Наврӯз (иншо дар бораи Навруз)

4

Наврӯз — яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобҳои таърихӣ омадааст. Аввалин касе ки ӯро ҷашн гирифт як подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми марти худуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, Наврӯз фаро мерасад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳакро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар куллия кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо руҳи сиёсӣ доир карда мешавад.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо бархе аз муҳaккинони ойинҳои Наврӯзи бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои Туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд.

Бо таваҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Маркази равобити хуби таърихи доштанд ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабонӣ минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа Узбекҳо, Кирғизҳо, Қазоқҳo ва Туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳанги, иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофиёи густариш ёфтаааст.

Ҳоло ки дар шаҳрҳои марказӣ, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термeз, Дехнав, ки мардуми Тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми тахҷоии ин мантиқ тоҷик ҳастанд, сунат ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми Узбек низ бо чунин расм аз наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ғазои наврӯзӣ — саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.


Таърихи Навруз

Калимаи «Наврӯз» маънои «Рӯзи нав» дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробари Баҳор, рӯзҳои асосии ид аз 21 то 22-юми март мебошад. Дар ҳар як шаҳрҳо ин идро одамон бо расму русуни гуногун ҷашн мегиранд. Ҳоло дар Точикистон асосан Наврӯз аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд.

Ин рӯзҳои истироҳатӣ мебошад. Қадимтарин манбаъи иди Наврӯз — ин китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд. Таърихи гузаштаи Наврӯз, чихеле ки дар «Наврӯзнома» (Китоби Наврӯзии) Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён. Дар «Шоҳнома» гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад.

Чи тавре ки маълум аст дар 21 марти дар баҳори шабу рӯз баробар шуда ба 12 соати тақсим мешавад. Вақте, ки Ҷамшед тахти тилогини худро сохт (аз рӯи достон якумин тахи дар таърихи одамизот вуҷуд дошт) дар вақти баромади офтоб дар куҳи баланд бардошта ва тилло дар нурҳои офтоб ҷилвар дода равшанӣ мисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номидан, ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар «Наврӯзнома» гуфта шудааст Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расми оин дохил кард. Шоҳону одамон ин идро ҷашн мегирифтанд. Дар ин меросии халқӣ ҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштинги паҳлавонҳо, ланкабозӣ, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд.

Аҳамияти калон барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузашта мешавад. Таъомҳое, ки бо ҳарфҳои «С» ва «Ш» сар мешавад гузошта мешуд. Ҳамчун қойда дар ид 2 намуди дастархон оро дода мешавад: Ин «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» мебошад. Дар алифбои форсӣ «Син» ва «Шин» ҳарфҳои «С» ва «Ш» мебошад. Дар дини зардушти ва исломи рақами 7 ҳамчун рақами муқаддас мешуморанд. ҳафтсинро Арабҳо дохил карданд аз сабабе ки дар ислом нушидани шароб манъ аст, лекин ҳафтсинро аз байн бурда натавонистанд.


Навруз дар Узбекистон

Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Ӯзбекистон бо руҳи сиёси доир карда мешавад. Холо дар Ӯзбекистон ибораи «узбекони бостони» садо медиҳад ва дар миёни аҳли илм низ акидае чо дорад, ки гуё мардуми узбек қабл аз одамато ва момохаво пайдо шуда бошад.

Ва дар демукросии имрӯзаи Ӯзбекистон чунин ақида роич аст. наврӯз дар Ӯзбекистон бо номи «наврӯз байрами» ба таври расми хар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Зеро Самарканд, Бухоро ва Фаргона аз манотики тоҷикнишини Ӯзбекистон маҳсуб мешаванд ва то хол сунан ва ойинхои наврӯзи дар миёни сокинони ин манотик то андозае ҳифз шудааст.

Ҳоло ки дар шаҳрҳои маркази, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Кеш, Китоб, Термиз, Дехнав, ки мардуми тоҷик аз кадимулайём сукунат доранд ва мардуми тахчоии ин манотик тоҷик ҳастанд, анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми узбек низ бо чунин расм аз наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотики мухталифи Узбeкистон газои наврӯзи — саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегуянд. Сумалак рамзи абадият аст.»


Наврӯз дар Туркманистон

Наврӯз дар Туркманистон, дар муқоиса бо кишварҳои дигари туркзабони минтақаи Осиёи Маркази ба таври густардатар таҷлил мегардад. Давлати Туркманистон рӯзҳои 20, 21 ва 22 мартро ба унвони таҷлил аз Наврӯз ё ба истилоҳ «Наврӯз байрам» эълом кардааст. Дар канори оростани суфраи наврӯзи, баргузории мусобикаи ҷовандози ё бузкаши, аз вижагиҳои ҷашни Наврӯзи Туркманистон махсуб мешавад.


Наврӯз дар Қирғизистон ва Қазоқистон

Дар Киргизистон ва Казокистон, ду кишвари дигари мантакаи Осиёи Маркази низ наврӯз дар сатхи давлат тачлил мешавад. Дар Казокистон наврӯз иди бахор ва эхёи табиат дониста шуда ва расман чун «наврӯз майрамъ» ба таърихи 22 март чашн гирифта мешавад. Казокхо дар ин рӯз дар канори ширкат дар барномахои фарханги ва тафрехи ба шинондани дарахтону гулхо ва ободу зебо кардани манозил ва махаллоти маскунии худ машгул мешаванд.

Зеро тачлили наврӯз дар манзили тамиз ва ороста аз ойинхои мардуми казок унвон шудааст. Аммо киргизхо дар канори маросими сайру гашти идона дар рӯзи наврӯз ойини миллии худ «Манасхони» — ро ичро мекунанд. «наврӯз дар Киргизистон 21 март тачлил мешавад. Чашни наврӯз дар Киргизистон тафовути зиёде аз дигар кишвархо надорад. Киргизхо либосхои идона ба бар карда ва хазорхо тан дар майдони марказии шахри Бишкек гирди хам меоянд ва наврӯзро тачлил мекунанд.

Дар хар шахру мантакаи Киргизистон маросими «Манасхони» бо ширкати чавонон ва бузургсолон баргузор мешавад. «Манас» аз достонхои таърихи ва бостони ва машхури дунё махсуб мешавад.» Дар хамин хол бештари мухаккикон ва пажухишгарони ойинхои наврӯзи муътакиданд, ки бо таваччух ба густариши чашмгири тачлили наврӯз дар манотики мухталифи чахон дар дахсолахои баъди ин чашни милли ва таърихи метавонад хусусияти башариро касб кунад. Зеро хамакнун наврӯз дар бештари кишвархои чахон, ба хусус кишвархои мусалмонии дунё бо шукуху шахомати хоса чашн гирифта мешавад.

Шеър дар васфи Бахор

Шеър дар бораи НАВРУЗ

Шеърҳо дар васфи МОДАР


навруз 2023, навруз байрам, праздник навруз, иди навруз, иди навруз дар, иди навруз автобиография, ананахои иди навруз, иди навруз дар богча, чашни навруз, маълумот дар бораи чашни навруз, наврӯз.

Мақолаи қаблӣБузкашӣ (човандозӣ) – варзиши миллии тоҷикон
Мақолаи баъдӣШеърхо дар бораи БАХОР / Баҳор

4 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед