Одоби муроҷиат бо «Ту» ва «Шумо»

0

Дар забони тоҷикӣ ҳангоми суҳбат ё муроҷиат ҷонишинҳои «ту» ва «шумо» нисбат ба якдигар баробар истифода карда мешаванд. Ҳар дуи онҳо баробарҳуқуқанд.

Саволе ба миён меояд, ки риоя карда истифода бурдани ҷонишинҳои «ту» ва «шумо» дуруст аст ё не?

Ба фикри мо, риоя намудани ҷонишинҳои мазкурро одоб талаб мекунад. Ин нишонаи одоб аст.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Аз рӯйи одоби тоҷикон, аксарияти мардум дар вақти бо волидайн, бародару хоҳари калон, меҳмон, калонсолон, шахсони ношинос, роҳбар, омӯзгор муроҷиат намудан ҳатман «шумо» мегӯянд.

сухбат

Фақат шахсони ҳамсинну сол, аз хурдӣ дар як ҷо калоншуда ихтиёр доранд, ки «ту» ё «шумо» гуфта ба ҳамдигар муроҷиат намоянд. Калонсолон ҳам нисбат ба хурдсолон «ту» гуфта муроҷиат менамоянд.

«Шумо» гуфта муроҷиат намудан маънои хушомад ё тарс надошта, балки ҳурмату эҳтироми якдигарро ифода менамояд.

Каломи ширин, ахлоқи ҳамида, муносибати боодобона ба монанди насими саҳарӣ табъи шахсро ҳушу асабро ором менамояд.

Агар ба шахсе, ки ҳамеша «шумо» гуфта муроҷиат намудаанд, якбора бо калимаи «ту» рӯй оранд, табъи вай якбора хира мешавад. Ин гуна рафторро чун таҳқир қабул мекунад.

Ҳол он ки муроҷиаткунанда, мумкин аст, аз рӯйи одат, нафаҳмида, ғайри ихтиёр «ту» гуфта бошад. Дар ин ҳолатҳо хафа шудан лозим нест, чунки дар баъзе лаҳҷаҳои мо «ту» гуфта муроҷиат намудан низ маъмул гардидааст. Дар вақти суҳбат гоҳ бо калимаи «ту», гоҳ «шумо» муроҷиат намудан аз рӯйи одоб нест.

Аммо ҳамеша кӯшиш кардан лозим аст, ки бо калимаи «шумо» муроҷиат намоем. Дар оила ба риоя намудани тартиби муроҷиат, калонсолонро «шумо» гуфтан вазифаи ахлоқист.

«Маданияти шахс»

Маслиҳатҳои муфид барои саломатӣ

Мақолаи қаблӣТарзи хондани Намози ПЕШИН
Мақолаи баъдӣДуо ва тасбеҳоти баъди НАМОЗ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед