Ният ва тасбеҳи таробеҳ – нияти намози таробех

16

Дар ин мақола маълумот оиди намози таробеҳ, нияти намози таробеҳ, тасбехи таробех (тасбехи рамазон) ва тасбеҳи даҳаи охири Рамазон оварда мешавад.

намози шом, масҷид, масчид точики

Намози таробеҳ 20 ракаат буда,  ду-ракаатӣ намоз хонда мешавад. Сараввал 4 ракаъат фарзи намози хуфтан хонда, сипас 2 ракаъат суннати намози хуфтан хонда мешавад. Пас аз он намози таробеҳ хонда, дар охир се ракаъат витри воҷиб хонда мешавад.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Намози таробеҳ бо ҷамоат дар масҷид хонда мешавад. Ду ракаъат намози таробеҳ мисли суннати намозҳои дигар хонда мешавад. Барои ашхосе, ки намозро мехоҳанд омӯзанд, дар ин мақола маълумот оварда шудааст >> Тарзи хондани намоз

Нияти намози таробеҳ

Нияти намози таровеҳ чунин аст: «Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, (агар бо ҷамоат хонад, “иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода”), холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар».

Пас аз хондани чор ракаъати намози таровеҳ, каме нишаста, истироҳат мекунед, ҳангоми истироҳат тасбеҳи таровеҳ хонда мешавад, ки чунин аст:

Тасбеҳи таробеҳ

 “Субҳона Зил-мулки вал-малакут, субҳона Зил-ъиззати вал-ъазамати вал-қудрати вал-кибриёи вал-ҷабарут, субҳонал-Маликил-Ҳаййиллазӣ ло яному ва ло ямут, Суббуҳун Қуддусун Раббуно ва Раббул-малоикати вар-рӯҳ, ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал-ҷанната ва наъузу бика минан-нор”.

Тарҷума: Пок аст Худованди соҳиби мулку малакут, пок аст Худованди соҳиби иззату бузургӣ ва қудрату кибриё ва фармонравоӣ, пок аст Худованди зиндаву поянда, ки на мехобад ва на мемирад, бисёр пок ва бисёр муназзаҳ, Парвардигори мо ва Парвардигори фариштагону Рӯҳ аст. Нест худое барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, аз Худованд омурзиш мехоҳем. Аз Ту биҳиштро хосторем ва ба Ту аз дӯзах паноҳ мебарем.

Пас аз шаби Лайлатулқадр (бо баъзе маъхазҳо даҳаи охири Рамазон) тасбеҳ ба чунин тарз хонда мешавад:

«Субҳонал ҳаннонил маннон, субҳонал малики-д-дайён, алмаъруфу бил эҳсон вал мавсуфу бил ғуфрон. Алвадоъ, алвадоъ ё шаҳра Рамазон, Алфироқ, алфироқ ё шаҳра-т-таровиҳи ва-т-тасобиҳи ва хатмил Қуръон. Аввалуҳу раҳматун ва авсатуҳу мағфиратун ва охируҳу ъитқун мина-н-нирон. Ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳа ва насъалукал ҷанната ва наъузу бика мина-н-нор»


Дигар маводҳо:

тасбех тасбехи таробех таробех тасбех, тасбехи таровех тасбехи рамазон субхона зил мулки вал малакут бо тексти/забони точики алвидо алвидо ё шахри рамадан/рамазон.

Мақолаи қаблӣМаърифати рӯза – мохи шарифи Рамазон
Мақолаи баъдӣИди Рамазон муборак! Иди Фитр – Табрикнома

16 ШАРҲ

    • Асалому алайкум бародарон як савол доштам ?
      Намози таробеҳро чаҳор ркати ният куни мешавад ё не ,махсад одами танҳо гузор.
      Илтимос ҳами савола ҷавоб. Медодед,

    • Воалейкум салом. Чаҳор ракаатӣ ният кардани таробеҳ дуруст аст ва метавонед чаҳорракаатӣ бихонед.

  1. Салом бародарони ахли ислом. Саравал мохи шарифи Рамазонро ба хама табрик мегуям.
    Такрор модари дониш аст.
    Бехтарин маьлумотхо,

  2. Беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин Ма Ша Аллоҳ

  3. Мошоллоҳ беҳтарин ман тарафдори гуфтаи Расули Худо беҳтарин боз зиёдтар мехоҳам донам

  4. Асалому алайкум ва раҳматулои вабаракоту баъди тасбеҳи таробеҳ дар ракати охир кадом дуоро мехони як ҷавоб диҳед?

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед