Пешгуфтор – Розҳои оиладорӣ (Дилафрӯзи Қурбонӣ)

0

Розхои оиладори

Соли 1965 моро ба хизмати аскарӣ даъват карданд. Аз шаҳри Советскийи вилояти Калининград ба хона мактуб навиштам. Порае аз он ба таври зайл буд:

«Модарҷон, ёд доред, ҳар гоҳе сӯзан ба даст мегирифтам, дар ҷояш мон, ба дастат мехалад, мегуфтед. Агар мехостам чизе бидӯзам, ин кори бача не, духтарон дарз медӯзанд, бинанд айб мекунанд, гуфта моро сарзаниш мекардед. Дар аскарӣ баръакс, касе сӯзану риштаро медонад, кораш осон мешавад. Бовар кунед, ба обу арақ ғӯтида, ангуштонамро ба нӯги сӯзан халонда, пагонҳоямро дӯхтам. Сержант омада онҳоро аз назар гузаронду канда партофт.

Давоми матнро баъди реклама хонед

 – Намешавад, –  гуфт, –  дарзҳоят калон-калон. Аз берун метобад, фаҳмидӣ!»

Вақте рисолаи Дилафрӯз Қурбонӣ «Розҳои оиладорӣ»-ро хондам, ба чунин сатрҳо рӯ ба рӯ шудам: «хонарӯбӣ кори духтар аст, либосшӯӣ кори духтар аст ва ғайра. Вақте бузург шуду ногаҳон бо амри тақдир танҳо монд, аз дасташ ҳунаре намеояд, ҳатто тухмро дуруст пухта наметавонад. Барои шикамашро сер кардан маҷбур аст ба хонаи касе ё ба ошхона биравад. Либосҳои ифлосаш ғарам мешаваду ба онҳо даст намерасонад, чунки ҳунари шустан надорад. Маҷбур аст ё касеро зориву илтимос намояд, то онҳоро бишӯяд, ё ба хонаи волидайн бурда партояд, то аз заҳматашон халос шавад. Бо ин аҳвол писар муддати зиёде, ҳатто, то охири умр дар гардани волидайн сарборӣ аст.»

Аз таърихи навиштани мактуби ман ва рисолаи Дилафрӯзи Қурбонӣ қариб ним аср сипарӣ шудааст. Дар ин муддат тағйиротҳои бисёре дар ҷомеа рух доданд. Китобу мақолаҳои бешуморе дар масъалаи тарбияи инсон, ахлоқ, оиладорӣ навишта шудаанд. Пандномаю андарзҳо ба табъ расидаанд. Вале масъалаи оиладорӣ чӣ тавре муаллифи рисола онро «Розҳои оиладорӣ» меномад, ҳамчун сирре махфӣ мондааст. Хеле хушам, ки Дилафрӯзи Қурбонӣ ба кушодани гиреҳҳои сарбаста, мушкилоту масъулияти ин масъала даст задааст ва муваффақ ҳам шудааст. Дар адабиёти имрӯзаи тоҷик рисолаи «Розҳои оиладорӣ»-ро, бе ҳеҷ шубҳа, асари мукаммал ва муфиди тарбиявӣ метавон ҳисоб кард.

Муаллифи рисола ба масъалаҳои интихоби ҳамсари шоиста, меҳру муҳаббат, эътимоду бовар, қадршиносии якдигар дақиқ ва аз нуқтаи назари шароити имрӯза менигарад ва нозукбинона хислату рафторҳои зану мардро таҳлил мекунад.

Ҳамин тариқ бобҳои «Эътимоду бовар», «Қадршиносӣ», «Парҳез аз айбҷӯӣ», «Ҳамбистарӣ», «Фарзанддорӣ», «Талоқ» ва ғайраи рисола дар асоси далелу мисолҳои возеҳ, аз нигоҳи мақоми оила дар ҷомеаи имрӯза иншо шудаанд.

Саволе ба миён меояд, ки рисолаи Дилафрӯзи Қурбонӣ чӣ аҳамияти илмӣ ва амалӣ дорад? Дар адабиёти тоҷик рисолаҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ, китобҳои панду ҳикмат, насиҳатномаҳо бисёранд. Вале ҷои ин рисола дигар аст. Дар «Розҳои оиладорӣ» муаллиф бори нахуст масъалаи оиладорӣ, мушкилоти он, зарурати оила ва тарзи нигоҳ доштани онро муфассал ба миён мегузорад. Рисола аз нигоҳи илми ахлоқу тарбияи ҳозиразамон навишта шудааст. Дастурҳои пешниҳодкардаи муаллиф қобили таваҷҷуҳ аст. Фикр мекунам, костагиҳое, ки дар ахлоқи оиладории имрӯза мебинем, бисёр сабабҳои надонистани роҳу равиши он мебошад. Агар чунин рисолаҳо бештар шаванд, шояд гуфтаҳои Дилафрӯзи Қурбонӣ амалӣ шавад: «Агар зан ва мард қадри пайванди байни ҳамдигарро дониста, ба вазифаҳои аслии худ ошноӣ дошта бошанд ва паи иҷрои онҳо камари ҳиммат банданд, хонаи онҳо монанди биҳишт нуру сафо пайдо мекунад.»

