Сураи Оли Имрон Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 97

فِيهِ آيَاتٌ بَيِّنَاتٌ مَقَامُ إِبْرَاهِيمَ ۖ وَمَنْ دَخَلَهُ كَانَ آمِنًا ۗ وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا ۚ وَمَنْ كَفَرَ فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ ٩٧

Давоми матнро баъди реклама хонед

Фиҳи ойотун баййиноту-м мақому Иброҳим. Ва ман дахалаҳу кона омино. Ва лиллоҳи ъала-н-носи ҳиҷҷу-л байти ман-истатоъа илайҳи сабило. Ва ман кафара фа инналлоҳа Ғанийюн ъани-л-Ъоламин. 97.

97. Дар он нишонаҳои равшан аст, (аз он ҷумла) мақоми Иброҳим ва ҳар касе он ҷо дарояд, эмин бошад. Ва ҳаҷ кардани хона барои Худо бар мардум, барои касе ки ба сӯйи он роҳ ёфта тавонад, воҷиб аст. Ва ҳар кас кофир шавад, пас, ҳаройина, Аллоҳ аз оламиён бениёз аст.

Хонандаи ҳушманд, агар аз мазмуни оятҳои 93-94-95-ро дар ёд дошта бошед, баҳсу ихтилоф байни Расулуллоҳ (с) ва яҳудиён дар хусуси гӯшти уштур ва шири он рафту бо ҳозир накардани Таврот онҳо аз назди Расулуллоҳ (с) рафтанд. Ин гуна тафсир ихтиёри баъзе аз муфассирон буд. Аммо баъзе аз муфассирон хусусан ояти 94-95-ро дар ихтилофи қибла донистаанд. Яъне Расулуллоҳ (с) муддати 16-17 моҳ дар аввали пайғамбариашон дар Мадина тарафи Байтулмуқаддас, баъдан то охири умрашон ба тарафи Масҷидулҳаром (Каъба) намоз мехонданд. Дар он вақт яҳудиён эрод гирифта, иғвоҳо андохтанд, ҷавоби ҳама иғвоҳои онҳо дар сураи “Бақара” о. 144-149 дода шуд.

Оятҳои 96-97 дар хусуси шарафи Каъба ва қадру мартабаи он сухан намуда мефармоянд, ки аввалин хонае, ки барои Аллоҳро ибодат кардани мардум бино карда шудааст, ин Каъба-Масҷидул Ҳаром аст, ки дар шаҳри Макка ҷойгир шудааст. Онро ҳазрати Иброҳим (а) бо ҳамроҳи писараш Исмоъил (а) бо иҷозати Парвардигор сохтааст. Ин масҷиди сохташудаи Иброҳим (а) аз дигар масҷидҳо бо ду чиз фарқ дорад, вагарна пеш аз ин масҷиду хонаҳо буд, пайғамбарон ибодатхона доштанд. 1-ум: Худованд сифати ин масҷидро муборак, яъне бобаракат гуфтааст, ин гуна файз дар ҳеҷ ҷои дунё нест. Иброҳим (а) дар ин хусус дуо карду Аллоҳтаъоло дуои ӯро иҷобат фармуд.

