Чи чизҳо рузаро намешикананд? Рузаи мохи рамазон

0

Чи чизҳо рузаро намешикананд? Рузаи мохи рамазон. Рӯзаро намешикананд – шарҳи Чоркитоб.


1- Се навъи ҷанобат монеъи рӯза доштан намешаванд ва рӯзаро фосид намекунанд:

1- Ҷанобати аз алоқаи чинсӣ дар шабҳои моҳи рамазон.

Давоми матнро баъди реклама хонед

2- Ҷанобати дар асари иҳтилом, яъне хоб дидану чунуб шудан сарзада. Чунин ҷанобат дар рӯзҳо ва шабҳои моҳи рамазон рӯзаро намешиканад ва монеъи идомаи рӯзаи моҳи рамазон намешаванд.

3-Ҷанобати дар асари тафаккур ва тахайюли алоқаи ҷинсӣ сарзада.

Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” чунин омадааст:

 “كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لَيُصْبِحُ جُنُبًا مِنْ جِمَاعٍ،غَيْرِ احْتِلَامٍ فِي رَمَضَانَ، ثُمَّ يَصُومُ» (كذا في صحيح مسلم -2/ 780- 78 – 1109- عَنْ عَائِشَةَ، وَأُمِّ سَلَمَةَ رضي الله عنهما)

“Пайғамбар (с) дар моҳи рамазон субҳ ҷунуб аз алоқаи чинсӣ на аз иҳтилом бедор мешуданд ва баъди ин рӯза мегирифтанд”.

Дар ривояти “Муснади Баззор” бо санади эҳтимоли ҳасан буданро дошта Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«ثَلَاثَةٌ لَا يُفَطِّرْنَ الصَّائِمَ: الْقَيْءُ وَالْحِجَامَةُ وَالِاحْتِلَامُ”.(رَوَاهُ الْبَزَّارُ بِإِسْنَادَيْنِ، عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ مرفوعا وَصَحَّحَ أَحَدَهُمَا، وَظَاهِرُهُ الصِّحَّةُ. كذا في مجمع الزوائد ومنبع الفوائد -3/ 170 5004 –  وفي مرقاة المفاتيح -4/ 1399- وَهَذَا مِنْ أَحْسَنِهَا إِسْنَادًا وَأَصَحِّهَا، وَأَخْرَجَهُ الطَّبَرَانِيُّ مِنْ حَدِيثِ ثَوْبَانَ، فَقَدْ ظَهَرَ أَنَّ هَذَا الْحَدِيثَ يَجِبُ أَنْ يَرْتَقِيَ إِلَى دَرَجَةِ الْحَسَنِ، وَضَعْفُ رُوَاتِهِ إِنَّمَا هُوَ مِنْ قِبَلِ الْحِفْظِ لَا الْعَدَالَةِ، فَالتَّظَافُرُ دَلِيلُ الْجَادَّةِ فِي خُصُوصِهِ).

“Се чиз рӯзаи рӯзадорро намешиканад; қай кардан, хӯн гирифтан ва иҳтилом шудан”.


2-Фаромушона хурдан ва нушидан рӯзаро намешиканад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«مَنْ نَسِيَ وَهُوَ صَائِمٌ، فَأَكَلَ أَوْ شَرِبَ، فَلْيُتِمَّ صَوْمَهُ، فَإِنَّمَا أَطْعَمَهُ اللهُ وَسَقَاهُ» (صحيح مسلم -2/ 809/ 171 – 1155- عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ)،

“Шахси рӯзадоре фаромушона бихурад ва бинушад, бар рӯзааш давом бидиҳад. Ҷуз ин нест, ки Аллоҳ таоло вайро таъом ва об додааст”.


3-Хӯн гирифтан рӯзаро намешиканад. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин омадааст:

«أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ احْتَجَمَ وَهُوَ مُحْرِمٌ، وَاحْتَجَمَ وَهُوَ صَائِمٌ» (كذا في صحيح البخاري -3/ 33/ 1938 –عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا)

“Пайғамбар (с) дар ҳоли иҳроми ҳаҷ ва рӯзадор буданаш ҳиҷомат кардааст”.


4-Мисвок кардани дандонҳо рӯзаро намешиканад. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” ба таври таълиқ, яъне бидуни зикри санад Омир ибни Рабиъа чунин гуфтааст:

“رأيت النبي صلى الله عليه وسلم يستاك وهو صائم،ما لا أحصي ولا أعدّ”.(كذا في صحيح البخاري -3/ 31- عَنْ عَامِرِ بْنِ رَبِيعَةَ تعليقا)

“Борҳо Пайғамбар (с)-ро дидаам, ки дар ҳоли рӯзадор буданаш мисвок мекард”.


5- Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ чашидани таъом ё асал ё чизи дигар рӯзаро намешиканад, вале аз ҷиҳати бисёр будани хавфи ба дарун рафтанаш хӯб аст, ки рӯзадор ҳеҷ чизеро начашад.

Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин омадааст:

“وفي صحيح البخاري -3/ 30- وَقَالَ ابْنُ عَبَّاسٍ:”لاَ بَأْسَ أَنْ يَتَطَعَّمَ القِدْرَ أَوِ الشَّيْءَ”. ( وقال العلامة العيني: وَأَرَادَ بقوله: أَو الشَّيْء أَي شَيْء كَانَ من المطعومات،… إِن التطعم من الشَّيْء الَّذِي هُوَ إِدْخَال الطَّعَام فِي الْفَم من غير بلغ لَا يضر الصَّوْم، لَا بَأْس أَن يتطاعم الْقدر…وَعِنْدنَا يسْتَحبّ لَهُ أَن يحْتَرز عَن ذوق الطَّعَام خوف الْوُصُول إِلَى حلقه.وَقَالَ الْكُوفِيُّونَ: إِذا لم يدْخل حلقه لَا يفْطر وصومه تَامّ، وَهُوَ قَول الْأَوْزَاعِيّ. وَقَالَ مَالك: أكرهه وَلَا يفطره إِن لم يدْخل حلقه، وَهُوَ مثل قَوْلنَا. كذا في عمدة القاري شرح صحيح البخاري -11/ 12)

“Ибни Аббос гуфт: Боке надорад маззаи таъоми дег ё чизи дигареро бичашад”.


6-Либоси тарро болои рӯзадор барои салқин шудан андохтан рӯзаро намешиканад. Дар ин мавзӯъ дар “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин омадааст:

“وَبَلَّ ابْنُ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا ثَوْبًا،فَأَلْقَاهُ عَلَيْهِ وَهُوَ صَائِمٌ”.(كذا في صحيح البخاري -3/ 30 تعليقا)

“Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳумо либосеро тар кард ва бар болояш андохт ва ин ҳам дар ҳоли рӯзадор буданаш”.


7- Барои дафъи гармо рӯзадор бар сараш об бирезад рӯзаро намешиканад.  Дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ яке аз саҳобагони киром чунин гуфтааст:

“لَقَدْ رَأَيْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِالْعَرْجِ يَصُبُّ عَلَى رَأْسِهِ الْمَاءَ، وَهُوَ صَائِمٌ مِنَ الْعَطَشِ،أَوْ مِنَ الْحَرِّ”. (كذا في سنن أبي داود -2/ 308 عَنْ بَعْضِ أَصْحَابِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وحكم المحقق: صحيح)

“Пайғамбар (с)-ро дар минтақаи Арҷи атрофи Мадина дидам, ки бар сараш об мерехт ва ин дар ҳоли рӯзадор буданаш аз ташнагӣ ё гармо чунин мекард”.


8-Ғусл кардан рӯзаро намешиканад. Дар ин мавзӯъ бо санади саҳеҳ дар “Муснади Имом Аҳмад” модари муъминон Умми Саллама разияллоҳу анҳо чунин ривоят кардааст:

 “كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَمَسُّ أَهْلَهُ مِنَ اللَّيْلِ،فَيُصْبِحُ جُنُبًا مِنْ غَيْرِ احْتِلَامٍ فَيَغْتَسِلُ،وَيَصُومُ”. (كذا في مسند أحمد ط الرسالة -44/ 226/ 26610 -عَنْ أُمِّ سَلَمَةَ، حديث صحيح).

“Пайғамбар (с) бо ҳамсараш шабона ҳамбистар мешуданд ва субҳ аз алоқаи ҷинсӣ на аз иҳтилом бедор мешуданд, пас ғусл мекарданд ва рӯза мегирифтанд”.


9- Дар оби ҳавз даромадан рӯзаро намешиканад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” ҳазрати Анас разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

“و في صحيح البخاري -3/ 30- وَقَالَ أَنَسٌ: إِنَّ لِي أَبْزَنَ أَتَقَحَّمُ فِيهِ، وَأَنَا صَائِمٌ”.

“Ман ҳавзе дорам дар он медароям дар ҳоле, ки рӯзадорам”.


10-Дар оғуш гирифтан ва бӯса кардани ҳамсарон рӯзаро намешиканад, агар инзоли манӣ нашаванд. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин омадааст:

“كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ «يُقَبِّلُ وَيُبَاشِرُ وَهُوَ صَائِمٌ، وَكَانَ أَمْلَكَكُمْ لِإِرْبِهِ» (كذا في صحيح البخاري -3/ 30/ 1927 –عَنْ عَائِشَةَ. و”وَيُبَاشِرُ” أَيْ بَعْضَ نِسَائِهِ، يُلْصِقُ الْبَشَرَةَ بِالْبَشَرَةِ، وَقَالَ ابْنُ الْمَلَكِ: أَيْ يَلْمِسُ نِسَاءَهُ بِيَدِهِ كذا في مرقاة المفاتيح -4/ 1389)

“Пайғамбар (с) дар ҳоли рӯзадор буданаш мебӯсид ва ба оғӯш мегирифт ва ӯ бештар аз шумо бар шаҳваташ мусаллат буд”.


11-Бидуни ихтиёр ва қасд қай кардан рӯзаро намешиканад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти“Сунани Тирмизӣ”бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«مَنْ ذَرَعَهُ القَيْءُ،فَلَيْسَ عَلَيْهِ قَضَاءٌ،وَمَنْ اسْتَقَاءَ عَمْدًا فَلْيَقْضِ» (كذا في سنن الترمذي -3/ 89/ 720 -عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، حَسَنٌ وحكم المحقق:صحيح)

“Бар касе дилшурӣ ғалаба бикунад ва бидуни хосту ихтиёри худ қай бикунад, бар вай қазо доштан нест ва шахсе қасдан худаш қай бикунад бар вай қазо доштан аст”.


Мохи шарифи Рамазон (ният, таквим)

Навъҳои руза – шарҳи Чаҳор китоб

Саволу ҷавоби исломӣ

Мақолаи қаблӣРӯзаи мусофир (шархи Чахор китоб)
Мақолаи баъдӣҚазои рӯзаи моҳи Рамазон – Казои рузаи мохи Рамазон