Шеър дар бораи парчам – Парчами Точикистон

0

парчам шеър дар бораи парчам, шеър дар бораи парчами Точикистон шеър дар васфи парчам шеър дар бораи парчам бо забони точики


Рангҳои парчами мо хушҷило,
Тоҷи он мероси кайшоҳӣ бар мо.

Давоми матнро баъди реклама хонед

Ҳафт ахтар ҳафт бурҷи роҳи нур,
Роҳкушои олами бахту сурур.

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.

Дар сафедияш раҳи бахти сафед,
Мебарад моро ба фардои умед.

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

Ҳакназар Ғоиб


Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!
Парчами ту аз ҳама болотар аст!

Парчами ту Парчами адл асту дод,
К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,
Бегазанду маҳкаму тобовар аст!

Аз миёни халқ гардида баланд,
З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!

Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,
Халқи моро ҷилваи болу пар аст!

Камол Насрулло


Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.

Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.

Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.


Мақолаи қаблӣРузи Парчами Чумхурии Точикистон (24 ноябр эссе)
Мақолаи баъдӣНигоҳ доштани саг дар хона чи ҳукм дорад?