Nokia: аз қоғази ташноб то hi tech

1

Дар замони рушди технология, ширкатҳои бисёре вуҷуд доранд, ки  кӯшиш мекунанд, то моли аз ҳама босифат ва вобаста ба талаботи мардум мувофиқро  пешниҳод гардонанд. Майдони рақобати рушди телефонҳои мобилӣ доираи васеъеро фаро мегирад. Рӯз то рӯз сафи ширкатҳои телефонистеҳсолкунанда босуръат шиддат ёфтааст. Дар ин ҳолат муваффақ шудану моли босифатро аз дигарон дида беҳтар пешниҳод намудан ба бозори ҷаҳонӣ кори осон ҳам нест. Яке аз ширкатҳое, ки аз асри XIX сар карда ба истеҳсолу фурӯши телефонҳои мобилӣ машғул аст, ин ширкати Nokia ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин,  мо хостем Шуморо бо фактҳои аҷиби ин ширкат ошно созем.


Соли 1865 Фредрих Идестам ва Леополд Мехелин ширкатеро дар Финляндия ташкил мекунанд, ки  асосан қоғаз истеҳсол мекард ва соли 1871 ин ширкат ба худ номи Nokia Ab – ро гирифт.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Ин ширкат дар солҳои аввали таъсисёбӣ ба истеҳсолу фурӯши қоғазҳои ташноб машғул буд ва баъди гузашти солҳо ва рушд карданаш, ширкат роҳи ҳамкориро пеш гирифт бо дигар ширкатҳои муваффақ. Гарчанде Nokia на он қадар ширкати калон буд, аммо баҳри муваффақ шудан бисёр кӯшишҳо  мекард. Аз ин ҷост, ки ширкат оҳиста – оҳиста ба истеҳсоли дигар техникаву маҳсулотҳои зарурӣ шурӯъ намуд.


Ҳамкорӣ бо дигар ширкатҳо боис гардид, ки Nokia компютери аввалини худро пешниҳоди бозори ҷаҳонӣ  намояд ва ҳамин тавр  ҳам соли 1981 ин ширкат компютери аввалини худро бо номи ПК Mikro Mikko истеҳсол намуд.


Аввалин телефони ин ширкат бошад, бо номи Mobira Cityman 900, ки ҳамчун телефони дастӣ машҳур гардида буд, соли 1987 истеҳсол гардид. Ин телефон ҳамагӣ 760грамм вазн дошт.


Ширкати Apple якчанд технологияе, ки дар истеҳсоли телефонҳои мобилӣ заруранд, аз ширкати Nokia гирифтааст. Яъне чандин технологияҳое, ки дар телефонҳои истеҳсолнамудаи ширкати Apple истифода мешаванд, аввалин маротиба дар телефонҳои   Nokia насб шуда буданд.


Телефони беҳтарин дар таърихи ширкат телефони Nokia 3310 ба ҳисоб меравад, ки  дар 17 соли охир 126 млн адад фурӯхта шудааст.


3-сентябри соли 2013 ширкати Microsoft тамоми қисмҳои ширкати Nokia – ро харидааст ва аз ин сол ширкати Nokia акнун зертобеъи Microsoft мебошад.

Apple – сердаромадтарин ширкати ҷаҳон


Дар бораи ширкати Nokia боз чӣ медонед? Нависед, то мо низ бидонем!

Мақолаи қаблӣФутболи 7х7
Мақолаи баъдӣ“Заҳр” барои хушдоман (ҳикояи аҷиб)

1 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед