои гусфандон -ҳикояи ҷолиб