Оё боре ба худ чунин суол додаед? 2

1

Зиндагӣ барои Шумо арзиши калоне дорад. Лаҳзаҳои ширину аҷиби он ҳеҷ гоҳ аз ёдатон намеравад. Барои хуш гузаштани зиндагиатон ҳамеша мекӯшед, то муваффақ гардед. Оё боре кӯшиши комёб шудани нокомиатонро кардаед? Ва ё боре ба худ чунин суолҳоро додаед? Суолҳои зерро хонда хулосаатонро дар шарҳ нависед. Кадомаш бароятон аҷиб менамояд?


Чизеро номбар кунед, ки Шуморо маҷбур созад, то хандед!

Давоми матнро баъди реклама хонед

Рафторатонро дар се калима ҷой диҳед. (Масалан донишманд, хоксор, бевафо)


Кадомеро интихоб мекунед? Бойгарӣ ва ё машҳур буданро?


Оё боре ҳангоми тамошои филм гиря кардаед? Чаро?


Агар Шумо дар як рӯз вақти иловагӣ медоштед, ӯро чӣ гуна сипарӣ менамудед?


Аз тамошои филму хондани китоб боз чӣ ба Шумо писанд аст?


Баъди панҷ сол худатонро чӣ гуна тасаввур мекунед?


Агар ҳаёт ба шумо имкони аз сари нав оғоз карданашро диҳад, аз чӣ шурӯъ мекунед?


Дар вақти ғамгиниатон кадом омил метавонад Шуморо хуш гардонад?


Оё боре фикр кардед, ки чӣ гуна ҳаётатонро пушти сар карда истодаед?


Дар кадом ҳолат вақт бароятон зиёдатӣ мекунад?


Агар ба шумо имкони бо 4 каси наздик хӯрок хурдан пайдо шавад, Шумо киро интихоб мекунед?


Аз ҳама беҳтар Шуморо кӣ мефаҳмад? Чаро ӯ?


Барои беҳтар шудани зиндагии дигарон чӣ тавсияҳо медиҳед?


Оё ин суолҳо Шуморо заррае ба фикр кардан водор сохтанд? Дар шарҳ нависед, то мо низ донем. 

Оё боре ба худ чунин суол додаед?

Мақолаи қаблӣ9 факти ҷолиб аз Канада
Мақолаи баъдӣҚонунҳои ҳаёт

1 ШАРҲ

  1. Чизеро номбар кунед, ки Шуморо маҷбур созад, то хандед!
    Давраи мактабхони ва донишчуйи.

    Рафторатонро дар се калима ҷой диҳед. (Масалан донишманд, хоксор, бевафо)
    Хоксор

    Кадомеро интихоб мекунед? Бойгарӣ ва ё машҳур буданро?
    Ягонтоашро озодиро
    Оё боре ҳангоми тамошои филм гиря кардаед? Чаро?
    Бале,чунки ба хаети ман монанд буд.

    Агар Шумо дар як рӯз вақти иловагӣ медоштед, ӯро чӣ гуна сипарӣ менамудед?
    Ба дустонам занг зада ахволпурси мекардам,зеро одам ганимат аст.

    Аз тамошои филму хондани китоб боз чӣ ба Шумо писанд аст?
    Сухбат бо зиеиен ва бо шахсони фарханги сари як пиела чой.

    Баъди панҷ сол худатонро чӣ гуна тасаввур мекунед?

    Зани часур,нотарс ва ба максад расида.

    Агар ҳаёт ба шумо имкони аз сари нав оғоз карданашро диҳад, аз чӣ шурӯъ мекунед?
    Шавхар намекунам танхо барои худ зиндаги мекунам ва ба тамоми инсонхо кумаки психологи мерасонам.
    Дар вақти ғамгиниатон кадом омил метавонад Шуморо хуш гардонад?
    Бештар мутолиа мекунам.Аз масадхои гузаштагон истифода бурда худро тасалли медихам.
    Оё боре фикр кардед, ки чӣ гуна ҳаётатонро пушти сар карда истодаед?
    Албатта,мубориза мехнат мехнат мехнат.

    Дар кадом ҳолат вақт бароятон зиёдатӣ мекунад?
    Ягон маротиба зиедати накардааст.
    Агар ба шумо имкони бо 4 каси наздик хӯрок хурдан пайдо шавад, Шумо киро интихоб мекунед?
    Модарам ,фарзандонам.

    Аз ҳама беҳтар Шуморо кӣ мефаҳмад? Чаро ӯ?
    Худам худамро мефахмам?
    Барои беҳтар шудани зиндагии дигарон чӣ тавсияҳо медиҳед?
    Хеч гох рухафтода набояд шуд зеро хает як маром нест.
    Оё ин суолҳо Шуморо заррае ба фикр кардан водор сохтанд? Дар шарҳ нависед, то мо низ донем.
    Ташаккур барои саволхо.Бехтарин

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед