Табрикот ва шеър барои Навруз – Навруз муборак

8

Табрикоти наврузи 2023. Табрикоти наврӯзӣ 2023. Дар ин саҳифа якчанд табрикоти навруз, Навруз муборак оварда мешавад. Табрикоти наврузи аз сомонаи мо >>

духтари точик, либоси милли, навруз

Наврӯз бо манзалати бузурги ҷаҳониаш, бо русуми аждодиаш, қалбатро пурнур, шаҳомати бахтро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароят мушарраф гардонад дӯсти гиромӣ «Ном?»!

Давоми матнро баъди реклама хонед

Бо арзи эҳтироми беандоза Шуморо ба муносибати иди пирӯзӣ, баҳориву меъросии ниёгон – Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба Шумо умри бардавом, хушбахтии беинтиҳо, саломатии қавӣ, хонаободӣ ва дар эҷодиётатон бурбдориҳо таманно дорам.


НАВРӮЗӢ

Нола занад андалеб майли шунидан расид,
Муғчаи шохи дарахт сӯйи шукуфтан расид.
Лона бимонад фараҳ рӯи лабони саҳар,
Аз қалами рӯшанӣ ранг ба гулшан расид.
Пӯшида андоми ақл, кисвати зебои шарм,
Шарбати нози маро, коми чашидан расид.
Кош таваллои майл, рост бидонӣ азиз,
Суст манеҳ гоми хеш, вақти давидан расид.
Равзаи ризвони шарм, дода ба гандуми нафс,
Ашки пушаймониҳо, то сари доман расид.
Маънӣ магир ин ки ма љуз ту надорам ҳабиб,
Аз ту гули интихоб рӯи кафи ман расид.
Гар гули Раъно шукуфт, дар чамани орзу,
Ҳосили масъудии умр ба чидан расид.


Фаро расии Соли нав ва Наврӯзи хуҷастапай ва оғози садсолаи навро барои шумо, дӯстони азиз ва хонаводаҳои гиромии шумо табрику таҳният мегӯям ва аз даргоҳи Худованди бузург бароятон соли хушу хуррам ва саршор аз шодмонию меҳру муҳаббат, тафоҳум ва тандурустӣ хостгорам.

Орзумандам, ки мушкилоту нобасомониҳои рӯзгори мо ҳарчӣ зудтар ба поён расад ва оромишу осудагӣ ба ҳамаи мо арзонӣ гардад, ғаму андӯҳ аз якояки мо дур бошад!


Ба диёри азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳор меояд. Баҳоре, ки паёмадаш Наврӯз ва танҳо рӯзи фирӯз аст. Ҷилваи бистумин баҳори ваҳдати миллат бо худ пайки хуррамию бедорӣ ва эҳёву тозакориҳои афзун меорад.

Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи дилафрӯзҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар кишвари азизамон таҷлил мегардад.

Эмомали Рахмон Навруз

Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист.

Ҷашни Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои вижаи худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

Таманнои онро дорем, ки оташе, ки ба ифтихори Наврӯз аз замони Зардушт то ба имрӯз фурӯзон аст, чун рамзи ҷовидонии ҳаёт ва офтоби ҷаҳонафрӯз доимо шуълаафшон бошад ва дар роҳи ободониву пешрафти диёри маҳбуби мо – Тоҷикистон нури бахту саодат бипошад.


Иди Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои орёинажод ба ҳисоб рафта, аз қадим байни мардум ҳамчун «иди сари солӣ» маъмул гаштааст. Оиди ин иди бузург Умари Хайём низ асари «Наврӯзнома» офаридааст ва дар он ҷо далел намудаст, ки дар ин рӯз шабу рӯз баробар мешавад ва аз замони шоҳ Ҷамшед ҷашнгирии он оғоз гаштааст, яъне асосгузорони иди Наврӯз мувофиқ ба асари Умари Хайём ин Ҷамшед ва Каюмарс мебошад.

Иди Наврӯзи оламафрӯз муборак ҳамдиёрони азиз!!!


Наврӯз ин Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадими ва анъанавии мардуми точик ва эронинажод, (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо “Иди сари сол” низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.


Шеърҳо дар васфи Навруз

Дар васфи Наврӯз шоирони форсу тоҷик шеърҳои зиёд эҷод кардаанд:

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!

Абулқосим Фирдавсӣ


Наврӯз, эй паёми пагоҳии рӯшанӣ,
Дарвозаҳои баста ба рӯят кушодаем.
Дар хонаи такидаи худ аз ғами ҷаҳон
Пеши ту боз суфраи рӯзӣ ниҳодаем.

Наврӯз, эй навиди кулангии навбаҳор,
Эй муждаи шукӯҳи фурӯзони лолайӣ!

Фархундапай биё, ки ба роҳат задем об,
Нӯшем май барои ту як-ду пиёлайӣ.


