Мохи шарифи Рамазон 2024 (ният, таквим)

2

Таквими мохи шарифи Рамазон 2024, тақвими моҳи шарифи Рамазон. Дар ин мавод маълумот дар бораи мохи Рамазон, руза, фарзхои руза, нияти руза гирифтан ва ифтор, инчунин таквими мохи шарифи Рамазон барои соли 2024 оварда шудааст.


Мохи Рамазон – моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи оғози нузули ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с) – паёмбари бузурги Ислом мебошад.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Мусулмонони тамоми ҷаҳон дар ин моҳ рӯза мегиранд. Рӯзаи моҳи шарифи рамазон ин аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб нахурдан ва наошомидан аст. Шахсонеро рӯзагирӣ фарз мебошад, ки аз мардон аз 12-сола боло бошад ва аз занон аз 9-сола боло башад.

Руза аз се фарз иборат аст:

  • Аввал ният кардани рӯзагиранда аст аз шаб, ки фардо рӯза мегирад.
  • Дуввум аз дамидани субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдан ва нӯшидан худдорӣ кардан аст.
  • Саввум аз заношӯӣ кардан дар ин муддат бозистодан аст.

Нияти руза гирифтан

Нияти субҳгоҳии руза (арабӣ): “Валисавми ғаддин мин шаҳри  рамазоналлазӣ фаризатан навайту.”

Нияти шомгоҳии руза (араби): “Аллоҳума лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқика афтарту.”


Нияти субҳгоҳии руза (точики): “Ният кардам рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб.”

Нияти шомгоҳии рӯза (тоҷикӣ): “Парвардигоро! Барои ризогии Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту такя дорам ва ба ризқи додаи Ту ифтор кардам.”


Тақвими моҳи шарифи Рамазон – 2024

Мувофиқи қарори Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоикистон аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар соли 2024 рӯзи 11-уми март (душанбе) мебошад. Аз бегоҳии 10-уми март намози таровеҳ хонда мешавад.

Дар поён тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2024 дар шакли расм оварда шудааст.

Таквими мохи шарифи Рамазон 2024

Боргирӣ кардан


Намози таровеҳ

Дар моҳи шарифи Рамазон баъди намози хуфтан намози таровеҳ дар масҷидҳо баргузор мегардад. Оиди тарзи хондани намози таробеҳ, ният ва тасбеҳи таробеҳ дар ин мақола маълумот оварда шудааст >>Намози таробеҳ

Шояд ин мақолаҳо ҳам ба ШУМО писанд оянд:


рамазон, рамазон 2024, мохи рамазон, мохи шарифи рамазон, рамазон ойи 2024, мохи рамазон 2024, мохи шарифи рамазон 2024, рамазон таквими 2024, рамазон кай, иди рамазон, руза рамазон, 2024 йил рамазон, мохи рамазон кай, моҳи рамазон, рамазон 2024 кай, расписание рамадан, рамазон на таджикистане, мохи рамазон дар Точикистон, нияти рузаи Рамазон, нияти руза, Таквими мохи шарифи Рамазон

Мақолаи қаблӣИди Рамазон 2024 (Нияти намози иди Рамазон)
Мақолаи баъдӣМаърифати рӯза – мохи шарифи Рамазон

2 ШАРҲ

комментарии закрыты.