Маърифати рӯза – мохи шарифи Рамазон

0

Маърифати руза – мохи шарифи Рамазон. Моҳи Шарифи Рамазон. Шарҳи Чоркитоб.

1- Маънои луғавии рӯза.

Рӯзаро ба забони арабӣ савм меноманд ва маънои луғавии савм боз истодан, даст кашидан ва имтиноъ варзидан ва худдорӣ кардан аст. Ин имтиноъ варзидан ва даст кашидану худдорӣ кардан  метавонад аз хурдану нушидан бошад, аз гапзадану роҳ рафтан бошад, аз хандидану гиря кардан ва аз тамоми дигар умур.

Давоми матнро баъди реклама хонед

2- Мурод аз рӯза дар шариъат.

Рӯза дар шариъат аз субҳ то шом нахурдану нанушидан ва худдорӣ кардан аз се чиз аст:

  1. Аз хурдан, хоҳ он таъом ҳалол бошад ё ҳаром.
  2. Аз нушидан, хоҳ он нушокӣ ҳалол бошад ё ҳаром.
  3.  Аз алоқаи ҷинсӣ, хоҳ он ҳалол бошад ё ҳаром.

3-Таърихи фарз шудани рӯзаи моҳи рамазон.

Рӯза доштани ҳамаи рӯзҳои моҳи рамазон дар моҳи шаъбони соли дуввуми ҳиҷрӣ, мувофиқ бо соли 624 милодӣ дар чаҳордаҳумин соли зуҳури дини мубини ислом фарз шудааст. Моҳи шаъбон моҳи ҳаштум ва моҳи рамазон моҳи нуҳуми солшумории ҳиҷрии қамарӣ мебошанд ва дувоздаҳ моҳи қамарӣ чунин ном доранд:

  1. Муҳаррам.
  2. Сафар.
  3. Рабиъулаввал.
  4. Рабиъулохир.
  5. Ҷумодил-уло.
  6. Чумодилохира.
  7. Раҷаб.
  8. Шаъбон.
  9. Рамазон.
  10. Шаввол.
  11. Зулқаъда.
  12. Зулҳиҷҷа.

4- Маърифати моҳи рамазон.

Калимаи рамазон аз рамз бо ҳарфи зод, ки маънояш гарми шадид аст гирифта шудааст. Маънои рамазон бисёр гармист ва ин моҳи қамариро ба сабаби бисёр гарм буданаш рамазон номидаанд. Моҳи рамазон мисли бақияи моҳҳои қамарӣ дар баъзе солҳо 29 рӯз ва дар баъзе дигараш 30 рӯз мешавад ва дар маҷмуъ соли қамарӣ иборат аз дувоздаҳ моҳ ва 354 рӯз аст. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«إِنَّا أُمَّةٌ أُمِّيَّةٌ، لاَ نَكْتُبُ وَلاَ نَحْسُبُ، الشَّهْرُ هَكَذَا وَهَكَذَا» يَعْنِي مَرَّةً تِسْعَةً وَعِشْرِينَ، وَمَرَّةً ثَلاَثِينَ (كذا في صحيح البخاري -3/ 27/ 1913 – عن ابْنَ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا)،

“Мо мардумони нохоне ҳастем, ки навиштан ва ҳисоб карданро намедонем. Моҳ инчунин ва инчунин аст”, яъне як бор 29 рӯз ва бори дигар 30 рӯз аст. Пайғамбар (с) бо бардоштани ангуштонаш 29 ва 30 –ро нишон дод.

5- Рӯзаи ошуро.

Маънои ошурро рӯзи даҳум мебошад ва қабл аз фарз шудани рӯзаи моҳи рамазон мусулмонон рӯзаи ошуро, яъне рӯзи даҳуми моҳи муҳаррамро рӯза медоштанд. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” модари муъминон ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо чунин гуфтааст:

“كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَمَرَبِصِيَامِ يَوْمِ عَاشُورَاءَ، فَلَمَّا فُرِضَ رَمَضَانُ كَانَ مَنْ شَاءَ صَامَ وَمَنْ شَاءَ أَفْطَرَ»(كذا في صحيح البخاري -3/ 43- 2001 – عن عَائِشَةَ)

“Пайғамбар (с) дастур дода буданд, ки рӯзи ошуроро рӯза гирифта шавад ва ҳангоме рӯзаи моҳи рамазон фарз гардид, касе мехост ошуроро рӯза медошт ва касе намехост рӯза намегирифт”.

Рӯзаи рӯзи ошуро баъди фарз шудани рӯзаи моҳи рамазон ба таври кули мансух нашудааст, балки ҳукмаш аз фарз будан ба мустаҳаб будан табдил шудааст ва касе ин рӯзро рӯза бидорад савоб мегирад. Аммо инро бояд бидонад, ки рӯзи нуҳум ва даҳум, яъне ду рӯзашро рӯза медорад. Зеро дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«لَئِنْ بَقِيتُ إِلَى قَابِلٍ لَأَصُومَنَّ التَّاسِعَ» (كذا في وفي صحيح مسلم -2/ 798 -1134: عَنْ بْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا)

“Агар соли оянда зинда бимонам ҳамроҳи рӯзи даҳум рӯзи нуҳумашро албатта рӯза медорам”.


Мохи шарифи Рамазон 2024 (ният, таквим)

Мохи шарифи Рамазон 2022 (ният, таквим)

Мақолаи қаблӣМохи шарифи Рамазон 2024 (ният, таквим)
Мақолаи баъдӣНият ва тасбеҳи таробеҳ – нияти намози таробех