2-юм: Ин масҷид мояву масдари ҳидояти оламиён аст. Зеро қиблаи онҳост. Яъне барои умуми мардум Масҷидул Ҳаром ҷои ибодату тавоф ва эътикофи онҳост. Акнун модоме ки яҳудиён, ё насрониён худро дар дину манҳаҷ ва меросхӯри Иброҳим (а) медонанд, пас барои чӣ онҳо ба сӯи хонае, ки Иброҳим (а) бо амри Аллоҳ бино кардаасту ҳама мардумро барои зиёрати он нидо кардааст, ба ҳаҷ намераванд? Макка номи бисёре дорад, Бакка ҳам яке аз номҳои ӯст. Ба маънои гарданхамкунанда, ҳама гарданҳоро, хусусан гардани шахсони золиму ҷабркунандаеро, ки ба зиёрати он мераванд, хам мекунад. Яъне то гардан хам накунанду дуою илтиҷо накунанд, аз зиёрати рафтагиашон лаззате намебаранд. Баъдан Аллоҳтаъоло зимни ояти 97-ум фазлу зиёдатии он масҷидро нисбат ба дигар масҷидҳо шумору имтиёз намуда, гуфт, ки дар он хона аз нишонаҳое, ки онро Иброҳим (а) бино кардааст, ҳоло вуҷуд дорад. Он нишонаро Аллоҳтаъоло бузургу шариф ҳисобида гуфтааст: “Мақоми Иброҳим”. Мақоми Иброҳим (а) сангест, ки ӯ (а) болои он меистод ва писараш Исмоъил (а) санг медод ва ӯ (а) девору бурҷу атрофи он хонаро месохту боло мебардошт. Аслан ин санг ба девори хона часпида буд, Ҳазрати Умар (р) замони хилофаташон онро чанде ба тарафи шарқӣ гузоштанд, то ин ки зиёрати он осонтар шавад ва ба намозхонҳо шубҳа нашавад, ки ман амрҳои Аллоҳтаъолоро ба ҷо овардам, ё не. Зеро Аллоҳ фармудааст, ки дар мақоми Иброҳим (а) баъди тавоф намоз хонед. Алҳамдулиллоҳ, алъон барои намозхонҳои он ҷо чунин шубҳаву дудилагӣ намондааст. Шарафи дигари он хона дар ин аст, ки дар он ҷо, чоҳи Зам-зам ва Ҳатим, Сафо, Марва, Ҳаҷҷарул-асвад вуҷуд дорад. Оё ин хона, бо ин қадар нишонаҳо ва шарафҳо ҳақ надорад, ки қиблаи мусалмонон бошад?

Нишонаи дигареро, ки Аллоҳтаъоло ба он хона додааст, ин аст, ки амнияти ҳокимони он шаҳр бар он вуҷуд дорад. Яъне ҳар касе дохили он шавад, агар ҷинояткор ҳам бошад, то аз он ҷо набарояд, дар амон аст. Нишонаи дигар ин аст, ки дар ҳарами шариф на фақат инсонҳоро, балки олами ҳайвонот ва набототро низ озор расонидан мумкин нест.

Баъдан, Аллоҳтаъоло, дар давоми ин оят, фарз ва воҷиб будани ҳаҷро фармуда мегӯяд, ки барои шахси тавонгар фарз аст, ки дар умри


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

худ лоақал як маротиба хонаи Худоро зиёрат кунад. Дар ин хусус ояти 196-203 дар сураи “Бақара” хеле хуб эзоҳ шуда буд. Дар охири ин оят барои таъкид ва баёни аҳамияти масъалаи ҳаҷ, яъне ҳар шахсе, ки шароити ҳаҷ рафтан дошта бошаду қасдан ҳаҷ рафтанро тарк кунад, Аллоҳтаъоло амали чунин шахсро бо куфр паҳлуи ҳам монда гуфтааст, ки Аллоҳтаъоло аз ибодати чунин шахси аз дин хориҷшуда, беҳоҷат аст.

Ибни Аббос (р) гуфтаанд: “Шахсе фарзияти ҳаҷро инкор кунад, ӯ кофир асту Аллоҳ аз ӯ беҳоҷат.” Дар ҳадиси шариф омадааст, ки инсоне ба ҳаҷҷ кардан қодир асту ҳаҷ намекунад, бихоҳад яҳудӣ шуда мурад, бихоҳад насронӣ шуда мурад, фарқе нест.

Аллоҳтаъоло, бори дигар, аҳли китобро бинобар куфре, ки доранд, дар ояти зер саркӯб намуда мефармояд:

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)