Равшани Ёрмуҳаммад.
Корманди шоистаи Тоҷикистон, нависанда,
дорандаи
Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ. 


Туро дилест пур аз вафову муҳаббат

Аллакай номи нависандаи ҷавон Дилафрӯзи Қурбонӣ бо хонандагон ошност. Дилафрӯз ҷӯянда аст. Дар ҳар маҳфилу ҳар манзиле, ки аз фарҳангу маънавиёт сухан меравад, ӯ иштирок дошта, мекӯшад, ки биомӯзад. Захираи луғавӣ ва маънавии худро ғанӣ гардонад.

Китоби таълиф намудаи Дилафрӯз, ки мавзӯи оила ва оиладориро дар бар гирифтааст, як падидаи навест. Дилафрӯз тавонистааст, ҳамаи воқеъа ва руйдодҳои зиндагиро ба риштаи тасвир бикашад ва ба хонанда, барои аз мушкилиҳои зиндагӣ андаке раҳоӣ ёфтан маслиҳат бидиҳад.

Аслан, ҳамаи мо одат кардаем, ки маслиҳатро аз шахсони солхӯрда бигирем. Вале ҳастанд ҷавононе, ки ҷахонбинӣ ва гуфтору рафтори онҳо аз ягон нафар инсони таҷрибадору ҳушманд кам нест. Дилафрӯз дар умри ҷавони худ руйдоду воқеаҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Ҳамаи ончиро, ки худ паси сар кардааст, хулоса намуда, ба хонанда пешкаш намудааст.

Зиндагӣ маҷроест беканор. Ҳар як нафар дар талотумҳои баҳри зиндагӣ ба таври худ дасту по мезанад ва агар оқилона рафтор накунад, дар печутоби гирдоби зиндагӣ раҳгум мезанад ва мавҷҳои баҳри бекаронаш ӯро ғарқ мегардонанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Дилафрӯз хонандаи хешро ба сабру таҳаммул даъват месозад. Ва мехоҳад, ки ҳеҷ як нафаре ноумед набошад. Аз ҳама мушкилиҳо роҳи раҳоӣ ҳаст, фақат инро бояд дарёфт. Бо маслиҳат ва насиҳати мардуми рӯзгордида, нафарони некӯкор ва шахсони донишманд.

Дилафрӯз ба таври худ, аз диди ҷавони худ, ба хонандааш маслиҳатҳо медиҳад. Вақте ки мо зиндагиро бо ҳавасхо оғоз мекунем, чӣ бояд кард то охир биравем ва тавонем аз ҳар мушкилие, ки моро дунболагир мешавад ба хубӣ берун оем. Маслиҳатҳои Дилафрӯз мактаби хубест, барои ҷавононе, ки тоза оила барпо мекунанд ва мехоҳанд, ки дар зиндагӣ раҳгум назананд.

Ҷавонону навқаламонро дастгирӣ бояд, на хурдагириву нуқсҷӯӣ. Аз ин рӯ банда навиштаҳои ин навниҳолакро мутолиа намуда, ба ӯ барору комёбӣ ва сарбаландию некномиро таманно карда, умед дорам, ки боз як нафаре метавонад сафи сухангӯён ва сухансароёни адабиёти тоҷикро пурра намояд.

 Маликаи Аваз, шоир, хабарнигор


Аз мудирияти сомона:

Ёдовар мешавем, ки ин Пешгуфтори китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯз Қурбонӣ буд, ки мавзӯҳои китоб, дар шакли мақола дар сомонаи мо дар барчаспи “Розҳои оиладорӣ” нашр мешаванд.

Мавзӯҳои китобро дар ин барчасп пайгир бошед <<

Мақолаи қаблӣМақоми ҳаҷ дар Ислом – далелҳои фарз будани Ҳаҷ
Мақолаи баъдӣМуқаддима – Розҳои оиладорӣ (Дилафрӯзи Қурбонӣ)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед