Нифос (бемории занона)

0

Баъзе масъалаҳое дар бораи “нифос” меорем, ки махсуси занҳо мебошанд. Шояд шумо гуед, ки навиштани ин гуна масъалаҳо инҷо лозим нест, вале агар ин масъалаҳоро инҷо нанависем пас мардум аз куҷо хонанду омӯзанд?


Савол: Нифос чист?

Ҷавоб: Нифос хуне аст, ки пас аз валодати тифл аз раҳми модар хориҷ мешавад.

Давоми матнро баъди реклама хонед


Савол: Муддати Нифос чанд шабонарӯз аст?

Ҷавоб: Бештарини муддати Нифос чиҳил рӯз буда, камтарини он ҳадде надорад.


Савол: Оғози Нифос аз зане, ки дугоники мутаваллид мешавад, аз кадомин воқеъ мегардад?

Ҷавоб: Ин масъала мавриди Ихтилоф воқеъ гардидааст, бархе аз фуққаҳои мо оғози нифосро барои чунин зан аз тифли аввал медонанд ва бархе дигар аз тифли дуввум. Вале ин ки поёни идда аз тифли дуввумӣ ҳисоб мешавад, иттифоқи тамоми фуққаҳо мебошад.


Савол: Агар зане сиқт (гӯштпора) таваллуд кунад, ҳукми нифосро дорад ё не?

Ҷавоб: Агар зане “сиқт” таваллуд кунад ва баъзе аъзоҳояш маълум бошад, мисли даст пой ангушт ва ғайра зоҳир ва намоён бошад, дар ин сурат ин “сиқт” ҳукми тифли комилро дорад ва зан дар ҳукми нуфасо хоҳад буд. Вале агар чизе аз аъзои он “сиқт”маълум набошад, ҳукми нифос дар он зан ҷорӣ намешавад.


Савол: Барои зани нифос дидагӣ кадом амрҳо ҷоиз нест?

Ҷавоб: Он амрҳое, ки барои зани ҳоиз ҷоиз набуд, барои зани нуфасо ҳам ҷоиз нест.

Оиди ҳайз (месячные, менструация) инҷо хонед: Ҳайз (бемории занона)<<


Дар таёр кардани ин мавод аз китоби “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст.

Мақолаи қаблӣҲайз (месячные, менструация, касали занона)
Мақолаи баъдӣИстиҳоза (бемории занона)