Рӯзаи мусофир (шархи Чахор китоб)

0

Рӯзаи мусофир (шарҳи Чаҳор китоб).


1-Ихтиёр дорад мусофир дар гирифтан ё хурдани рӯзаи моҳи рамазон.  Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” модари муъминон ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо чунин гуфтааст:

“أَنَّ حَمْزَةَ بْنَ عَمْرٍو الأَسْلَمِيَّ قَالَ لِلنَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: أَأَصُومُ فِي السَّفَرِ؟ وَكَانَ كَثِيرَ الصِّيَامِ  فَقَالَ: «إِنْ شِئْتَ فَصُمْ، وَإِنْ شِئْتَ فَأَفْطِرْ» (وفي صحيح البخاري -3/ 33/ 1943 –عَنْ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا،(

Давоми матнро баъди реклама хонед

“Ҳамзаи Асламӣ, ки бисёр рӯза мегирифт аз Пайғамбар (с) чунин савол кард:Дар сафар рӯза бидорам? Пайғамбар (с) гуфт: ихтиёр дори метавонӣ рӯза бидорӣ ва ё ифтор бикунӣ”.

2-Аз ҷиҳати он, ки Пайғамбар (с) ҳангоми сафар рӯза доштаанд, барои мусофир агар сафари бо машаққат набошад ва рӯза гирифтан вайро афгор накунад, рӯза бигирад афзал аст.

Далели дар моҳи рамазон ҳангоми сафар рӯза гирифтани Пайғамбар (с) ривояти “Сахехи Бухорӣ” аст, ки дар он чунин омадааст:

“أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ «خَرَجَ إِلَى مَكَّةَ فِي رَمَضَانَ،فَصَامَ حَتَّى بَلَغَ الكَدِيدَ، أَفْطَرَ» فَأَفْطَرَ النَّاسُ،(كذا في صحيح البخاري -3/ 34/ 1944 – عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا)

“Ҳамоно Расулуллоҳи (с) барои фатҳи Маакка дар моҳи рамазон рӯзадор ба роҳ баромаданд ва то минтақаи Кадид расиданд рӯзадор буданд. Ҳангоме ба инҷо расиданд (омодаи муҳорибаи душман шуданд ва барои ин) рӯзаро ифтор карданд ва мардум низ ифтор карданд”.  Аммо агар дар сафар рӯза барояш машаққат бошад, рӯза надоштан барояш афзал аст. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин омадааст:

“كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي سَفَرٍ،فَرَأَى زِحَامًا وَرَجُلًا قَدْ ظُلِّلَ عَلَيْهِ،فَقَالَ:«مَا هَذَا؟»، فَقَالُوا:صَائِمٌ، فَقَالَ:«لَيْسَ مِنَ البِرِّ الصَّوْمُ فِي السَّفَرِ» (كذا في صحيح البخاري -3/ 34/ 1946 -عَنْ جَابِرِ)،

“Пайғамбар (с) дар яке аз сафарҳояш издиҳоми мардум ва мардеро бидид, ки бар вай соя карда буданд ва пурсид: Инҷо чӣ хабар аст? Мардум гуфтанд: Марди рӯзадорест. Пайғамбар (с) гуфт:Дар сафар рӯза доштан аз ҷумлаи корҳои нек нест”.

3- Касе дар моҳи рамазон иродаи сафар дошта бошад ва нияташ дар сафар рӯзаро хурдан аст, бояд аз шаб нияти рӯза накунад. Дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади саҳеҳ Муҳаммад ибни Каъб чунин гуфтааст:

“أَتَيْتُ أَنَسَ بْنِ مَالِكٍ فِي رَمَضَانَ وَهُوَ يُرِيدُ سَفَرًا،وَقَدْ رُحِلَتْ لَهُ رَاحِلَتُهُ،وَلَبِسَ ثِيَابَ السَّفَرِ،فَدَعَا بِطَعَامٍ فَأَكَلَ، فَقُلْتُ لَهُ:سُنَّةٌ؟ قَالَ: «سُنَّةٌ» ثُمَّ رَكِبَ”.(كذا في سنن الترمذي -3/ 154/ 799 – وحكم المحقق:صحيح)

“Дар моҳи рамазон ҳангоме назди Анас ибни Молик омадам, ки иродаи сафар дошт ва маркабашро барояш омода карда буданд ва либосҳои сафар дар бар карда буд. Дар ин асно фармуд барояш таъом оварданд ва ӯ бихурд. Ба вай гуфтам: Чунин кардан суннат аст? Гуфт: Суннат аст ва савор шуд”.

4-Агар мусофир нияти рӯза бикунад ва ба сафар барояд ва дар аснои сафар рӯзаашро бишиканад бар вай қазо доштан лозим мешавад, вале кафорат воҷиб намешавад.

Далели воҷиб шудани қазо ояти 184 сураи “Бақара” аст:

{فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ} )البقرة: 184(

“Пас ҳар касе аз шумо бемор бошад ё дар сафар, теъдоди рӯзҳои дигарро рӯза бидорад”.

Аммо далели воҷиб нашудани кафорат ифтор кардани Пайғамбар (с) рӯзаашро дар рӯзи моҳи рамазон дар минтақаи Кадид аст, ҳамчуноне ҳадиси мазкур дар боло гузашт.


Мохи шарифи Рамазон (ният, таквим)

Мақолаи қаблӣАҳкоми суҳур ва ифтор – шарҳи Чоркитоб
Мақолаи баъдӣЧи чизҳо рузаро намешикананд? Рузаи мохи рамазон