Наврӯз, эй ҳамешабаҳор, эй ҳамеша сабз,
Эй такдарахти рустаи тагрешаи Аҷам!
Сабзидаӣ ба шохи тари худ фаротарин
Гул-гул пур аз шукуфа аз андешаи Аҷам.

Аз орзуи бахт ҳазорон ҳазор сол
Меҷӯшад ормони ту дар хуни тоҷикон.
Наврӯз – зодномаи фарҳанги Бохтар,
Наврӯз – зодрӯзи ҳумоюни тоҷикон!

Шунидам яке қисса аз бостон,
Ки гуфтанд он мардуми ростон.
Чу Ҷамшед дар тахти шоҳӣ нишаст,
Худогоҳ буд ӯву яздонпараст.

Ба доду диҳиш рӯй бинҳод вай,
Ҷаҳоне бино кард аз дод вай.
Ҷаҳон огаҳӣ ёфт аз адлу дод,
Замона беҳӣ ёфт аз адлу дод.

На маргу на бемориву зулму ҷабр,
На кас бар касе буд зӯру ситабр.
Баробар ҳама гашта бо ҳамдигар,
Бародар ҳама гашта бо ҳамдигар.

Ба адлу сахо кишвар обод кард,
Дили мардуми мамлакат шод кард.
Ба лутфу карам рӯи дунё гирифт,
Зи бурҷи Самак то Сурайё гирифт.

Агар худшиносӣ, шиносӣ Худо,
Вагарна ту мебошӣ аз Ҳақ ҷудо.
Чу пардохт аз кирду кори ҷаҳон,
Фаро хонд аз рӯи олам меҳон.

Ҳама мӯбадон машварат сохтанд,
Яке тарҳи ҷашни пав андохтанд.
Чу Наврӯз оғози соли нав аст,
Шурӯи ҳама кору ҳоли нав аст.

Аз ин рӯ варо Соли Нав хонданд,
Гаҳи кишти гандуму ҷав хонданд.
Шабу рӯз ин дам баробар шавад,
Ба чархиш фалак низ дигар шавад.

Зи бас хубу зебост Наврӯзи мо,
Кунун ҷашни дунёст Наврӯзи мо.

Нигар ҷашни мо рӯи дунё гирифт,
Ба ҷону дили халқ маъво гирифт.
Яке “Ҷашни Ҷамшед” номаш барад,
Дигар “Иди Наврӯз” ном оварад.

Ҳар он чист бошад, ки аз они мост,
Ки ҷо карда дар ҳар раги ҷони мост.
Аз он аҳд бигзашт ҳафтод аср,
Басе гашт бунёду фарсуд қаср.

Басе мулки обод вайрона шуд,
Басе қиссаҳо буд, к-афсона шуд.
Вале номи Наврӯз поянда монд,
Барои азизони оянда монд.


Хуршеди оламафрӯз бидҳад саломи Наврӯз.
Бин, боди бомдодӣ орад паёми Наврӯз.

Сӯи чаман нагаҳ кун мурғони хушсадоро,
Аз лаҳни андалебон ояд каломи Наврӯз.

Аз накҳати баҳорон олам муаттар ин дам,
Гулбез бар машомам ҳар субҳу шоми Наврӯз.

Деҳ мужда, эй бародар, шуд рӯзу шаб баробар,
Баҳман бирафт аз мо, омад қиёми Наврӯз.

Хони идона ҳар ҷо густурда пиру барно,
Бар лаб суруди шодӣ, дар даст ҷоми Наврӯз.

Илҳоми навбаҳорӣ, Раззоқ, ояд аз нав,
Табрик кун ҷаҳонро ин дам зи номи Наврӯз.

Абдураззоқи РАЗЗОҚ

 Инчунин хонед:

шеър навруз, шеър дар бораи навруз, шеър дар васфи навруз, шеъри рузи навруз аст шеър, шеър дар бораи навруз чахони шуд, шеър ба навруз, шеър дар васфи наврӯз, шеър дар бораи навруз бо забони точики, праздник навруз, праздник навруз 2023, праздник навруз сценарий, навруз какой праздник, навруз праздник мусульман, навруз праздник весны, навруз праздник +в узбекистане, праздник навруз +в таджикистане, табрикот, табрикнома, дар бораи навруз, шеър дар бораи навруз, маълумот дар бораи навруз, шеърхо дар бораи навруз, эссе дар бораи навруз.

Мақолаи қаблӣШеър дар васфи Бахор / Баҳор
Мақолаи баъдӣБозиҳои варзишии Наврузӣ (Бозихои Навруз)

8 ШАРҲ

    • Сипос ба шумо. Шодем, ки сомона писандатон омада. Вале фикр мекунам мудири сомонаро бо дигар нафар иштибоҳ гирифтаед.

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед